ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 10.02.2021

Сохтмони Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.

"Фононбонк" пурра барҳам мехӯрад, тақдири "Тоҷпромбонк" чӣ мешавад?

Ozodi.org 

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, чаҳор бонки дучори мушкил бештари амонатҳои мардумро додаанд. Мизоҷони бонкҳо мегӯянд, ки панҷ сол боз наметавонанд пулҳои гузоштаи худро пас бигиранд.

Нуриддин Саид гуфт, мухолифи намоиши филмҳои туркист. Коргардон мегӯяд, далелеро намебинад

Ozodi.org 

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, шахсан мухолифи намоиши филмҳои туркӣ аст ва далелашро ба таблиғи, ба қавли ӯ, "абарқудратҳо" рабт дод.

Тими Навалний дубора ба эътирозҳо даъват кард

Ozodi.org 

Як раҳбари тими сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний гуфт, ки шеваи муборизаи онҳо тағйир меёбад ва сокинони кишварро дубора ба ширкат дар намоиши эътирозӣ даъват кард. Леонид Волков, ки ҳафтаи гузашта гуфт, дар намоишҳои эътирозӣ бо талаби озод шудани Навалний таътили муваққатӣ ҷорӣ мешавад, рӯзи 9 феврал эълон кард, ки таърихи нави эътирозҳо 14-уми феврал таъин шудааст. Волков гуфт, ки эътироз соати 8-и бегоҳи вақти маҳаллӣ шурӯъ шуда, 15 дақиқа идома мекунад. Дар ин лаҳзаҳо мардум ҷамъ омада... Читать дальше...

Муҳокимаи Доналд Трамп дар Сенати Амрико оғоз меёбад

Ozodi.org 

Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тарафдории муҳокимаи дуввумбораи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп раъй дод, вале зоҳиран ӯро ба ҷавобгарӣ намекашанд, магар ин ки теъдоди зиёди вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ мавзеъгириашонро дигар кунанд.

Покистон ҳукми марги беморони рӯҳиро бекор кард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Покистон ҳукми марги ду зиндонии дучори бемории рӯҳиро, ки давоми даҳсолаҳо дар утоқи маҳкумшудаҳо ба ҳукми марг нигаҳдорӣ мешуданд, бекор кард ва ин қарор мавриди истиқболи фаъолони ҳуқуқ гардид. Додрасҳо дар ҳукми 10-уми феврали худ аз мақомот дархост карданд, дар қонунгузории марбута ислоҳ ворид кунанд ва ҳукми марг барои беморони рӯҳиро дар машварат бо тими тиббӣ тағйир бидиҳанд. Алӣ Ҳайдар Ҳабиб, сухангӯи Барномаи “Адолати Покистон” изҳори умедворӣ кард, ки қарори мазкур барои додрасҳои... Читать дальше...

Раҳбари Комиссиюни Аврупо гуфт, дар иҷрои стратегияи зидди коронавирус "иштибоҳ роҳ ёфт"

Ozodi.org 

Дар пасманзари интиқодро аз шеваи бархӯрди мақомоти аврупоӣ бо бӯҳрони коронавирус, президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен эътироф кард, ки дар стратегияи босуръат таъмин кардани сокинони Иттиҳоди Аврупо, ки  447 миллион аҳолӣ дорад, ба иштибоҳ роҳ доданд. Зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо рӯзи 10-уми феврал ӯ гуфт: “Мо ҳанӯз ҳам ба он марҳилае, ки мебояд мерасидем, нарасидем. Мо дар тасдиқи (воксинаҳо) дер кардем. Вақте истеҳсол шурӯъ шуд, мо аз ҳад беш хушбин будем ва аз ҳад зиёд ба худ боварӣ доштем... Читать дальше...



Раиси Бонки миллӣ гуфт, пули муҳоҷирон кам шуд, аммо нагуфт чӣ қадар

Ozodi.org 

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, интиқоли пули муҳоҷирон дар соли гузашта кам шудааст, аммо сарфи назар аз пойфишории хабарнигорон, аз гуфтани омори дақиқ худдорӣ кард.

"Матни ӯро тағйир доданду Тоҷикистонро мустақил эълон карданд"

Ozodi.org 

Тоҳири Абдуҷаббор. Тақрибан се даҳсола пеш ин ном ва суҳбатҳояш тавассути микрофони рақами 6-и Шӯрои олӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ матраҳ буд. Ӯ аз нахустин донишмандони тоҷик ёд мешавад, ки дар бедории тафаккур ва гуногунандешии мардум саҳми калидӣ дошт.

"Муқобили майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ" буд". Ёде аз Тоҳири Абдуҷаббор. ВИДЕО

Ozodi.org 

Агар умр вафо мекард, имрӯз Тоҳири Абдуҷаббор, бунёдгузори ҷунбиши мардумии "Растохез", ки бо номи меъмори истиқлоли Тоҷикистон маъруф аст, ба синни 75 мерасид. Ӯ дувоздаҳ сол пеш бар асари беморӣ даргузашт.

