ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 11.02.2021

Қисме аз "Нассоҷии Хуҷанд"-ро фурӯхтанд, андозашонро гирифтанд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, панҷ нозири андоз дар вилояти Суғд соли гузашта аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд дар як нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми феврал хабар дод.

Қисме аз "Нассоҷи Хуҷанд"-ро фурӯхтанду андози давлатро гирифтанд.ВИДЕО

Ozodi.org 

Нозирони Идораи андоз дар вилояти Суғд қисме аз биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилоятро ба дигар соҳибкорон фурӯхтаанд. Тибқи қарори Кумитаи андоз, шаш бинои мутааллиқ ба ин ширкатро аз 17-уми ноябри соли 2020 ба ҳабс гирифта, "барои рӯёнидани бақияи қарзи андоз" барои фурӯш дар музояда гузоштанд. Масъулони ин идора рӯзи 11 -уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки фурӯш охири соли гузашта сурат гирифт. Исроил Наимов, сардори шуъбаи ситонидани қарзҳои андоз дар вилояти Суғд... Читать дальше...

Панҷ нозири андозро дар вилояти Суғд аз кор рондаанд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, панҷ нозири андоз дар вилояти Суғд соли гузашта аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти  Суғд дар як нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми феврал хабар дод. Танҳо се нафари онҳо аз Идораи нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон будаанд. Дар гузашта бархе аз соҳибкорони ин шаҳр  аз амалкарди масъулони Идораи андоз эътироз карда  буданд. Фарҳод Юлдошев, молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар дарвозаи корхонааш навишта буд... Читать дальше...

Лукашенко гуфт, конститутсияи нав соли ҷорӣ омода мешавад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, ки 11 феврал аз минбари Анҷумани беларусии мардумӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тарҳи конститутсияи нави Беларус дар давоми сол омода мешавад. Раҳбари худкомаи Беларус гуфт, ки бовар дорад, кишвар бояд «ҷумҳурии президентӣ» боқӣ бимонад. «Ин кишвар бе Лукашенко мешавад – имрӯз не, фардо ё пасфардо. Ман як шахси қаҳрамон ҳам бошам, вақташ мерасад одамони дигар  меоянд. Онҳо дарро мекӯбанд. Ман садояшонро мешунавам», гуфт Лукашенко. Лукашенко пешниҳод кард, ки дар анҷуман тарҳи таҳрири Конститутсияи Беларус баррасӣ шавад... Читать дальше...

Мирзиёев ба шурӯи эмкунии аҳолӣ аз COVID-19 амр дод

Ozodi.org 

Дар Узбекистон президент амр дод, ки ба эмкунии сокинон алайҳи коронавирус шурӯъ кунанд. Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки рӯзи 10 феврал Шавкат Мирзиёев амр додааст, ки давоми як моҳ рӯйхати электронии сокиноне, ки воксинаи зидди коронавирусро дарёфт мекунанд, тартиб дода шавад. Феълан маълум нест, ки чӣ миқдом ва кадом навъи воксинаҳо ба Узбекистон ворид мешавад. Ботир Қурбонов, муовини раиси хадамоти амнияти санитарию эпидемиологӣ гуфт, ки воксинаи зидди коронавирус ба ин кишвар моҳи март ворид мешавад... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 11-уми феврали соли 2021 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дақиқ набудааст, муфтии Қирғизистон бо иттиҳоми фасод дастгир шуд вале тарафдораш мувофиқ нестанд, Эрон ба тавлиди урани филизӣ муваффақ шудааст ва матолиби дигар.

Вазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳо шарҳ дод

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.

Путин дар ҷаласаи пӯшида бо сардабирон Навалнийро баррасӣ кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин дар як ҷаласаи пӯшида бо сардабирони нашрияҳои русӣ рӯзи 10 феврал сабабҳои эътирозҳову заҳролудшавии Алексей Навалний, масдудкунии сервисҳои интернетӣ ва танзими нархи ғизоро баррасӣ кардааст. Дар ин бора бо такя ба ширкатдорони ҷаласа The Bell хабар додааст. Сардабири Lenta.ru Владимир Тодоров дар бораи масдудкунии интернет-сервисҳои ғарбӣ суол кардааст ва Путин гуфтааст, ки ҳукумат YouTube ва дигар шабакаҳоро феълан бастанӣ нест ва танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ин шабакаҳо масдуд мешаванд. Читать дальше...

