ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 05.02.2021

Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикон, мушовири раиси ҷумҳури Қирғизистон шуд

Ozodi.org 

Равшанбек Собиров, соҳибкори шинохта ва раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мушовири президенти ин кишвар таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 5-уми феврал фармони раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, нашр гардид.

"Чаро донишгоҳ зиёду ҷойи кор нест?" Вазир гуфт: "Тоҷикистон содиркунандаи қувваи корӣ аст"

Ozodi.org 

"Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб нест, донишгоҳҳои зиёд чӣ даркор?" Ин суоли хабарнигорон аз вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд, ки дар нишасти матбуотии рӯзи 5-уми феврал баҳси гармеро ба по кард.

"Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд."Комил 2010" аз бозори хонасозӣ берун мешавад?

Ozodi.org 

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ширкати "Комил-2010"-ро, ки бо номи “ширкати Бег Сабур” машҳур аст ва дар Душанбеву минтақаҳои дигар биноҳои баландошёна месозад, ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд.

Мақомдори аврупоӣ гуфт, қазияи Навалний робитаҳоро бо Маскав ба "сатҳи поинтарин" расонд

Ozodi.org 

Аввалин мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо, ки баъд аз соли 2017 ба Маскав рафтааст, гуфт, ҳабси Алексей Навалний ва саркӯби эътирозгарон робитаҳои Брюсселу Маскавро ба “сатҳи поинтарин” расонд.



Дар ҳамлаи Кундуз 16 корманди амнияти Афғонистон кушта шуд

Ozodi.org 

Дар ҳамлаи шабонгоҳии  Толибон ба як посгоҳи амниятии Кундузи Афғонистон дастикам 16 узви нирӯҳои амниятӣ кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ғуломраббонии Раббонӣ, як узви шӯрои Кундуз рӯзи 5 феврал гуфт, ки ҷангиён ба посгоҳи Тори Ахтари ноҳияи Хонобод ҳамла карданд ва даргириҳо се соат идома дошт. Ба иттилои ӯ, ду корманди дигари ин посгоҳ гаравгон гирифта шуданд.   Як мақоми дигар гуфт, ки  Толибон тамоми силоҳу муҳимотро бо худ бурданд.  Мақомот гуфтанд, ки ин посгоҳ зери назари раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Читать дальше...

Фурқат Абдуфаттоевро, ки бо талаби Бишкек дар Русия боздошт шуд, 1 моҳ ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия Фурқат Абдуфаттоев, шарҳванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон рӯзи 1-уми феврал дастгир шуд, як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Масъулони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа гуфтанд, барои ҳимоят аз Абдуфаттоев ва озод шудани ӯ талош доранд.

Президенти ИМА хост, Навалний фавран озод шавад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо кормандони Департаменти давлатии ин кишвар гуфт, мухолифи рус Алексей Навалний бояд аз зиндон озод карда шавад. Байден аз суҳбати телефонии ахири худ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ёдовар шуд. Ба гуфтаи Байден, замоне, ки ИМА дар баробари фаъолиятҳои Русия таслим мешуд, ба поён расидааст. Ӯ дахолат ба интихоботи президентӣ ва ҳамлаҳои ҳакерии Русияро намуна овард. Байден ба иштирокдорони вохӯрӣ таъкид кард, ки Москва ҳанӯз ҳам дар фикри зарба задан ба демократияи Амрико аст. Читать дальше...

Мурофиаи нави Алексей Навалний аз рӯи иттиҳоми "таҳқир" ва "тӯҳмат"

Ozodi.org 

Дар Русия мурофиаи нави додгоҳии Алексей Навалний шурӯъ шуд. Ин навбат раҳбари мухолифонро аз рӯи моддаи "таҳқир"  ва "тӯҳмат" дар  як шарҳаш дар Твиттер муҳокима мекунанд, ки ба як навори видеоии рӯ ба Кремлин рабт мегирад. Навалнийро ба таҳқири як собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон айбдор мекунанд, ки дар  навори видеоии таблиғотӣ тарафдории худро аз тағйироти конститутсияи Русия баён карда буд. Ин тағйирот, ки порсол қабул шуд, ба президент Владимир Путин имкон медиҳад, ки бемӯҳлат дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. Читать дальше...

Раҳбарони собиқи Telia аз рӯи қазияи порадиҳӣ ба Гулнора Каримова сафед шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Стокҳолм ҳукми сафедкунандаи се мақомдори собиқи ширкати азими мухобиротии  Telia-ро, ки дар порадиҳӣ ба  духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримов дар ҳаҷми 320 миллион доллар айбдор мешуданд, бетағйир гузошт. Ларс Нюберг, собиқ раҳбари иҷроияи Telia ва ду ҳамкори собиқаш барои порадиҳӣ ба собиқ коршарикашон дар Узбекистон дар солҳои 2007 то 2010 гунаҳгор шуданд, худи онҳо иттиҳомро рад мекунанд. Додгоҳи таҷдиди назари Стокҳолм рӯзи 4 феврал ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дар бораи сафед шудани ин се нафар дастгирӣ кард. Читать дальше...

