ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 05.08.2020

Ниқоб, маҳлули беҳдоштӣ ва 2 метр дурӣ. Қоидаҳои нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи 17-уми августи имсол оғоз хоҳад шуд, вале бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Вазорати маориф ва илм рӯзи 5-уми август эълон кард, ки хонандагон бояд бо ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ба дарс ҳозир шаванд ва ҳангоми таҳсил фосилаи ҷисмонӣ ва ё дурӣ аз якдигарро риоя кунанд.

Тасвирҳо аз лаҳзаи таркиши маргбор дар Бейрут ва баъди он

Ozodi.org 

Таркиши маргбор дар Бейрут, пойтахти Лубнон, рӯзи сешанбе рух дод. Беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз чаҳор ҳазор кас маҷруҳ шудаанд. Дар Бейрут ду ҳафта вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст, дар Лубнон азои миллӣ эълон карданд.

Доруе, ки дар Бейрут таркид, моли тоҷири рус будааст

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, миқдори зиёди нитрати аммоний, ки рӯзи 4-уми август дар Бейрут таркид, солҳо пеш аз киштиии Игор Гречушкин, як тоҷири рус мусодира карда буданд. Муҳаммад Фаҳмӣ, вазири умури дохилии Лубнон ба яке аз телевизионҳои дохилӣ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш 100 нафар ҳалок ва ҳазорон каси дигар захмӣ шуданд. Таркиши тақрибан 2700 тонна доруи минералӣ пойтахти Лубнонро такон доду хонаҳои зиёди атрофро нобуд кард. Ҳассан Диёб, нахуствазири Лубнон гуфт, баъди мусодираи нитрати аммоний дар... Читать дальше...

Сарнавишти ТикТок чӣ хоҳад шуд?

Ozodi.org 

ТикТок ба унвони як рақиби ҷиддӣ ва бузург барои ҳамтоёни қадимӣ ва берақиби амрикоиаш, яъне Инстаграм ва Фейсбук рӯзҳои ҷанҷоливу сарнавиштсоз пеши рӯ дорад.

Ҷанҷол сари ТикТок, ки тоҷикон ҳам дар он "лона" гузоштаанд

Ozodi.org 

Замимаи телефонии ТикТок, ки танҳо чаҳор сол аз умраш гузаштааст ва соли 2016 тавассути ширкати чинии ByteDancе офарида шуд, шабакаи маҳбуби ҷавонону навҷавонон аст. Ҷоест барои нишон додани видеоҳои 15-сониягӣ, як чизи шабеҳи Инстаграм.

Нурмагомедов ба мубориза бо Гэйҷӣ бо футболкаи нишони Узбекистон омодагӣ мегирад

Ozodi.org 

Ҳабиб Нурмагомедов ба мубориза бо размкори амрикоӣ Ҷастин Гэйҷӣ бо футболкаи нишони давлатии  Узбекистон омодагӣ мегирад, хабар медиҳад Оҷонсии навгониҳо Podrobno.uz. Рақобати Нурмагомедов - Гэйҷӣ рӯзи 24-уми октябр баргузор мешавад. Мубориза барои унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабук, ки алъон ба варзишгари русиягӣ тааллуқ дорад, пуршиддат хоҳад гузашт. Нурмагомедов дар ҳамаи 28 рақобат пирӯз шудааст. "Саволҳо ҳамеша пайдо хоҳанд шуд, теъдоди онҳо хеле зиёд аст. Муҳим аз ҳама он аст, ки ту посухи онҳоро худат медонӣ. Читать дальше...

Аз хешутаборбозӣ то истифодаи ақл дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи як масъалаи бисёр ҷиддӣ ва он ҳам хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфтанд, ки дар ним соли гузашта 41 мавридеро ошкор кардаанд, ки мақомот ба ҷойи як нафари шоиста, писари амма, хола ва ё амаки худро ба кор гирифтаанд.



Дар таркиши Бейрут консул ва бинои сафорати Қазоқистон осеб дидааст

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Бейрути Лубнон консули ин кишвар "захми на он қадар ҷиддӣ" бардоштааст. Кормандони боқӣ он замон бинои сафоратро тарк карда буданд, зеро соати корӣ ба поён расида буд. Бинои худи сафорат низ осеб дидааст. Дар шаҳри Бейрут 4 август таркиши бузурге рух дод, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳасан Ҳамад, вазири тандурустии Лубнон ва мақомҳои дигари ин кишвар гуфтаанд, ҳадди ақал 78 нафар дар пайи ин таркиш кушта шуда... Читать дальше...