Як мардеро дар Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи ноболиғ дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Як сокини Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовузи як писари ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Регар рух додааст.  Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро додситонӣ идома медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад. Читать дальше...

Вазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ шарҳ дод.ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.

Наҷотбахшони тоҷик мегӯянд, 216 нафарро "аз марг наҷот доданд"

Ozodi.org 

Маъмурони наҷот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта ҷони 218 нафарро аз марг наҷот дода ва ё аз вартаи ҳалокат раҳонидаанд. Раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтанд, ки соли 2020 ба ин кумита 781 маротиба барои кумак муроҷиат кардаанд ва дар ин сол “ҷони 216 нафарро аз марг наҷот доданд.” Ба гуфтаи онҳо, аз ин миён 148 нафарро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, аз об берун кашидаанд. Нуҳ нафари дигарро аз чанголи тармаву селоб раҳо кардаанд. Читать дальше...

663 оилаи тоҷикро ба дигар маҳаллаҳо мекӯчонанд

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта 515 мавзеи хатарнок барои зиндагиро сабт кардаанд ва бояд 2 соли дигар садҳо хонавода ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ҷамшед Камолов, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ кумита рӯзи 11-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин минтақаҳо 24 ҳазор хонавода бо беш аз 158 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд. Ба гуфтаи ӯ, то соли 2023 663 оила аз ин маҳалҳои ноамн барои зиндагӣ бояд ба минтақаҳои амн кӯч дода шаванд. Дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ... Читать дальше...

Лукашенко ҷаласаи монанд ба даврони шӯравиро барпо кард

Ozodi.org 

Александр Лукашенко як маҷлиси монанд ба даврони шӯравиро ифтитоҳ карда онро  “Анҷумани мардуми Беларус” номид. Ҳадафи он баррасии ислоҳот ва рушди кишвар дар 5 соли минбаъда мебошад. Эҳтимолан дар ин анҷуман инчунин тағйироти конститутсионӣ ҳам баррасӣ шавад, ки талоши дигар барои раҳидан  аз эътирозҳои серҷамъияти мардумӣ алайҳи ҳукумати ӯ мебошад. Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат аст, кори анҷумани дурӯзаро 11-уми феврал бо ин суханон шурӯъ кард, ки “ҳамлаи раъдосо”-и хориҷӣ болои Беларус ноком шуд. Читать дальше...

Идомаи баҳси ИА ва Маскав атрофи ҳабси Навалний

Ozodi.org 

Баҳси Русияву Иттиҳоди Аврупо сари масъалаи боздошт ва заҳролудшавии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний  идома дорад, дар ҳамин ҳол, тарафдорони  мунаққиди Кремлин ба эътирози нав омода мешаванд. Рӯзи 10-уми феврал додгоҳе дар Маскав амр дод, ки Леонид Волков, як муттафиқи Навалний, ки дар берун аз кишвар мебошад, боздошт шавад. Эҳтимолан ин амр ба даъвати ахири ӯ барои таҷаммӯи мардум дар рӯзи 14-уми феврал рабт мегирад, ки ба нишони эътироз аз ҳабси Навалний дар таърихи 17-уми январ барпо мешавад. Читать дальше...

Ҳамсари Алексей Навалний ба Олмон рафт

Ozodi.org 

Ҳамсари сиёсатмадори мухолифи Кремлин Алексей Навалний дар шароити номаълум ба Олмон сафар кард. Юлия Навалная шоми 10 феврал аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард. Радиои олмонии Deutsche Welle хабар дод, ки касе надид, ки Навалная  фурудгоҳро тарк карда бошад, вале чанде аз мусофирон тасдиқ карданд, ки ӯро дар дохили ҳавопаймои ширкати Lufthansa диданд. Дар бораи ба Олмон парвоз кардани Навалная оҷонсии Интерфакс хабар дод. Ҳуқуқшиноси Навалная – Светлана Давидова ба ТАСС гуфтааст... Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)


