ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 16.02.2021

Додгоҳи Бошқирдистон Фурқат Абдуфаттоевро, ки бо талаби Бишкек дар Русия боздошт шудааст, озод накард

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Бошқирдистон шикояти кассатсионии наздикони Фурқат Абдуфаттоевро баррасӣ кард ва бетағйир гузошт. Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукови байналмилалӣ қарор додааст рӯзи 1-уми феврал боздошт кард. Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро ба ширкат дар моҷароҳои марзӣ, ки санаи 13-уми марти соли 2019 рух додааст, айбдор мекунанд ва талаб дорад мақомоти Русия ӯро ба ин кишвар истирдод кунанд. Латиф Абдуфаттоев бародари Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Матбуот: Дар Қирғизистон шаш шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Матбуоти Қирғизистон бо истинод ба Хадамоти марзбонии худ аз боздошти шаш шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Ин хабарҳо рӯзи 16 феврал нашр шуданд, вале маълум нест, ки гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дақиқан кай боздошт шуданд. Боздошти ин гурӯҳ дар ҳолест, ки 10-уми феврал дар ҳудуди ноҳияи Лайлак сарҳадбонони қирғиз аз боздошти 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаашон, ғайриқонунӣ ва бесанад вориди хоки ин кишвар шуданд, хабар доданд.  Мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти гурӯҳи навбатии шаҳрвандонаш феълан иттилое нашр намекунанд. Читать дальше...

Ба зидди бародари Муродалӣ Алимардон парванда боз кардаанд. Чаро?

Ozodi.org 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нисбати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон - раиси "Агроинвестбонк", парванда боз кардааст. Парда Алимардонов феълан дар боздошт қарор дорад. Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Парда Алимардонов, аз "Агроинвестбонк" 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро "ғайримақсаднок" истифода бурдааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ӯ чигуна ин маблағҳоро "ғайримақсаднок" харҷ кардааст. Читать дальше...

То оғози Tel Aviv Grand Slam ду рӯз боқӣ монд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов намояндагӣ мекунанд

Хуҷа‑Командир дар латукуби як зиндонбон айбдор шудааст

Ozodi.org 

Хуҷа Каримов (Хуҷа‑Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқии собиқ, ки бо иттиҳоми даст доштан дар 20 ҷинояти куштор дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад, дар латукуби як корманди муассисаи ислоҳӣ ва чанд маҳбус айбдор шудааст. Як мақоми муассисаи ислоҳӣ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 16‑уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса ду ҳафта пеш рух додааст. Ӯ гуфт, Хуҷа Каримов ҳангоми муноқиша бо чанд маҳбус ба зиндонбоне, ки мехост, аз ин хархаша пешгирӣ кунад, ҳамла кардааст. Ба гуфтаи ин мақом... Читать дальше...

Роҳи донишҷӯён ба Русия боз шуд, вале на аз Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия тартиби сафари донишҷӯёни хориҷиро барои идомаи таҳсил дар донишкадаҳои ин кишвар муайян кард. Вале иҷозати сафар танҳо ба кишварҳои рабт мегирад, ки парвозҳои оддияшон бо Русия барқарор шудааст. Пештар гуфта мешуд, ки бо сабаби баста будани роҳҳо зиёда аз 3000 донишҷӯи тоҷик натавонистаанд, ба Русия баргарданд ва дар ватан низ ба иллати сустӣ ва гаронии нархи интернет аз таҳсили маҷозӣ дур монданд. Аз сӯи дигар то ҳол байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои муқаррарӣ аз сар гирифта нашудаанд. Читать дальше...



Столтенберг: Толибон бояд ӯҳдадориҳои сулҳро беҳтар иҷро кунанд

Ozodi.org 

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ҷангиёни Толибон бояд барои иҷрои созиши порсолаи сулҳ бо ИМА бештар талош кунанд, то ки берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то  моҳи маи имсол имконпазир шавад. Столтенберг, ки 15 феврал дар шурӯи ҷаласаи вазирони дифои узви НАТО дар Брюссел сӯҳбат мекард, гуфт, “Толибон барои иҷрои ӯҳдадориҳои гирифтаашон ҳанӯз кори зиёдеро бояд анҷом диҳанд”. Масъалаи калидии мавриди баррасӣ дар ҷаласа ин аст, ки то куҷо Толибон созиши сулҳро дуруст иҷро мекунанд ё на. Читать дальше...

