ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 02.12.2020

Путин: Вазъ дар кишварҳои узви СПАД "мушкил дошт"

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, вазъ дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ "ором набуд" ва дар гузашта низ "мушкил дошт". Владимир Путин рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласаи онлайни сарони кишварҳои узви СПАД аз таҳаввулоти ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва Белорусу Қирғизистон ёдовар шуд.

Тафтиши  иттиҳоми эҳтимолии “пора бар ивази  афв” бо ширкати Кохи Сафед  

Ozodi.org 

Як санади додгоҳии рӯзи 1 декабр мегӯяд, ки Вазорати адлияи ИМА ба тафтиши қазияе шурӯъ кардааст, ки ба нақшаи порагирии сиёсӣ ба хотири афви президентӣ марбут мебошад. Санадҳои додгоҳӣ хеле таҳрир хӯрда, исми гумонбарон сиёҳ карда шудааст. Дар ин санадҳо ҳеҷ ишорае ба номи президент Доналд Трамп ваё тими ӯ дида намешавад.  Вале дар ариза гап дар бораи “як нақшаи пинҳонии тарафдорӣ” аз ду нафар меравад, ки дар Кохи Сафед “мақоми баланд” доранд ва ҳадафи ниҳоиаш  “афв ваё таъхир дар ҳукми додгоҳ” барои шахси беном мебошад. Читать дальше...

Борис Ҷонсон аз дастрас шудани воксинаи Pfizer/BioNTech истиқбол кард

Ozodi.org 

Бритониё аввалин кишвар дар ҷаҳон мешавад, ки воксинаи сохташудаи ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech-ро иҷоза дода аллакай аз ҳафтаи оянда онро дастрас хоҳад кард. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон  аз ин хабар ҳамчун  ҳодисаи “фавқулодда” ситоиш ва изҳори умед кард, ки ин қадами аввал барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани зиндагӣ мешавад. Қарори қабулшуда дар Бритониёро худи ширкатҳои дорусоз ҳам истиқбол карданд, чун воксинаи онҳо  пеш аз худи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои истифода иҷоза дода шудааст. Читать дальше...

COVID-19 ба зиндагии маълулон дар Тоҷикистон бетаъсир намонд

Ozodi.org 

Паҳншавии бемории коронавирус дар зиндагии маълулони тоҷик асари манфӣ гузошта, онҳоро водор кардааст, шуғли амнтаре пайдо кунанд. Яке аз ин маълулон Нурмуҳаммад Раҷабови 33-сола аст, ки бо истифода аз телефони худ ба ҳисоби муштариён маблағ гузаронида, барои пешбурди зиндагиаш пул дарёфт мекунад.

Маҳмурод Одинаев дар куҷост? ВКД: "Ҷустуҷӯ намекунем". ҲСДТ: "Фарзия дорем, вале далел не"

Ozodi.org 

Аз замоне ки пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони иҷтимоӣ, иддао карданд, "ӯ нопадид шудааст", беш аз даҳ рӯз гузашт.



Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик ба воситаи Қазоқистон ба ватан баргаштанд, вакилони мардумӣ сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти дохилиро баррасӣ намуданд, наваскар бемор буд ва ё ӯро касе маъюб кард? Ҳаёти ҷамоаи туркманҳои Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ: Дар бахши Интернет дар Осиёи Марказӣ ислоҳот зарур аст

Ozodi.org 

Пандемияи коронавирус мушкили хеле ҷиддии кишварҳои Осиёи Марказиро ошкор кардааст, ки сустии суръати Интернет яке аз онҳост. Ин мавзуъ рӯзи 2-юми декабр дар нишасти онлайни Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисон ва иқтисоддонҳоро ба ҳам овард.

