ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 03.08.2020

Боздошти муҳоҷирони тоҷик баъди ҷанҷол дар бозори Маскав

Ozodi.org 

Маъмурони интизомии Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда, чандин муҳоҷири дигарро бо гуноҳи "итоат накардан ба амри пулис" 1000-рублӣ ҷарима бастаанд. Ин афрод ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 1-уми август нагузоштаанд, як тоҷири тоҷик дар бозори "Теплый Стан"-и пойтахти Русия боздошт ва ба идораи пулис бурда шавад.

Дар Беларус ҷаласаи ғайринавбатии порлумон баргузор мешавад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус бо судури қароре, вакилони ин кишварро ба ҷаласаи ғайринавбатии порлумон даъват кард. Даъвати ҷаласа чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 9-уми август сурат бигирад. Наталя Эйсмант, сухангӯи Лукашенко рӯзи 2-уми август гуфт, ки раиси ҷумҳур рӯзи 4-уми август дар ин ҷаласа дар ҳузури вакилони мардумӣ суханронӣ мекунад.  Баъди авҷ гирифтани фишор ба раиси ҷумҳур аз тарафи рақибонаш Лукашенко ҷаласати ғайринавбатии порлумонро ба рӯзи 3-уми август таъйин кард. Читать дальше...

Ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ дар Тошканд ҷанҷол сар зад

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд рӯзи 31-уми июл ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар замони пандемияи коронавирус ваъда додааст, миёни сокинон ва намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ҷанҷол сар зад.



Дар Қазоқистон дар як рӯз аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш 55 кас фавтидааст

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 3 август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 2 август дар он кишвар 798 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши коронавирусӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус ё COVID-19 дар Қазоқистон ба 1058 расид. Дар давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 34 кас аз коронавирус ва 21 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидааст. Сой дар посух ба рӯзноманигорон иддао дар бораи онро рад кард, ки гӯё мақомоти қазоқ маълумоти воқеӣ дар... Читать дальше...

Коронавирус сатҳи бекориро дар Узбекистон боло бурд

Ozodi.org 

Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории Узбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ин кишвар сатҳи бекорӣ ба 13,2 дарсад расидааст. Ба гуфтаи вазорат, сатҳи бекорӣ дар Узбекистон дар натиҷаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боло рафтааст. Як пажӯҳиш нишон дода, ки мизони бекорӣ дар миёни қишри фаъоли аҳолии Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ 13,2 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 9,1 дарсад будааст. Шумори умумии узбекистониҳое, ки ба ҷои кор ниёз доранд... Читать дальше...

Тафтиши қазияи Зоиршо Қодиров қатъ шудааст. ВКД: Ҷиноят наёфтем

Ozodi.org 

Таҳқиқи чӣ гуна захмӣ шудани Зоиршо Қодиров, корманди 35-солаи Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистон қатъ шудааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса "ҷиноятеро наёфтанд".

"Болға"-ро, ки Мексикаро ба "дод оварда буд", дастгир карданд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Мексика раҳбари бадноми як гуруҳи ҷиноиро дастгир карданд, ки аз сабабгорони асосии афзоиши қатлу куштору ҷиноят дар иёлати Хуанухуато ба ҳисоб меравад. Додситонии иёлат рӯзи 2-уми август эълон кард, ки Хосе Антонио Йепез Ортиз раҳбари гуруҳи ҷиноии Санта Роза де Лимаро дастгир карданд. Мақомоти Мексика Йепез Ортизро, ки бо лақабҳои “Эл Марро” ва “Болға” маъруф шудааст, солҳо боз ҷустуҷӯ доштанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯро ҳамроҳ бо панҷ муттаҳам ба рабудани як соҳибкори зан дастгир кардаанд. Читать дальше...