Дар нахустин сӯҳбати телефонии Байден ва Ҷинпин мавзӯи ҳуқуқи башар матраҳ шуд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден аввалин бор баъди шурӯи кораш дар мақоми раёсатҷумҳурӣ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Кохи Сафед дар изҳороте, ки 10 феврал нашр шуд, гуфт, “президент Байден ба нигаронии бунёдии худ дар бораи таҷрибаҳои маҷбуриву ноодилонаи иқтисодӣ, саркӯбҳои Ҳонгконг, нақзи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон ва рафтори хашинаш дар минтақа, аз ҷумла дар Тайван изҳори нигаронӣ кард”. Равобити миёни ду кишвари азими сайёра дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ҳуқуқи башар хеле бад шудааст. Читать дальше...

"Даҳҳо духтари тоҷикро бурданд, намедонем, бо онҳо чӣ карданд"

Ozodi.org 

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт мегӯяд, пандемияи коронавируси нав имкон надод, занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурияро ба кишвар баргардонанд. Урдугоҳҳое, ки ба гуфтаи Созмони Милал ва занони тоҷик вазъи тоқатфарсое доранд.

СММ: Эрон ба истеҳсоли металли уран шурӯъ кард

Ozodi.org 

Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ рӯзи 10 феврал гуфт, ки Эрон ба истеҳсоли миқдори хурди металли уран шурӯъ кардааст ва ин амалаш хилоф бо созиши соли 2015-и Теҳрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Рафаэл Гросси, раҳбари  Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ ба кишварҳои узв гуфт, ки нозирон 8 феврал тасдиқ карданд, ки дар корхонаи ҳастаии Исфаҳон 3,6 грамм металли уран истеҳсол шудааст. Бо вуҷуди ин ки ин миқдор кам аст ва ғанишуда нест, метали уран асоси  сохтани силоҳи ҳастаӣ шуда метавонад. Собиқ президенти ИМА Доналд... Читать дальше...

Ҳафт даста барои Ҷоми ФФТ мубориза мебарад

Ozodi.org 

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки имрӯз, 11-уми феврал, дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор шуруъ шуд, то 20-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 ҳафт дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи муқаддамотии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои ССКА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ)... Читать дальше...

Рӯзи дуюми мурофиаи импичменти Трамп дар Сенат

Ozodi.org 

Қонунгузорони демократ рӯзи 10 феврал парвандаи худ алайҳи собиқ президент Доналд Трампро муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ӯ дар ҳодисаҳои ҳамла ба Капитол дар рӯзи 6-уми январ як тамошобини бегуноҳ набуд, бакли   “таҳриккунандаи аслӣ”-и шӯриши марговар буд.  Тими демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки дар мурофиаи импичменти Трамп дар нақши додситонҳо  баромад мекунанд, дар рӯзи дуюми муҳокимаҳо давоми соатҳои дароз бо изҳори назарҳову намоиши видеоҳо аз суханрониҳои Трамп ва навиштаҳояш дар Твиттер талош... Читать дальше...

СҶТ воксинаи AstraZeneca-ро муассиртар аз дигарҳо номид

Ozodi.org 

Як гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки воксинаи ширкати AstraZeneca дар муқобила бо COVID-19 амну фоиданок будааст ва машварат дод, ки аз он фаровон истифода шавад. Аз ҷумла, ин  воксина барои истифода дар манотиқе машварат дода шудааст, ки  он ҷо навъи коронавируси Африқои Ҷанубӣ  ошкор шудааст. Гурӯҳи СҶТ оид ба машваратҳои стратегии   эмкунӣ  рӯзи 10-уми феврал гуфт, ки ҳафтаи оянда  AstraZeneca барои истифодаи изтирорӣ машварат дода мешавад. СҶТ барномаи системаи кишварҳои COVAX-ро роҳандозӣ кардааст... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах со здоровьем






Деловые и культурные связи стран постсоветского пространства решено укреплять

Сотрудники «Мострансавто» примут участие в субботнике Подмосковья

Главный тренер сборной России по синхронному плаванию надеется на поездку подопечных на ОИ-2028

Участки в ТиНАО выставили на аукцион под строительство торгово-бытовых объектов