СММ: 400 ҳазор маллоҳ бо сабаби коронавирус дар ҳолати сангин қарор доранд

Ozodi.org 

СММ дар як муроҷиаташ хостори кӯмак ба 400 ҳазор маллоҳе шудааст, ки бо сабаби коронавирус дар  обҳои баҳрҳо дармонда бо сабаби маҳдудиятҳои ҷорикардаи кишварҳо барои убуру мурури марз,  наметавонанд ба хонаҳои худ баргарданд. Рӯзи 1 декабр дар як қатъномае, ки дар Маҷмаи кулл қабул шуд, вале хусусияти ҳатмӣ надорад, СММ аз ҳукуматҳо тақозо кард, ки дар бозгардони маллоҳони дар обҳо дармонда ва ба ҷои онҳо ба кор фиристодани  дигар гурӯҳи ҳамкоронашон  иқдом бикунанд. Аз миёни 2 миллион нафаре, ки дар ҷаҳон ба ҳайси маллоҳ кор мекунанд... Читать дальше...

Омодагии ИМА ва Аврупо ба таҳияи нақшаи эмкунӣ бар зидди COVID-19

Ozodi.org 

Бо афзоиши шумори гирифторони коронавирус, бархе кишварҳои ҷаҳон аз паи тарҳрезии нақшаи эмкунии аҳолӣ  аз COVID-19 мешаванд. Ба истифодаи ом пешниҳод шудани маҳсули кори ширкатҳои дорусозии Moderna  (ИМА) ва  BioNTech/Pfizer (Олмону ИМА), мақомотро дар ИМА ва Аврупо барои таҳияи нақшаи эмкунӣ омода кардааст. Ба ҷуз Бритониё, ки рӯзи 2 декабр истифодаи воксинаи ширкатҳои олмониву амрикоиро иҷоза дод, то ҳол ҳеҷ кишваре ин воксинаҳоро расман ба қайд нагирифтааст. Айни замон, дар як овоздиҳӣ, ки... Читать дальше...

Афзоиши нархи тухм ва маҳсулоти дигар дар порлумон баҳс шуд

Ozodi.org 

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла тухми мурғро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод. Баъзе аз вакилони порлумон бо ин ҷавоб розӣ нестанд.

Як шаҳрванди Узбекистон бо гумони фиристодани ҷавонон ба Сурия боздошт шуд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Узбекистон аз боздошти марде хабар додааст, гӯё бо ҷалб ва сафарбар кардани шаҳрвандони ин кишвар ба сафи гуруҳи байналмилалии террористии "Тавҳид ва ҷиҳод катибасӣ" дар Сурия машғул будааст. Ба огаҳии вазорат, зодаи вилояти Самарқанди Узбекистон О.Х., соли таваллудаш 1996, ҳангоми дар Миср таҳсил кардан дар соли 2019 зери таъсири ақидаҳои гуруҳи террористии мазкур қарор гирифта, дар ҷалб ва сафарбар кардани шаҳрвандон ба сафи он иштирок доштааст. Дар рафти бозҷӯӣ аз телефони... Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об эффективных решениях в дорожном строительстве   


Дар ғарби Қазоқистон соҳибкорон бекор кардани маҳдудиятҳоро талаб доранд

Ozodi.org 

Моликони марказҳои савдои шаҳри Урал рӯзи 2 декабр дар назди Департаменти назорати сифати бехатарии маҳсулот ва хидматрасониҳои вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷамъ шуда, аз идома ёфтани маҳдудияти фаъолияти фурӯшгоҳҳо нигаронӣ карданд. Ҷамъшудаҳо - ҳудуди 30 соҳибкор аз мақомоти вилояти Қазоқистони Ғарбӣ талаб карданд, ки ба фаъолияти марказҳои савдо дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо иҷозат дода шавад. "Бисёри одамоне, ки солҳои тӯлонӣ бо тиҷорат машғул буданд, ҳоло маҷбур шуданд, тиҷорати худро қатъ кунанд. Читать дальше...