Фазонаварди Амрико аз кайҳон бо муваффақият фуруд омад

Ozodi.org 

Фазонаварди SpaceX Crew Dragon рӯзи 2 -уми август ду кайҳоннаварди амрикоиро бо муваффақият аз Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ ба замин баргардонд. Фазонавард, ки дар обҳои Халиҷи Мексика афтод, ҳам барои Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ва ширкати SpaceX – и Элон Маск комёбӣ ба ҳисоб меравад, чун дигарбора имкон дод, Иёлоти Муттаҳида мустақилона кайҳоннавардонашро ба кайҳон фиристода ва баргардонад. Дар таърихи Амрико ҳам бори аввал аст, ки фазонаварди сохтаи ширкати хусусиро барои чунин маъмуриятҳо истифода мебаранд. Читать дальше...

Ҳамлаи ДОИШ ба зиндони Ҷалолобод. Даҳҳо кас куштаву захмӣ шудаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 2-юми август дар вилояти Нангарҳор ба вуқуъ пайваст.

Тихановская мегӯяд, Беларус бояд мустақил бимонад

Ozodi.org 

Светлана Тихановская яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус гуфт, мухолифи таъсиси кишвари воҳид бо Русия аст, вале хост, робитаҳои хуб бо Маскав нигаҳ дошта шавад. Тихановская, тарҷумони забони инглисӣ баъди он ба сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми курсии раиси ҷумҳур ворид шуд, ки шавҳараш Сергей Тихановский, видеоблоггери шинохта дар Беларусро дастгир карданд. Светлана Тихановская дар суҳбат бо хабаргузории Lenta.ru гуфтааст: “Шахсан ман, мухолифи ҳамоиши амиқтар бо Русия ҳастам, чун Беларус кишвари мустақил аст. Читать дальше...

Новости России
Москва

Директор Благотворительного Фонда «Провидение» Елена Осипова стала финалистом премии «Россия - страна возможностей»


Теъдоди гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 18 миллион гузашт

Ozodi.org 

Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон то рӯзи 3-уми август аз 18 миллион нафар гузашт ва дар чанде  аз кишварҳои ҷаҳон рӯзона теъдоди рекордии беморон сабт мешавад. Дар Амрико, ки дар гӯшаҳои гуногуни он бемории СОVID-19 босуръат доман мезанад, мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки беморӣ дар кишвар “ба марҳилаи наве” ворид шудааст. Дебора Брикс, яке аз раҳбарони Ситоди ҳукуматии мубориза бо СОVID-19 дар Амрико гуфт, беморӣ чӣ дар шаҳр ва ё чӣ деҳот “фавқуллода паҳн шудааст”. Дар иёлатҳои ғарбӣ ва ҷанубии Амрико... Читать дальше...

Се ғалабаи пайиҳами "Соро компания" ва "Сипар" дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бозиҳои даври севуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 2-юми август, баргузор шуданд. Мусобиқаи имсола бо ширкати шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ҷараён дорад. «Соро компания» бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 8:1 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Некрӯз Алимаҳмадов, ки се гол зад, хет-трик кард. «Сипар» дар майдони худ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуд. Дар дастаи мизбон Иқбол Воситзода чор гол ба самар расонд. Читать дальше...

"Равшан" баъди пирӯзӣ бар "Эсхата" аз рақибонаш хеле пеш рафт

Ozodi.org 

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар бозии марказии даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвал боз ҳам мустаҳкам кард. «Равшан» бо 18 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. «Моҳир»-и Ёвон, ки дар даври ҳафтум дар майдони худ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, бо 14 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи дувум баромад. “Эсхата”, ки 12 имтиёз гирифтааст, як зина поин шуд ва дар ҷойи севум қарор дорад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Мария Шарапова

Первая ракетка России рассказала об общении с Шараповой






Полновластным хозяином аэропорта Горно-Алтайска стал СБЕР

Ряд соглашений о сотрудничестве подписал Микрон

​Посуточная аренда жилья на майские праздники в Перми подорожала на 12 %

Уголовное дело возбудили после поджога автомобилей в Балашихе