Маҳбусони фирории узбек дар Қирғизистон боздошт шуданд

Ozodi.org 

Марзбонони Қирғизистон ба ҳамтоёни узбеки худ дар боздошти ду маҳбуси фирорие кумак карданд, ки мехостанд Узбекистонро тарк кунанд. Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, маҳбусони фирорӣ ҳангоми кушиши убур аз марз дастгир ва ба ҷониби Узбекистон таслим шудаанд. Ҳодиса дар деҳаи Бел-Согот ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рух додааст. Ду шаҳрванди Узбекистон, 24 ва 29-сола дар натиҷаи амалиёти муштараки марзбонони қирғиз бо Вазорати умури дохилии Узбекистон дастгир шуданд. Ҷониби... Читать дальше...

FBI дафтарҳои ширкати "рафиқ"-и раиси ҷумҳури Украинро тафтиш кард

Ozodi.org 

Муфаттишони FBI ва ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико идораҳои ширкатҳои як сармоядори сарватманди украиниро ҷустуҷӯ кардаанд, ки бо раиси ҷумҳур Володимир Зеленский робита дорад. Тафтиши дафтарҳои ширкати Игор Коломойский дар Кливленд ва Маямӣ рӯзи 4-уми август сурат гирифтааст, ки расонаҳои ӯ ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ дар соли 2019 ғайрирасмӣ ба Зеленский кӯмак мекарданд. Яке аз мақомҳои Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ муфаттишон дар идораҳои ширкат буданд... Читать дальше...

Луя Ҷирга сарнавишти Толибони зиндониро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Афғонистон ҷаласаи Луя Ҷирга, шӯрои қабиласолоронеро даъват кард, ки бояд сарнавишти садҳо зиндонии Толиберо баррасӣ кунанд, ки раҳбаронашон мехоҳанд, пеш аз оғози музокироти сулҳ озод карда шаванд. Ҷаласа рӯзи 7-уми август сурат мегирад. Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта амр дод, ки 500 зиндонии Толибон ба нишонаи ҳусни ният озод карда шаванд. Толибон қабл аз Иди Қурбон барои се рӯз оташбас эълон карданд ва ҳукумат ба он розӣ шуд. Оташбас рӯзи 31-уми июл ба иҷро даромад. Ашраф... Читать дальше...

Барномаи рушди забон таҳия шуд. Мушкил ҳал мешавад?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ният дорад барои 10 соли оянда барномаи нави рушди забони давлатиро таҳия ва қабул кунад, огоҳони умур аз вазъи омӯзишу корбурди забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ доранд.  Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран аз таҳияи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 хабар дод, ки феълан дар баррасии ҳукумат қарор дорад.  Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод ҳафтаи гузашта зимни  нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло зарурат пайдо шудааст, ки барои рушду омӯзиши забон барномаи дигаре қабул гардад. Читать дальше...

Мақомот нагузоштанд, Тихановская гирдиҳамоӣ баргузор кунад

Ozodi.org 

Мақомоти Беларус дигарбора иҷоза надодаанд, ки Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор кунад, чун ба гуфтаи онҳо дар маҳалли гирдиҳамоиҳо корҳои сохтмонӣ сурат мегирад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 9-уми август баргузор мешавад. Дар шаҳри Слутск, 100 километрии ҷануби Минск мақомот рӯзи 4-уми август гуфтанд, маҳалле, ки бояд гирдиҳиҳамои мухолифон сурат мегирифт, ба таъмири фаврӣ зарурат дорад. Маркази ҳуқуқии “Весна” гуфт, ки маъмурони амниятӣ ва пулис... Читать дальше...

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз вирус Аврупоро гузашт

Ozodi.org 

Амрикои Лотинӣ аз назари талафот аз бемории COVID-19 аз Аврупо гузашт ва дар умум шумораи фавтидагон дар саросари ҷаҳон аз 700 ҳазор нафар гузашт. Дар Амрикои Лотинӣ марги 206 000 нафар аз коронавируси нав сабт шудааст, ки 30 дар сади талафот дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ҳафтаи гузашта теъдоди сироятшудагон дар Амрикои Лотинӣ ба 5 миллион нафар расид, ки бештар аз ҳар қораи дигар аст. Дар Бразилия, ки аз назари талафот пас аз Амрико дар мақоми дуввум аст, то кунун 95 800 нафар ҷон бохтаанд. Мексика бо 49 ҳазор фавтида дар зинаи саввум аст. Читать дальше...

