Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 29.04.2019

Ёвари як додситон дар Узбекистон пиёдагардеро пахш кард ва фирор намуд

Ozodi.org 

Садамаи маргбор бо ширкати ёвари додситон 25 апрел дар ноҳияи Марҳамати Узбекистон рух дод. Марди 45-сола зери чархи мошини корманди додситонии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон монд. "Садама хеле ваҳшатангез буд. Вақте одамон ба ҷои ҳодиса омаданд, ронандаро пайдо накарданд. Марди 45-соларо ба бемористон бурданд, вале табибон хабар доданд, ки вай аллакай мурдааст",-гуфт як шоҳиди ҳодиса. Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки пӯшти фармони мошин ёвари додситони ноҳияи Марҳамат Б.П. қарор дошт. Читать дальше...

Таҷлил аз солгарди таъсисёбии пойтахти Қирғизистон

Ozodi.org 

Шаҳри Бишкеки Қирғизистон 29 апрел 141-сола мешавад. Бахшида ба Рӯзи пойтахт шаҳрдорӣ барномаи ҷашнӣ омода кардааст. Чаробиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ дар саросари шаҳр занӯз аз 19 апрел шуруъ шуданд. Чорабинии асосӣ дар рӯзи ҷашн дар майдони марказии пойтахт - "Ала-Тоо" баргузор мешавад. Дар консерти бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳунармандони хориҷӣ ширкат мекунанд. Дар поёни ҷашн мушакпарронии 6-дақиқаӣ сурат мегирад. Имрӯз аз соати 4 шом хиёбони марказии Бишкек барои убури нақлиёт баста мешавад.

Номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон 9 кас шуданд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 9 июни соли равон ба поён расид. Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) гуфт, номзадии 9 нафарро ба қайд гирифтааст. Ба огаҳии КМИҚ, рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта рӯзноманигор Содибек Тугел низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Номзадии ӯ аз сӯи ҳаракати "Ұли дала Қирандари" пешбарӣ шудааст. 23 апрел иштирокдорони анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ аз номзадии... Читать дальше...

Президенти Туркманистон боз имиҷи худро иваз кард

Ozodi.org 

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боз бо имиҷи нав дар мазҳари ом зоҳир шуд. Ӯ 25 апрел дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон бо айнак иштирок кард. Пас аз намоиши президенти Туркманистон бо айнак дар телевизиони давлатӣ тамоми расонаҳои расмии ин кишвар, аз ҷумла "Туркманистон" ва "Туркманистони бетараф" 26 апрел акси Бердимуҳаммадовро бо айнак нашр карданд. Президенти Туркманистон пайваста имиҷи худро бо тағйири ранги мӯй ё либос иваз мекунад, вале ин бори нахуст аст, ки бо айнак ба мазҳари ом зоҳир мешавад. Читать дальше...

Чин Назарбоевро бо ордени "Дӯстӣ" қадр кард

Ozodi.org 

Роҳбари Чин Си Ҷинпин бо президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот ва ӯро бо ордени Дӯстӣ қадр кард. Ордени Дӯстӣ - олитарин ордени Чин барои шаҳрвандони хориҷӣ аст. Дар мулоқот бо Син Ҷинпин Назарбоев гуфт, "барои он талош кардааст, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳо бо Чин ба чунин сатҳи олӣ бирасанд". Президенти пешини Қазоқистон дар остонаи баргузории саммити "Як камарбанд - як роҳ" дар Пекин пешниҳод кард, ки "воқеияти нави геополитикӣ" таъсис дода шавад. Саммити "Як камарбанд - як роҳ"... Читать дальше...

Пешсафии "Истиқлол" дар лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Рӯзҳои 25-27-уми апрел бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Ду медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Малайзия

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 18-уми қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасону навҷавонон ва ҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 26-28-уми апрел дар шаҳри Кота-Кинабалуи Малайзия баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Рақси мардонаи тоҷикӣ фаромӯш ва занона мешавад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Замоне рақсҳои мардона, аз ҷумла, рақсҳои паҳлавонӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии тоҷикон буд. Аммо ҳоло соҳибназарон мегӯянд, ин навъи ҳунар ба тадриҷ аз байн меравад. Нигоҳе ба мавзӯъ дар Рӯзи ҷаҳонии рақс -- 29 апрел.

Рақси мардонаи тоҷикӣ аз байн меравад?

Ozodi.org 

Замоне рақсҳои мардона, аз ҷумла, рақсҳои паҳлавонӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии тоҷикон буд. Аммо ҳоло соҳибназарон мегӯянд, ин навъи ҳунар ба тадриҷ аз байн меравад. Нигоҳе ба мавзӯъ дар Рӯзи ҷаҳонии рақс -- 29 апрел.

Даъват ба ҳалли мушкили гурбаву сагҳои хиёбонӣ

Ozodi.org 

Ҷонварони безабон, аммо аз нигоҳи маҳзуну имдодталабонаи онҳо метавон дарду ранҷашонро эҳсос кард. Ин тасвир аз сагу гурбаҳои хиёбонӣ аст, ки дар як чорабинӣ дар Душанбе намоиш дода шуд. Як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеа бо ин иқдом аз сокинон хостанд, ба ин ҷонварон кумак кунанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Зарина Дияс

Зарина Дияс может встретиться с Ариной Соболенко на топовом турнире






Три лайнера получили угрозу уничтожения, пролетая над южными регионами России

Мигрант вызвал скорую к себе домой, а потом напал на медиков

Суд в Москве взыскал с Преснякова-младшего долг за оплату парковки

Новую спортивную площадку построят вблизи школы № 7 в Дубне к 30 сентября