ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 19.02.2021

Ёриҳо, ислоҳот ва баҳо ба интихоботҳо дар ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар ҳамоиши маҷозии Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) номгӯйи фарохи робитаҳои ду ҷониб, аз кӯмакҳои аҳди COVID-19 гирифта, то вазъи ҳуқуи инсону интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон ва ислоҳоти қонунгузориҳо дар ин кишвар баррасӣ шуданд.

"Ё бо моед, ё дар зиндон". Тихановская зиндонӣ шудани журналистонро маҳкум кард

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская гуфт, ки мақомоти ин кишвар бо зиндонӣ кардани журналистон ин паёмро медиҳанд, ки "шумо ҷонибдори режим ҳастед ва ё ҷоятон зиндон мешавад".

Сомон Маҳмадбеков ба даври сеюм роҳ ёфт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Пас аз ду бохти пайдарпайи Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021, варзишгари дигари тоҷик ба даври сеюм роҳ ёфт

Нокомии се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tel Aviv Grand Slam 2021" 

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки дар пойтахти Исроил – Тел-Авив ҷараён дорад, се паҳлавони тоҷик ноком шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 421 варзишгар (247 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад. Рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир гардид. Тоҷикистон дар ин вазнҳо намоянда надошт. Читать дальше...



Журналисти туркман ошкоро президент Бердимуҳаммадовро танқид кард

Ozodi.org 

Султон Очиловаи 71-сола, як журналисти туркман дар видеои камназире, ки дар YouTube нашр кард, раҳбари худкомаи Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои таъмин накардани аҳолии Ашқобод бо гармиву захираҳои об дар сардиҳои зимистони имсола интиқод кард. Дар видеое, ки 18 феврал дар YouTube нашр шуд, Очилова, собиқ хабарнигори бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки дигари ҳеҷ гоҳ Бердимуҳаммадовро як шахси “боэътибор” нахоҳад номид, чунки “миллионҳо туркманҳо дигар аз муддатҳо пеш шуморо эҳтиром намекунанд”. Читать дальше...

Вазир: "Одинаев шиканҷа нашудааст". Наздиконаш: "Миён ва пояш шикастаанд"

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилӣ шикояти Маҳмурод Одинаев дар бораи шиканҷа шуданаш аз сӯи маъмурони пулисро рад кард. Пештар Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар вақти эълони ҳукмаш гуфт, маъмурони пулис ҳангоми бозпурсӣ ӯро таҳти шиканҷа қарор додаанд. Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилӣ рӯзи 19-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Одинаев ҷиноят содир карда, пинҳон шуд ва касе ҳам ӯро шиканҷа накардааст. Вазир хитоб ба хабарнигорон гуфт, "баъд, аз худи ӯ напурсидед... Читать дальше...

Маскав ба муҳоҷирон ҳушдор дод, ки бе патент кор накунанд, вагарна ихроҷ мешаванд

Ozodi.org 

Ҳукумати шаҳри Маскав ба муҳоҷирон ва кордиҳандагон ҳушдор додааст, ки бидуни патент фаъолият накунанд вагарна ихроҷ ва ҷарима мешаванд. Депортаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав рӯзи 18-уми нобяр бо нашри як изҳорот гуфтааст, бинобар хуруҷи пандемияи короновирус аз 15-уми март то 15-уми июни соли 2020 ба муҳоҷирон ҳақ дода шуда буд, пули патентро напрдозанд ва ҳам кордиҳандагон низ имкон доштанд бидуни патент муҳоҷиронро ба кор пазиранд. Аммо дар ин изҳорот гуфта мешавад, қисме аз муҳоҷирон... Читать дальше...

Генерал Раҳимзода гуфт, зарурате барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ нест

Ozodi.org 

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан зарурате намебинад, ки рутбаҳои низомӣ дигар карда шаванд. Изҳори назари Раҳимзода баъд аз он садо медиҳад, ки масъулини Кумитаи забон гуфтанд, гузина (вариант)-и тоҷикии рутбаҳои низомиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст.   Рамазон Раҳимзода рӯзи 19-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, дар шароити буҳрони иқтисодӣ, иваз кардани номи рутбаҳои низомӣ сарфи зиёдатиро талаб мекунад. Ба ин хотир вазири корҳои дохилӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омӯзем, мумкин аст".

Тоҷикистон барои "Роғун" аз хориҷа сармоягузор меҷӯяд

Ozodi.org 

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои идомаи маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо сармоягузорони хориҷӣ мувофиқа ҳосил шудааст. Ҷамшед Каримзода, мувоини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасте дар Душанбе ба хабарнигорон дар ин бора итилоъ дод, вале нагуфт, Тоҷикистон бо кадом давлат ва ё сармоягузори хориҷӣ барои сармоягузории сохтмони Роғун музокирот пеш мебарад. Ҳоло Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои будҷаи давлат сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома дода истодааст. Читать дальше...

"Облава" буд, ё набуд? Баҳси хабарнигор бо додситон

Ozodi.org 

Додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳеҷ ҳолати “облава” ё бо зур бурдани ҷавонон ба сафи артиш дар даъвати тирамоҳии соли гузаштар сабт накардааст. Хабарнигорон ва сокинон аз даҳҳо ҳолати бо зур бурдани ҷавонон ба артиш сӯҳбат мекунанд.

