ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 22.02.2021

Қатли ҷавони ошиқ, баёнгари мушкили пардохти ҷуброн дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Маъмурияти зиндони сеи шаҳри Хуҷанд гуфт, маҳбусе, ки дар куштори ошиқи духтараш муттаҳам аст, фақат  ду дарсади товонеро пардохтааст, ки додгоҳ муайян карда буд. Ҳодиса панҷ сол пеш рух дод ва додгоҳ ба ин мард амр дод, ба волидони писар 105 ҳазор сомонӣ ҷуброни моддиву маънавӣ пардозад. Волидони ҷавони кушташуда аз кашолкорӣ дар пардохти ҷуброн шикоят доранд, волидони марди маҳкумшуда аз суҳбат дар бораи ин мавзуъ худдорӣ мекунанд.   Баҳори соли 2015 додгоҳи шаҳри Исфара Бадриддин Шарофов,... Читать дальше...

Ҷасади Беҳном Маҳҷубиро бо ҳавопаймо ба Кирмон бурда дафн карданд

Ozodi.org 

Беҳном Маҳҷубии 33-сола, як узви  зиндонии ҷомеаи сӯфиёни Гунободии Эрон, ки барои  ширкат дар эътирозҳои соли 2018 ба ду соли зиндон маҳкум шуду дар беморхонае даргузашт, рӯзи 22-юми феврал дар Кирмон ба хок супурда шуд. Радио Фардо мегӯяд, маросими дафни Маҳҷубии зиндонӣ бо вуҷуди он сурат гирифт, ки модараш ба мақомот гуфт, то замони мушаххас шудани сабаби воқеии марги писараш иҷоза намедиҳад, ки ӯро ба хок супоранд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бар асари истеъмоли аз ҳад беши дору даргузашт. Бино ба иттилои ахир... Читать дальше...

Чин хостори бекор шудани маҳдудиятҳои тиҷоратии ИМА шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 22 феврал давлати Чин аз маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден хост, ки маҳдудиятҳо дар тиҷоратро бардорад ва, ба қавли Пекин, “дахолати беасос” ба умури Тайван, Ҳонгконг, Шинҷон ва Тибетро хотима диҳад. Изҳориназарҳои вазири хориҷаи Чин Ван И дар ҳоле садо дод, ки Пекин маъмурияти нави ИМА-ро тақозо кард, ки бисёр қарорҳои нисбати Чин қабулкардаи маъмурияти президенти собиқ Доналд Трампро бекор кунад. Соли 2017 Трамп боҷи моли содиротии Чинро боло бурда, ширкатҳои фанноварии ин кишварро таҳрим кард... Читать дальше...

Эҳёи созиши 110 саҳифаӣ бо Эрон осон хоҳад буд, ё не?

Ozodi.org 

Аз як рӯзи тобистонии соли 2008 ҳафт сол гузашт, ки он рӯз дипломати аршади амрикоӣ бо ҳамтои эрониаш паси як мизи нишастанду дар бораи барномаҳои атомии Эрон суҳбат карданд. Баъдан ва дар ниҳоят соли 2015 созише имзо шуд, ки ҳадафи он роҳ надодан ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ буд.

Ҳушдори раҳбари СММ аз "зӯри бераҳмона" нисбати эътирозгарони Мянмар

Ozodi.org 

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 22 феврал истифодаи “зӯри бераҳмона” алайҳи эътирозгарони ғасби қудрат дар Мянмарро маҳкум карда хатми билофосилаи саркӯбҳову озодкунии зиндониҳоро тақозо кард. Гутерреш тавассути як паёми видеоии аз пеш сабтшудааш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, “имрӯз ман аз низомиёни Мянмар тақозо мекунам, ки саркӯбҳоро билофосила хотима диҳанд. Зиндониҳоро озод кунанд, хушунатҳоро хотима диҳанд. Ҳуқуқи башар ва иродаи мардум дар робита бо интихоботи ахирро эҳтиром кунанд”. Читать дальше...



Дарвеши Гунободии зиндонӣ дар беморхонаи Эрон даргузашт

Ozodi.org 

Мақомот дар Эрон мегӯянд, ки як фаъоли зиндонӣ аз аққалиятҳои динии дарвешони Гунободӣ бар асари заҳролудшавӣ аз маводи дорувор даргузашт. Беҳном Маҳҷубии 33-сола дар қатори дигар аъзои ҷомеаи сӯфиёни Гунободӣ барои ширкат дар эътирозҳои соли 2018 муттаҳам шуд ва моҳи июни соли 2020 ба иҷрои мӯҳлати дусолаи зиндон пардохт. Батул Ҳусейнӣ, модари Маҳҷубӣ дар як паёми видеоӣ, ки аз ҷониби фаъолон нашр шуд, гуфт, то замоне, ки сабаби марги писараш мушаххас нашавад, намегузорад, ки ӯро хоксупорӣ кунанд. Читать дальше...