Ҳукумати низомии Мянмар аз ғасби қудрат ҳимоят кард

Ozodi.org 

Фармондеҳони низомии Мянмар дар нахустин нишасти матбуоти худ 16 феврал аз ғасби ҳукумати маданӣ дар ин кишвар дар таърихи 1 феврал ҳимоят карда гуфтанд, ки ин кудато неву посух ба тақаллуби натиҷаҳои интихоботи порсол мебошад. Дар изҳороти сухангӯи низомиён гуфта шуд, ки баъди интихоботи нав назорат бар ҳукумати маданӣ барқарор мешавад. Генерал Зав Мин Тун гуфт, “ҳадафи мо баргузории интихобот ва ба ҳизби барандаи он додани қудрат мебошад”. Низомиён нагуфтанд, ки интихоботи нав кай баргузор мешавад... Читать дальше...

ИМА ва Русия табодули зиндониҳоро баррасӣ доранд

Ozodi.org 

Вакили дифои собиқ маллоҳи амрикоӣ Пол Уилан дар сӯҳбат бо хабарнигори оҷонсии Рейтерс дар Маскав гуфт, ки Русияву ИМА масъалаи эҳтимоли табодули зиндониҳоро баррасӣ мекунанд. Владимир Жеребёнков гуфтааст, музокираҳо бо ташаббуси ҷониби ИМА баъди сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден шурӯъ шуданд. Пол Уилан моҳи декабри соли 2018 дар Маскав боздошт, дар ҷосусӣ ба муқобили Русия гунаҳкор ва ба 16 соли ҳабс маҳкум шуд. Уилан ин иттиҳомро рад мекунад. ИМА чандин бор талаб кард, ки низомии собиқ озод шавад. Читать дальше...

Пархошҳо зидди табаддулоти ҳарбӣ дар Мянмар

Ozodi.org 

Раҳбарони низомии Миянмар ё Бурма муҳлати боздошти Су Чиро, ки 15 феврал ба поён расид, дароз карданд. Ин қарор намоишҳои норозиёнро, ки пас аз табаддулоти ҳарбӣ сар шудаанд, ба авҷ мерасонанд.

Дастрасӣ ба оби тоза бештар шуд, аммо 68%-и мардуми деҳот ҳамоно "ташнаанд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар шаҳру деҳот дар ду соли ахир сеюним дарсад бештар шудааст. Шикояти сокинони деҳот ва бархе маҳаллаҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ ҳанӯз коҳиш наёфтааст. 68 ДАР САДИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ ОБИ ПОК НАДОРАНД Масъулoни корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гуфтанд, ҳоло 65 дарсади аҳолии шаҳр ба обӣ пок дастрасӣ доранд, вале баръакс, дар деҳот, 68 дар сади сокинон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Мушкили дастрасӣ ба об борҳо... Читать дальше...

Дар ҷои “Ҷал-Ҷам” қарор аст, "шаҳраки замонавӣ" бунёд шавад

Ozodi.org 

Мақомот мегӯянд, дар ҷои собиқ бозори “Ҷал-Ҷам” дар Душанбе шаҳраки нави замонавӣ бунёд мешавад. Ба гуфтаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт, тибқи лоиҳа, шаҳраки мазкур аз биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, кӯдакистон ва мактаб барои 1200 нафар иборат хоҳад буд. Бозори бузурги масолеҳи сохтмонии “Ҷал-Ҷам”-и Душанбе аввали соли 2020 вайрон карда шуд. Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба маҷмааи нави савдои “Кӯшониён” дар мавзеи наздикии Маркази... Читать дальше...

Эрон гуфт, нозирони IAEA ба санҷиши ногаҳонӣ роҳ дода намешаванд, агар...

Ozodi.org 

Эрон мегӯяд, агар тамоми кишварҳои узви Созиши ҳастаии соли 2015 бар асоси бандҳои ин паймон уҳдадориҳои худро иҷро накунанд, сар аз ҳафтаи оянда ба тафтишҳои ногаҳонии коргоҳҳои ҳастаӣ аз сӯйи муфаттишони Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ () иҷозат нахоҳад дод. Рӯзи 15-уми феврал фиристодаи Эрон дар Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, ки кишвараш ин бунгоҳи СММ-ро аз тасмимаш огаҳ кардааст. Козим Ғариб Ободӣ дар шабакаи Твиттер навишт, ки ин қарор 23-уми феврал ба ҳукми иҷро медарояд. Дар... Читать дальше...

Новости России
Москва

Зацепиться за угол. Какое жильё можно купить в Москве за миллион-полтора


Блинкен ба таҳқиқи мушакборони Курдистони Ироқ даъват кард

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен даъват кардааст, ки ҳодисаи мушакборони минтақаи Курдистони Ироқ таҳқиқ шавад. Бар асари ин ҳамла, шаби 16 феврал  дар канораҳои шаҳри Ирбил як нафар кушта ва панҷ каси дигар, аз ҷумла як ходими амрикоӣ, маҷруҳ шуданд. Блинкен таъкид кардааст, ки аз ин амал "хашмгин" буда, ваъда додааст, ки "дар таҳқиқи ҳамла ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони он кӯмак мерасонад". Дар изҳороти вазорати корҳои дохилии Курдистон гуфта шудааст, ки мушакҳо аз минтақаи ҷанубии Ирбил - назди марзи вилояти Киркук партоб шуда... Читать дальше...