Ғарб аз Эрон талаб кард, ки ба иҷрои шартҳои созиши атомии соли 2015 баргардад

Ozodi.org 

Дипломатҳои баландпоя аз ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониё аз Эрон талаб карданд, ки ба созиши ҳастаии соли 2015, ки онро се сол баъдаш ИМА тарк кард, баргардад. Созише, ки зери он инчунин Чину Русия имзо гузоштаанд, аз Ҷумҳурии Исломӣ талаб мекунад, ки даст аз  ғанисозии ураниум бардорад ва бар иваз аз таҳримҳои байналмилалӣ раҳо мешавад. Президент Доналд Трамп соли 2018 бо зикри ин, ки ин созиш ба таври кофӣ Эронро аз фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна бознамедорад, аз он берун шуд ва Теҳрон... Читать дальше...

Сафири ИМА гуфт, қазияи Навалний танҳо кори дохилии Русия нест

Ozodi.org 

Сафири ИМА дар Русия  Ҷон Салливан изҳороти Маскавро рад кард, ки гуфтааст, қазияи заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳукми ҳабси ӯ “танҳо кори дохилии Русия” аст. Салливан, ки 16 феврал аз Маскав ба саволҳои  ТВ «Настоящее время» посух  медод, гуфт, “ИМА манфиатдори доман задани баҳс бо Русия ваё ташвиқ кардани эътирозҳо дар ин кишвар нест”. Дипломати амрикоӣ аз тасмими мақомоти Русия бар асоси қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ” ҳадаф қарор додани матбуот, аз ҷумла, Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ интиқод кард ва гуфт... Читать дальше...

Новости России
Москва

Порт пяти морей. В Москве стартовал летней сезон речной навигации


ИМА 43 мақомдору масъулони Беларусро таҳрим кард

Ozodi.org 

ИМА гуфт, ки 43 шахси “масъули ба ҳам задани равандҳои демократӣ” дар Беларус, аз ҷумла, чанд фарди баландмақомро таҳрим мекунад. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 18 феврал бо нашри изҳороте гуфт, ки Вашингтон аз “саркӯби хушунатбори эътирозгарони сулҳомез, фаъолони демократӣ ва журналистон” аз ҷониби мақомоти ҳукумати зери назари раҳбари худкома Александр Лукашенко нигарон боқӣ мемонад. Дар изҳорот омадааст, “рейдҳое, ки созмони ҳомии ҳуқуқи инсони “Весна”, Анҷумани журналистони Беларус ва... Читать дальше...

Аломатҳои тағйирот дар равобити ИМА ва Эрон

Ozodi.org 

Зоҳиран дар талоши поин овардани мизони таниш дар равобит бо  рақиби деринааш  ИМА гуфт, ки омода аст барои баррасии барномаи ҳастаӣ бо Эрон мулоқот кунад ва айни замон ҳаракати дипломатҳои эронии сабтиномшуда дар назди қароргоҳи СММ-и воқеъ дар Ню-Йоркро сабуктар кард. Рӯзи 18 феврал маъмурияти ИМА инчунин  Шӯрои амниятро огоҳ кард, ки  моҳи сентябри соли 2020 аризаи президенти собиқ Доналд Трампро, ки таҳримҳои СММ-ро болои Эрон барқарор мекард, бозхонд карда буд. Дар номааш иҷрокунандаи сафири ИМА дар СММ гуфт... Читать дальше...

Шарифамоҳ, фариштае дар ҷабҳаи аввали ҷанг бо COVID-19. Мустанади "Озодӣ"

Ozodi.org 

Ӯ ба садҳо бемор мадад расонд, баъд худ гирифтори коронавирус гашт. Пас аз шифоёбӣ дубора ба кор баргашт. Он ҳам замоне ки авҷи сирояти COVID-19 шумурда мешавад. Ягона зан ронандаи "Ёрии таъҷилӣ", 65-сола шуд, ин шабу рӯз низ бо суръати баланд беморони вазнинро ба бемористон.

"ҲНИТ дар ҳеч кишвари ҷаҳон нерӯи мусаллаҳ надорад". Кабирӣ изҳороти раҳбари амниятиҳои афғонро рад кард

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Тоҷикистон барои ваксиназанӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ $21 млн қарзи бебозгашт хостааст

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои ваксинзанӣ ба муқобили COVID-19 аз Бонки ҷаҳонӣ 21,3 миллион доллар маблағҳои бебозгашт ё грантӣ дархост кардааст. Дар ин бора Ҷамшед Каримзода, муовини аввали Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, бо ин маблағ дар назар аст беш аз 1 миллиону 800 ҳазор ва ё 20 дарсади аҳолии кишвар ба ваксинзанӣ фаро гирифта шаванд. Намояндагони вазорат дақиқ нагуфтанд, ки ваксиназанӣ ройгон сурат мегирад ё на. Танҳо таъкид намуданд, ки феълан масъалаи дарёфти маблағ дар баррасӣ аст ва бо дастрас намудани он... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Кинофестиваль «Меридианы Тихого» пройдёт во Владивостоке 13—19 сентября

В Петрозаводске арестовали 15-летнего подростка, ранившего девушек ножом

Bloomberg: Франция требует новых антироссийских санкций от стран Евросоюза

«Министр культуры Исландии отказался оплатить мне поездку в Москву»