Эҳёи созиши 110 саҳифаӣ бо Эрон осон хоҳад буд, ё не? САДО

Ozodi.org 

Аз як рӯзи тобистонии соли 2008 ҳафт сол гузашт, ки он рӯз дипломати аршади амрикоӣ бо ҳамтои эрониаш паси як мизи нишастанду дар бораи барномаҳои атомии Эрон суҳбат карданд. Баъдан ва дар ниҳоят соли 2015 созише имзо шуд, ки ҳадафи он роҳ надодан ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ буд.

Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ суханронӣ мекунад

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 22-юми феврал дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод. Дар ин ҷаласаи маҷозӣ Шавкат Мирзиёев "дар мавзуи авлавиятҳои ташаккули демократия дар Узбекистон ва самтҳои асосии фаъолият дар доираи Шӯрои ҳуқуқи инсон", суҳбат мекунад. Дар ин ҷаласа Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, Комиссари олӣ дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет, сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо барои ҳабси Навалний Русияро аз нав таҳрим мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст 22-юми феврал вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои нав алайҳи Русияро муаррифӣ кунанд. Ин таҳримҳо дар посух ба ҳабси сиёсатмадори мухолифон Алексей Навалний ва саркӯби эътирозгарону ҳамкорони ӯ ҷорӣ хоҳанд шуд. Дипломатҳои баландпоя аз 27 кишвари узви ИА дар Брюссел ҷамъ шуда нисбати шахсияту сохторҳо таҳримҳои ҳадафмандонаи мисли манъи додани виза ва масдкудкунии дороиҳоро ҳамчун муҷозот барои нақзи ҳуқуқи инсон ҷорӣ мекунанд. Ин таҳаввулот натиҷаи баҳсҳои чандҳафтаинаи дохилӣ дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо мебошад. Читать дальше...

Мусаллаҳон дар Покистон чор бонуи корманди созмони ҷамъиятиро куштанд

Ozodi.org 

Ҳамлаи ҷангиёни эҳтимолӣ ба мошине дар минтақаи шимолуғарби Покистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, боиси кушта шудани  чаҳор бонуи фаъоли ҷамъиятӣ ва маҷрӯҳ шудани ронандаи онҳо шуд. Шафиулло Гандапур, раиси полиси ноҳияи Вазиристони Шимолӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла рӯзи 22 феврал дар деҳаи Иппии шаҳри Миралӣ рух дод. Раҳбари полис гуфт, ки ҳамлагарон баъди ин ҳамла ба сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд ва нирӯҳои амниятии ба минтақа сафабаршуда онҳоро ҷустуҷӯ доранд. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Читать дальше...

Шумори қурбониҳои коронавирус дар ИМА ба ним миллион нафар наздик шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори қурбониҳои коронавирус ба 500 ҳазор нафар наздик шудааст. Ин дар ҳолест, ки бо суръат бахшидани барномаи эмкунӣ бар зидди коронавирус, ҳодисаҳои олудашавӣ ба ин вирус дар ИМА тадриҷан кам мешавад. Дар саросари ҷаҳон талафоти инсонҳо аз олудагӣ ба COVID-19 ба 2,5 миллион нафар наздик мешавад, ҳарчанд бовар меравад, ки шумори воқеии талафот бар асари ин вирус ба маротиб бештар мебошад. Дар ИМА аз мавҷи сеюми вирус берун мешаванд ва мутахассисони тиб мегӯянд, ки ҳодисаҳои олудашвии нав... Читать дальше...

Додситонии Қазоқистон баъди таркишу сухтор дар Петропавловск парванда боз кард

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Қазоқистони Шимолӣ баъди таркиш ва сухтор дар бинои истиқоматие, ки боиси марги ду одам шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. "Барои муайян кардани сабабҳои таркиш ташхис гузаронида мешавад", - хабар додааст додситонӣ. Таркиш рӯзи 21 феврал дар як бинои панҷтабақаӣ рух дода, боиси сухтор гардид. Ба эҳтимоли зиёд, манбаи таркиш балоги газ будааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ду кас фавтида, як каси дигар дар бемористон бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ дар ин ҳодиса 16 кас зиён дидааст. Читать дальше...

