ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 09.02.2021

Як корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд.Чаро?

Ozodi.org 

Пандемияи СОVID-19 бо ҷамъи чанде аз мушкилоти дигар сабаби аз кор мондани бузургтарин корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон шудааст. Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”, ки тавоноии истеҳсоли то 50 ҳазор тонна сурб дар як солро дорад, соли 2020 аз фаъолият мондааст.

Ин корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд. Чаро? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пандемияи СОVID-19 бо ҷамъи чанде аз мушкилоти дигар сабаби аз кор мондани бузургтарин корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон шудааст. Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”, ки тавоноии истеҳсоли то 50 ҳазор тонна сурб дар як солро дорад, соли 2020 аз фаъолият мондааст. Корхона дар шаҳри Истиқлол дар вилояти Суғд ҷойгир аст. Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 8-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ сабабҳои аз кор мондани корхонаро чунин шарҳ дод: “Мушкилие, ки пеш омад... Читать дальше...

СҶТ: Гумон аст, ки коронавирус аз озмоишгоҳи чинӣ ба инсон сироят карда бошад

Ozodi.org 

Гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд,  таҳқиқи якмоҳаи онҳо нишон дод, ки ба эҳтимоли ғолиб, фарзияи аз як озмоишгоҳи чинӣ ба инсон сироят кардани коронавирус асос надорад. Питер Бен Эмбарек, як коршиноси СҶТ дар нишасти матбуотии рӯзи 9 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин гуфт, дар паи як моҳи таҳқиқу омӯзишҳои коршиносони ин созмон ба чунин натиҷа омадаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб, коронавируси нав на аз дохили озмоишгоҳ ё лаборатория берун шуда ба инсон сироят кардаанд, балки аз ҷонваре ба инсон гузаштааст. Читать дальше...

"Бавария" ва "Тигрес" дар финали қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо бозӣ мекунанд

Ozodi.org 

Бошгоҳи “Бавария”-и Мюнхени Олмон ба финали қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо, ки ҳоло дар Қатар ҷараён дорад, роҳ ёфт. Ҳамакнун олмониҳо рӯзи панҷшанбеи 11-уми феврал кӯшиш мекунанд, ки бори дувум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёбанд. “Бавария” 8-уми феврал дар бозии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ миёни бошгоҳҳо бо “Ал-Аҳлӣ” (Миср) рақобат кард. Бозӣ дар варзишгоҳи "Аҳмад бин Алӣ" -и Ал-Раяни Қатар баргузор шуд ва бо пирӯзии олмониҳо бо ҳисоби 2: 0 хотима ёфт. Ҳарду голро дар ин дидор Роберт Левандовскии лаҳистонӣ ба самар расонид. Читать дальше...



Шарофиддини Имом даргузашт

Ozodi.org 

Шарофиддини Имом даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашидШарофиддини Имом даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашид.

Қоидаҳои рафтори иштирокдорони Олимпиадаи Токио-2020 нашр шуд

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дастуреро бо қоидаҳои Бозиҳои олимпӣ дар Токио нашр кард. Дар ин бора дар сайти КБО гузориш дода шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин дастур амали варзишгарон дар ҷараёни бозиҳо, инчунин ду ҳафта пеш аз сафар ба Ҷопон тасвир шудааст. Пеш аз парвоз ба Токио ва пас аз расидан ба ин кишвар, ҳамаи варзишгарон бояд аз санҷиши коронавирус гузаранд. Инчунин зарур аст, ки замимаи махсусро барои хабар додан дар бораи вазъи саломатии худ ва пайгирии тамосҳо дар давоми бозиҳо истифода баранд. Читать дальше...

Профессори эронӣ барои “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба зиндон рафт

Ozodi.org 

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон  як профессори ҳуқуқро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар дар ИМА  (HRANA) рӯзи 8-уми феврал гузориш дод, ки Ризо Исломӣ, профессорӣ донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Теҳрон инчунин аз ҳақи таълим ва тарки кишвар ҳам маҳрум шуд. Ҳукми додгоҳи 15-уми Теҳронро қозӣ Абдулқосим Салавотӣ содир кард, ки соли 2019 ҳамчун додраси содиркунандаи ҳукмҳои сангин нисбати журналистон, фаъолон ва дигарҳо ба феҳристи таҳримшудаҳои ИМА ворид шуд. Читать дальше...