Лаҳни нав дар сиёсати хориҷии Амрико

Ozodi.org 

Президенти ИМА ҷо Байден ваъда дод, ки дар сиёсати хориҷии кишвар аҳди нав фаро расидааст ва паёми он “Бозгашти Амрико” аст, ки, аз ҷумла, муқобила бо “худкомагиҳо”-и Чину Русия ва наздикшавӣ бо муттафиқонро дар назар мегирад. Зимни суханронии 4-уми февралаш Байден гуфт, ки баъди чор соли маъмурияти Доналд Трамп дар сиёсати хориҷӣ тағйироти ҷорӣ карда, дубора нақши пешбарандаи ИМА дар арсаи байналмилалиро барқарор хоҳад кард. Байден, аз ҷумла, гуфт, ки ИМА барои ҳимоят аз манфиатҳои худ ва мардумаш дар баробари Русия истиҳола намекунад. Читать дальше...

Новости России
Москва

Как я был в Стамбуле первый раз


"Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд. "Комил 2010" аз бозори хонасозӣ берун мешавад? САДО, ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ширкати "Комил-2010"-ро, ки бо номи “ширкати Бег Сабур” машҳур аст ва дар Душанбеву минтақаҳои дигар биноҳои баландошёна месозад, ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд.

Тими Навалний: феълан эътироз намешавад. Тамаркуз ба интихобот аст

Ozodi.org 

Ҳамкорони Алексей Навалний дар фурсати наздик дигар даст ба эътироз заданӣ нестанд. Дар ин бора Леонид Волков, раҳбари ситодҳои минтақавии Navalny.LIVE  хабар дод. Радио Свобода менависад, дар паи намоишҳои сартосарии эътирозии 23 ва 31-уми январ ва инчунин 2 февралу ҳабсҳои фаъолон эҳтимоли масдуд шудани кори тими Навалний ва ҳам камаҳамият шудани эътирозҳо вуҷуд дорад. Илова ба ин,  бархе фаъолон дар минтақаҳои Русия бо таҳдиди парвандаҳои ҷиноӣ рӯбарӯ ҳастанд. Волков гуфт, эҳтимолан эътирозҳои хиёбонӣ аз баҳор азсар гирифта шаванд. Читать дальше...

Ширкати вобаста ба Бег Сабурро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кардаанд

Ozodi.org 

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ин ширкат ("Комил-2010") қарордод баста намешавад".

Боррелл дар мулоқот бо Лавров мавзӯи Навалнийро матраҳ мекунад

Ozodi.org 

Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5 феврал дар мулоқот бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров мавзӯи ҳабси раҳбари мухолифони ин кишвар Алексей Навалнийро матраҳ кунад. Боррелл, ки рӯзи 4 феврал бо як сафари серӯза вориди Маскав шуд, норозигии шадиди Иттиҳоди Аврупо бо Маскавро дар робита бо “низоъ дар ҳамсояи наздиктарини худ” баён кард. Кишварҳои аврупоӣ ҳабси Навалний ва ширкатдорони намоишҳои эътирозиро маҳкум карданд. Навалний баъди бозгашт аз табобати заҳролудшавӣ дар Берлин боздошт ба мӯҳлати 2 солу 8 моҳ ҳабс шуд.

Дар ИМА барои иҷозати воксинаи Johnson & Johnson омода мешаванд

Ozodi.org 

Ширкати азими дорусозии Johnson & Johnson аз мақомоти дахлдори ИМА дархост кард , ки воксинаи сохтаи он бар зидди COVID-19-ро ба таври изтирорӣ сабтином кунад. Агар ин воксина иҷозат дода шавад, ширкати сеюм дар Амрико мешавад, ки воксинааш барои истифода иҷозат дода мешавад. Як бартарии воксинаи ин ширкат дар он аст, ки ба фарқ аз воксинаҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna, шарт нест, ки дар ҳарорати сард нигаҳдорӣ шавад ва на аз ду, балки як дафъа сӯзанзанӣ иборат аст. Johnson & Johnson гуфт... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?






Как путешествовать с детьми: три лайфхака для комфортного отдыха

Глубокое декольте и бантики на спине: Климова покорила гостей ММКФ нежным образом

Мошенники в Москве украли у пенсионерки 16 миллионов рублей

Тело мужчины с огнестрельным ранением найдено в Балашихе