Полиси тоҷик ронандаеро боздошт кард, ки боиси ҷароҳати ду нафар шуд

Ozodi.org 

Вазорати  корҳои  дохилии Тоҷикистон як сокини 29-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро дастгир кардааст. Азизбек  Ҷӯрабеков ба он муттаҳам мешавад, ки бо мошини "Лексус"-аш ду ҷавонро пахш намуда, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст. Ҳодиса 8-уми феврал дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ба амал омадааст. Вазорат мегӯяд, Ҷӯрабеков  шабонгаҳ дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда,  ду нафар аз сокинони ин ноҳия - Музаффар Гулзода ва Бохтовар Маҳсуддизодаро, ки дар канори роҳ қарор доштанд, пахш кардааст. Читать дальше...

ФСБ гуфт, гурӯҳе, ки аз тақаллуби санадҳои муҳоҷирон пул меёфт, боздошт шуд

Ozodi.org 

Нерӯҳои  Хадамоти амнияти федералии Русия  ё худ ФСБ гуфтанд, аз фаъолияти гурӯҳе ҷилавгирӣ намуданд, ки  дар вилояти Маскав ва Забайкалйе ба сабтиноми  ғайриқонунии муҳоҷирон машғул буданд. Мақомот мегӯянд,  гурӯҳи мазкур - иборат аз 10 нафар, барои ҳазорҳо муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ таҳия кардаанд. Дар хабарномаи хадамоти ФСБ омадааст, аъзои гурӯҳи боздоштшуда бар ивази маблағ ба таври густурда  санадҳои тақаллубӣ, варақаҳо ва мӯҳрро барои вуруд ва будубоши ғайриқонуни шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти Маскав тайёр мекардаанд. Читать дальше...

Мақоми Қирғизистон: музокироти марзӣ бо Тоҷикистон моҳи март идома меёбад

Ozodi.org 

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар аввали моҳи март музокиротро дар мавриди ташхис ва аломатгузории марзи байни ду кишвар аз сар мегиранд. Хабаргузориҳои қирғизӣ  аз қавли Назирбек  Борубоев, намояндаи хоси ҳукумати Қирғизистон оиди масоили марзӣ менависанд, ки  кори комиссияи ҳукуматӣ дар ин замина бинобар пандемияи коронавирус   ба таъхир афтод. Ин мақомдор аз ҷумла гуфтааст, ки  Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба масъалаи ташхису аломатгузории марз аз соли 2002 шурӯъ карда, дар марвиди 60 фойизи сарҳад ба мувофиқа расидаанд. Читать дальше...

Чаҳор варзишгари тоҷик ба бистгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дохил шуд

Ozodi.org 

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) чаҳор узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бистгонаи беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил кард. Феҳристи нав дар вебсайти ин ташкилот нашр шудааст. Муҳаммад Икромов миёни гуштигирони тоҷик дар мавқеи хубтар қарор дорад. Ӯ дар раддабандии вазни то 61 кило оид ба гуштии озод ҷойи 12-умро соҳиб шудааст. Дар ин навъи гуштӣ ду паҳлавони дигари тоҷик - Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило ҷойи 13-ум ва Искандари Рустам дар вазни то 97 кило ҷойи 17-умро касб кардаанд. Читать дальше...

$ 8 миллион Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои эмкунии зидди COVID-19

Ozodi.org 

Бонки ҷаҳонӣ барои ваксинзанӣ ба муқобили COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт медиҳад. Ин созмони байналмилалии молӣ мегӯяд, аз ҳисоби ин маблағҳо пизишкон, муаллимон, афроди бознишаста ва дорои бемориҳои музмин бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.  Ваксина  аз ҷониби  бунёди атфоли СММ ё худ Юнисеф харидорӣ ва ба Тоҷикистон  расонида мешавад. Таъминот бо ваксинаи COVID-19 дар доираи барномаи  COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалӣ мегардад.  Шумораи дақиқи онҳое... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Кудерметова выиграла турнир WTA в Штутгарте в парном разряде






Парк «Зарядье» запустил мультимедийную выставку в честь Дня Победы в Москве

«В России игр нет»: вышел иностранный документальный фильм о Валиевой и «Самбо-70»

«Русские „ограбили“ нас». ЦСКА обвинили в подкупе судей 19 лет назад

Один из учредителей компании «Олимпситистрой» дал показания против Иванова