Артиши Тоҷикистон аз Қазоқистон захираҳои тири силоҳ дарёфт мекунад

Ozodi.org 

Вазорати мудофеаи Қазоқистон лоиҳаи қарорро дар бораи тақдими  кумаки ҳарбию фаннӣ  ба Тоҷикистон таҳия кардааст. Дар ин бора расонаҳои қазоқӣ хабар медиҳанд. Ин кӯмакҳо аз миқдори зиёди тир барои артиши Тоҷикистон иборат аст ва он бояд  тавассути роҳи оҳан  расонида шавад. Ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон ҳақ надоранд  техникаи низомии аз Ҷумҳурии Қазоқистон гирифташударо ба кишвари сеюм бидиҳанд.

Ёқутистон 33 навъи корро барои муҳоҷирон номумкин хонд

Ozodi.org 

Дар Ёқутистони Русия  33 намуди фаъолият барои муҳоҷирони корӣ манъ   шуд. Ин маҳдудият ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки бо патент кор мекунанд. Руйхати фаъолиятҳоро ҳукумати Ёқутистон тасдиқ кардааст. Бар пояи он, муҳоҷирон то охири соли ҷорӣ ҳақ надоранд  дар бахши савдо мусофирбариву боркашонӣ, тандурустиву маориф, меҳмонхонаҳо, кишоварзӣ ва тиҷорати яклухту чакана кор кардан наметавонанд. Сабаби ин қарор шарҳ дода намешавад, вале дар гузашта таҳлилгарон гуфтаанд, ки ҳама гуна монеаҳо дар... Читать дальше...

Шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон афзудааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон шумори нафақахӯрон дар як соли охир беш аз 18 ҳазор нафар афзудааст. Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, шумори умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 729 385 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 163 нафар ё 2,6 фоиз бештар будааст. Ӯ афзуд соли равон ба хотири пешгирӣ аз таъсири манфии пандемия ба вазъи некуаҳволии қишрҳои осебпазир дар кишвар ба афроди нодор... Читать дальше...

Новости России
Москва

Порт пяти морей. В Москве стартовал летней сезон речной навигации


Соле 90 кг картошка ба ҳар сар аҳолии Тоҷикистон. Меъёри истеъмол боло рафт

Ozodi.org 

Соли 2020 кишоварзони тоҷик 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардаанд. Аммо, ба гуфтаи Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки дар ин бора рӯзи 9 феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод,  “на ҳама аз ин миқдор картошка вориди бозор мешавад, зеро то сеяки ин миқдор картошка барои тухмии ҳосили нав истифода мешавад”. Ба гуфтаи вазир, дар соли ҷорӣ интизор меравад 1 миллиону 400 ҳазор тонна картошка истеҳсол  шавад. “Мо умед дорем, ки дар солҳои баъдӣ мо ба кишварҳои минтақа ҳамасола то 300 ҳазор тонна картошка содир мекунем. Читать дальше...

Русия гуфт, азсаргирии парвозҳо ба Тоҷикистон ба вазъи эпидемиологӣ бастагӣ дорад

Ozodi.org 

Русия мегӯяд, масъалаи азсаргирии ҳаракати нақлиёт бо Тоҷикистон “вобаста ба вазъи эпидемиологию санитарӣ” баррасӣ мешавад. Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар посух ба номаи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо дар ҷараёни кори комиссиюни байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистону Русия масъалаи азсаргирии парвозҳову ҳаракати қатор миёни ду кишвар ҳаллуфасл шудааст, гуфт, “ин масъала дар ихтиёри ситоди изтирории ҳукумати Русия мебошад”. Елизавета Туришева, сухангӯи ин вазорат дар посухи катбиаш рӯзи 10 феврал гуфт... Читать дальше...

Нуриддин Саид гуфт, “шахсан мухолифи” намоиши  филмҳои туркӣ аст

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ки аз қарори манъи намоиши сериалҳои туркӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад. Рӯзи 10 феврал Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар посух ба саволи радиои Озодӣ, ки чаро шабакаҳои телевизионии кишвар силсилафилмҳои сохти туркиро намоиш намедиҳанд, гуфт, ки “шахсан мухолифи ин амр аст”. Вай афзуд, “дар замони муосир, дар шароити ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба ҳар роҳ фарҳанги худро, тарзи ҳаёти худро, ҳаводиси таърихии худро... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Пятая ракетка мира Пегула не выступит на турнире WTA 1000 в Мадриде






"Динамо" в гостях обыграло "Оренбург" со счетом 2:1

Омбудсмен призвала отстранить педагога, избившего ребенка в Щелкове

Bыход на серийное производство ракет "Ангара"

«Мосэнергосбыт» заключил договоры электроснабжения в 17 округах