Туркманистониҳоро барои напӯшидани ниқоб ҷарима мекунанд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон ҷарима кардани сокинонро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ оғоз карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман мегӯянд, дар ин кишвар ҳанӯз ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. "Маъмурони пулис одамони бениқобро боздошт карда, зуд ба шуъба мебаранд ва 60 манат (17 доллар) ҷарима мекунанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи хабарнигор, аз боздоштшудаҳо ҳамчунин баёнот гирифта мешавад, ки дар оянда бидуни ниқоб ба кӯча намебароянд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Архитектурные доминанты округов Москвы


Аз президенти Қирғизистон хостанд, пеши роҳи "низоми қабилавию олигархӣ"-ро бигирад

Ozodi.org 

Мухолиф ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Бектур Асанов бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз президент Сооронбой Ҷеенбеков хост, нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов, маъруф ба "Райим миллион" чора андешад. Асанов гуфт, фасодкорие, ки дар солҳои аввали истиқлоли Қирғизистон оғоз шуда буд, дар давраи ҳукумати кунунӣ низ идома дорад. "Мутаассифона, фасодкории олигархӣ, роҳзанона ва қабилавие, ки дар давраи президентии Аскар Акаев ташкил шуда буд, дар давраи Сооронбой Ҷеенбеков низ идома дорад. Читать дальше...

Ғарби Туркманистонро бо ҳавопаймо зиддиуфунӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Балкани Туркманистон тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Туркманобод маводи зиддиуфунӣ пошиданд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, шаҳрро дар рӯзҳои Иди қурбон "безарар" гардонданд. Давоми се рӯз сокинон ҳақ надоштанд, ки аз хона берун бароянд. Маводи зиддиуфуниеро, ки ҳавопаймо пошидааст, бо пули кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва низомиён харидаанд. Шаҳри Туркманбошӣ беш аз 70 ҳазор аҳолӣ дорад ва он маркази саноати коркарди нафт дар Туркманистон шумурда мешавад. Мақомоти Туркманистон ҳамоно иддао доранд... Читать дальше...

FIFA эълом кард, ки Ҷанни Инфантино аз вазифа хориҷ карда намешавад

Ozodi.org 

Ояндаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ки дар фасодкорӣ дар ин созмон айбдор мешавад, маълум гардид. Дар ин бора дар як нашрияи FIFA хабар дода шудааст. Инфантино, сарфи назар аз мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ӯ дар Швейтсария, аз вазифа хориҷ карда намешавад. "Ӯро ҳеҷ гуна муттаҳам накарданд, ӯ дар ягон чиз айбдор нест. ФИФА мутмаин аст пас аз анҷоми таҳқиқот собит хоҳад шуд, ки президент ҳеҷ кори бад накардааст",-гуфта мешавад дар баёнияи федератсия. Дар бораи оғози... Читать дальше...

Тақвими бозиҳои давраи дувуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои Ҷоми миллиро тасдиқ кард. Давраи дувуми қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 8-уми август, шуруъ мешавад.  Тақвими бозиҳои мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ Давраи дувум Даври 10-ум 8 август (шанбе) Оғози бозиҳо – соати 17:00 46. «Файзканд» – «Кӯктош» 49. «Душанбе-83» – «Хуҷанд» 50. «Локомотив-Помир» – «Истиқлол»   9 август (якшанбе) Оғози бозиҳо – соати 17:00 47. Читать дальше...

Иштироки шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии онлайнии шоҳмот, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон ҷараён дорад, бозиҳои худро 7-уми август оғоз мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод. Ба иттилои ӯ, дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷамшед Исоев, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Икроми Ҷалолиддин, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Марворид Насриддинзода, Сарвиноз Каримова... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина о том, что не играла в Индиан-Уэллс из-за болезни: «К сожалению, восстановление заняло много времени»






Реконструкция Голутвинского подводного газопровода близится к завершению

Боец MMA Минаков рассказал о своей мотивации для возвращения в спорт

В Якутске стартовала IV конференция «Транспортные системы и дорожная инфраструктура Крайнего Севера»

Итоги краш-теста современных декоративных красок