Се фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Ҳонгконг ба зиндон маҳкум шуданд

Ozodi.org 

Фаъолони демократӣ дар Ҳонгконг Ҷошуа Вонг, Агнес Чоу ва Иван Лам рӯзи 2 декабр бо қарори додгоҳе барои ташкили намоишҳои эътирозии ғайриқонунии соли гузашта ба зиндон маҳкум шуданд. Дар паи чандин моҳи эътирозҳои мардумӣ, Чин назорат бар минтақаи нимамухтори Ҳонгконгро шадидтар кард. Дар ҷараёни эътирози сокинони маҳаллӣ ва фаъолон аз он ки озодиҳои нисбии ин минтақа боз ҳам маҳдудтар мешавад, задухӯрдҳои зиёде миёни эътирозгарону полис рух дод.  Вонг барои ташкилу иштирок дар эътирозҳои моҳи июни соли гузашта ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд. Читать дальше...

Бритониё аввал шуда воксинаи зидди COVID-19-и ширкатҳои Pfizer-BioNTech-ро иҷоза дод

Ozodi.org 

Рӯзи 2 декабр Бритониё аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки истифодаи воксинаи зидди  COVID-19-ро, ки аз ҷониби ширкатҳои амрикоиву олмонии  Pfizer ва BioNTech таҳия шудааст, иҷоза медиҳад. Эмкунӣ бо истифода аз ин воксина аз ҳафтаи оянда имконпазир мешавад. Дар бораи дарёфти иҷозаи эмкунӣ дар Бритониё ин ду ширкати дорусозӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорки ИМА ва Мейнси Олмон хабар доданд. Ин тасмим Бритониёро барои шурӯи ба кор бурдани воксинаи нав дар муқобили ИМА ва Иттиҳоди Аврупо пештоз мекунад. Раҳбари кулли... Читать дальше...

Раиси Хадамот афзоиши нархҳоро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод, баъзе аз вакилон розӣ нестанд. САДО, ВИДЕО

Ozodi.org 

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла тухми мурғро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод. Баъзе аз вакилони порлумон бо ин ҷавоб розӣ нестанд.

Дар ҷаласаи НАТО мавзӯи ислоҳот дар ин паймони низомӣ баррасӣ мешавад

Ozodi.org 

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар ҷаласаи рӯзи дуюми худ, ки тавассути конфронси онлайнӣ баргузор мешавад, фикру пешниҳодҳои ислоҳот  ва тақвияти паймони низомиро баррасӣ мекунанд. Гузориши 67-саҳифагии тоза таҳияшуда аз 140 пешниҳод барои беҳбуди кори НАТО барои баррасӣ омода шудааст. Рӯзи 1 декабр, ки аввалин рӯзи ҷаласа буд, мавзӯи паёмадҳои коронавирус ва ҳам масоили мисли “рафтори хашини Русия” ва “болоравии Чин” баррасӣ шуд. Қарор аст дар поёни ҷаласа дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг... Читать дальше...

Футболбози тоҷик дар рӯйхати номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари AFC дар ҳафта

Ozodi.org 

Сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (the-afc.com) рӯйхати даҳ футболбозро нашр карда, хоҳиш намудааст, ки барои муайян сохтани беҳтарин бозигари байналмилалии AFC дар ҳафта (аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр) ба номзади худ овоз диҳанд.   Ба ин рӯйхат дар баробари бозигарон аз панҷ кишвар (Ҷопон 3 нафар), Австралия ва Эрон 2-нафарӣ, Узбекистон ва Ироқ якнафарӣ), аз Тоҷикистон нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоеви 26-сола, узви дастаи мунтахаби миллии кишвар, ки феълан дар бошгоҳи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон бозӣ мекунад, дохил шудааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Бадоса из-за травмы снялась с матча против Соболенко и заплакала у сетки






В Сочи гендиректор строительной организации задолжал своим сотрудникам почти 900 тысяч рублей

Сильная гроза накрыла Саров ночью

День семейного здоровья пройдет в мкр Пироговский в Мытищах

Великопостное молитвенное стояние за воинов Росгвардии совершено в Дивеевском монастыре