Чанд сокини Хуросон, аз ҷумла се занро барои тазоҳурот ҳабсу ҷарима кардаанд

Ozodi.org 

Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо моҳи ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.

Дар Афғонистон чор корманди давлатӣ кушта шуданд

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки афроди ношинос дар шаҳри Кобул чор корманди ҳукуматро ба қатл расониданд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи полиси Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки мусаллаҳон ба мошини вазорати эҳё ва рушди деҳот оташ кушода ҳамаи чор нафарро ба қатл расониданд. Як сухангӯи вазорат гуфт, ки ин мақомдорон ба сӯи маркази вилояти Майдон Вардак ҳаракат мекарданд, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Афроди мусаллаҳ мошини онҳоро нигоҳ дошта ба сӯяшон оташ кушоданд. Фаромарз гуфт, ки аз рӯи ин қазия тафтиш шурӯъ шудааст. Читать дальше...

Дархости Украина аз Twitter: саҳифаи ВКХ-и Русия баста шавад

Ozodi.org 

Украина аз ширкати  Twitter дархост  кард, ки саҳифаи вазорати хориҷаи Русия дар минтақаи ғасбшудаи Қримро бубандад, чун ин ширкат, ба қавли Киев, дар таблиғоти Кремлин мусоидат мекунад. Владимир Елченко, сафири Украина дар ИМА дар номае ба унвонии ширкати Twitter навишт, ки саҳифаи Русия бояд ғайрифаъол карда шавад. Дар изҳороте, ки 8-уми феврал дар Фейсбук навишта шуд, Елченко гуфтааст: “Мақомоти ғосибгар дар Қрим наметавонанд ба ҳайси намояндагони расмиву қонунӣ арзёбӣ шаванд”. Маскав соли 2014... Читать дальше...

СММ хост, Тоҷикистону 56 кишвари дигар шаҳрвандонашро аз Сурия бигиранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳуқуқшиносони Созмони Милал аз 57 кишвари узв хостаанд, 10 ҳазор шаҳрванди худро, ки дар қароргоҳҳои Сурия ва дар ҳолати сангин нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан баргардонанд. Ин афрод асосан занону кӯдакони ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳастанд.

Интихоботи президентии Узбекистон моҳи октябр баргузор мешавад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни тағйири санаи баргузории интихоботи президентиро имзо кард. Бар асоси ин қонун, ки 8-уми феврал имзо шуд, интихоботи президентӣ,  парлумонӣ ва маҳаллӣ ҳар якшанбеи аввали даҳрӯзаи охири моҳи октябр баргузор мешавад. Имсол ин сана ба 24-уми октябр муносиб омад. Дар гузашта интихобот дар панҷ сол як бор рӯзи  якшанбеи аввали даҳрӯзаи охири моҳи декабр баргузор мешуд. Вакилони маҷлис моҳи январ ин пешниҳодро карда гуфтанд, ки интихоботи моҳи декабр  ба фаъолиятҳои сиёсӣ... Читать дальше...

Полиси Мянмар ба сӯи эътирозгарон об пошид

Ozodi.org 

Полис дар Мянмар барои пароканда кардани эътирозгарони кудатои низомӣ ба ҳаво тир кушода ба сӯи мардум об пошид.  9 феврал дар пойтахти Мянмар шаҳри Нейпидо рӯзи чоруми эътирозҳои зиддҳукуматӣ баргузор шуд. Мардум инчунин аз ҳабс озод кардани раҳбари интихобшудаи ин кишвар Аун Сан Суҷиро талаб карданд.  Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар ҳолест, ки низомиёни қудратро бадастоварда таҳдид кардаанд, ки бо шадидтарин шева муҷозот мекунанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки ҳукумати қонунии маданӣ барқарор шавад ... Читать дальше...

78 саҳифа. Ҳуқуқшиносони Трамп ба муҳокимаи импичмент омода мешаванд

Ozodi.org 

Рӯзи 9 феврал дар Вашингтон мурофиаи импичменти дуюми Доналд Трамп баргузор мешавад ва ҳарчанд бовар меравад, ки собиқ президент аз об хушк мебарояд,  ин муҳокимаҳо ба мероси таърихии ӯ осеби ҷиддӣ мерасонад. Дар остонаи муҳокимаҳо дар Сенат, тими ҳуқуқшиносони Трамп дар таҳияи нақшаи дифоии ӯ гуфтанд, ки талоши муҳокимаи собиқ президент як амали ғайриконститутсионӣ буда, худи Трамп дар ҳамла ба бинои Капитол нақши мустақим надорад. Онҳо инчунин ният доранд, ки дар бораи ҳуқуқи Трамп ба озодии баён ёдовар шаванд. Читать дальше...

Новости России
Москва

РМОУ презентовал издательский проект «Притяжение Сочи» на форуме «Мы вместе. Спорт»


СММ: Эрону Кореяи Шимолӣ ҳамкориҳо дар бахши силоҳҳоро барқарор кардаанд

Ozodi.org 

Як гузориши СММ мегӯяд, Эрону Кореяи Шимолӣ соли гузашта ҳамкориҳо дар бахши рушди мушакҳои дурпарвозро барқарор кардаанд. Як ҳайати мустақили коршиносон, ки рафтори Кореяи Шимолиро дар чаҳорчӯби таҳримҳо назорат мекунад, дар гузориши худ ба Шӯрои амнияти СММ дар таърихи 8-уми феврал гуфт, “ҳамкориҳо аз интиқоли қисматҳои муҳим иборат аст ва як ҳолати охирини интиқоли бор дар соли 2020 сурат гирифтааст”. Дар аввалин вокунишаш ба тарҳи гузориш дар моҳи декабр сафири Эрон дар СММ Маҷид Тахтравончӣ гуфт... Читать дальше...

Шарофиддини Имом даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ даҳ рӯзи охир аз "бемории роҳҳои нафас" азият мекашид ва ҳангоми интиқол ба Бемористони сироятии шаҳри Душанбе дар зери дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷон бохт.

"Амонатбонк" гуфт, камбуди молӣ дар ин бонкро аудити дохилӣ ошкор кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб

Ozodi.org 

Масъулини "Амонатбонк" гуфтанд, ки камбуди маблағҳо дар ин бонкро аудити дохилӣ маълум кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб. Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

"Вести недели": Навалний дар Олмон зиндагии шоҳона дошт

Ozodi.org 

Рӯзноманигорони барномаи "Вести недели" дар телевизиони "Россия", ки дар бораи манзили муваққати мухолифи рус Алексей Навалний дар шаҳри Фрайбурги Олмон барнома таҳия карданд, худро сайёҳон аз Белгия муаррифӣ кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати телевизиони "Дожд", вай намедонист, ки иҷоранишинони ахираш хабарнигорони рус ҳастанд. Хабарнигор Анастасия Попова ҳангоми иҷораи манзил насаби фаронсавии Боуртро истифода кардааст. "Вести" гуфт, Навалний барои ду моҳ манзил иҷора гирифтааст, аммо соҳиби хона мегӯяд... Читать дальше...

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ 11-уми феврал шуруъ мешавад

Ozodi.org 

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 аз 11-ум то 20-уми феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ, ки 8-уми феврал дар дафтари ФФТ доир гардид, ба гурӯҳи «А» дастаҳои ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб)... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?






Лебеди в Капотне вернулись домой после зимовки

В Истре предотвращено образование незаконной свалки объемом 70 кубометров

Лидер СРЗП: говорить о рекордном росте доходов граждан неприлично

Карьерный эксперт Кумпель: россияне считают не зарплату, а совокупный доход