Путин ва Лукашенко дар Сочи мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Беларус Александр Лукашенко 22-юми феврал дар шаҳри Сочии Русия дидору гуфтугӯ мекунанд. Мулоқоти ин ду раҳбар дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки ҳардуи онҳо дар дохили кишвар бо эътирозҳои мардумӣ ва фишори афзояндаи Ғарб рӯбарӯ шудаанд. Кремл дар иттилоияи ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин ду раҳбар дар баробари мавзӯъҳои дигар инчунин масъалаҳои иқтисодӣ, энержӣ, амният, ҳамгироиро баррасӣ мекунанд.  Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳои... Читать дальше...

ИА барои ҳабси Навалний Русияро аз нав таҳрим мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст 22-юми феврал вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои нав алайҳи Русияро муаррифӣ кунанд. Ин таҳримҳо дар посух ба ҳабси сиёсатмадори мухолифон Алексей Навалний ва саркӯби эътирозгарону ҳамкорони ӯ ҷорӣ хоҳанд шуд. Дипломатҳои  баландпоя аз 27 кишвари узви ИА дар Брюссел ҷамъ шуда нисбати шахсияту сохторҳо таҳримҳои ҳадафмандонаи мисли манъи додани виза ва масдкудкунии дороиҳоро ҳамчун муҷозот барои нақзи ҳуқуқи инсон ҷорӣ мекунанд. Ин таҳаввулот натиҷаи баҳсҳои чандҳафтаинаи дохилӣ дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо мебошад. Читать дальше...

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба бошгоҳи «Тамбов»-и шаҳри Тамбов, ки дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад, гузашт. «Тамбов» баъди натиҷагирии даври 19-уми Премйер-лигаи Русия бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар минтақаи хатар – ҷойи охирин - қарор дорад. Бошгоҳ бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст ва ахиран бо кӯмаки молии Премйер-лигаи Русия ширкати худро дар мусобиқот идома медиҳад.   «Тамбов» дар даври 1/8 финали Ҷоми Русия рӯзи 21-уми феврал... Читать дальше...

Ҳамлаҳои пайдарпай дар Кобул. Нолаҳои кӯдакон хашми мардумро барангехт

Ozodi.org 

Навори нашршудаи видеоӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ аз таркиши рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул, саҳнаи дилхарошеро нишон медиҳанд. Ин навори дилхарош, хашми мардумро барангехт. Пойтахти Афғонистон шоҳиди се таркиш буд, ки дар он панҷ нафар кушта шуд, ки миёни онҳо як кӯдак низ мебошад. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, таркиш бар як мошини дар наздикии минтақаи Баракӣ дар ноҳияи чаҳоруми шаҳр рух дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар ҷон бохта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд. Дар наворҳо... Читать дальше...

Сармураббии дастаи ҷудои Тоҷикистон: "Ҳадафи мо касби имтиёзҳои олимпист”  

Ozodi.org 

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи "Тоскӯлоҳи бузург" (“Tel Aviv Grand Slam 2021”), ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив – баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Фаронса ба анҷом расид. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 418 варзишгар (244 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби се нишони тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ (бо дарназардошти... Читать дальше...

Манбаъ: домоди президенти Узбекистон баъди садама дар хориҷ табобат мегирад

Ozodi.org 

Отабек Умарови 36-сола, домоди хурдии президенти Узбекистон баъди як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 13 феврал рух дод, 15 феврал бо як ҳавопаймои махсус нахуст ба Москва ва баъдан ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Отабек Умаров солҳои 2012 то 2016 дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ фаъолият дошт ва бо забони куриёӣ озодона суҳбат мекунад. Вай баъди садама гуфтааст, мехоҳад дар Куриёи Ҷанубӣ табобат гирад. Отабек Умаров, ки ҳамзамон муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлати Узбекистон аст, шоми... Читать дальше...

Покистон донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро аз "рӯйхати сиёҳ" баровард

Ozodi.org 

Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи сафари кориаш ба Покистон донишгоҳҳои тиббии кишварашро аз "рйӯхати сиёҳ"-и Покистон баровард. Аз маркази матбуотии вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфтанд, Бейшеналиев бо президенти Комисияи тиббии Покистон Аршад Такӣ мулоқот ва масъалаи донишгоҳҳои тиббии кишварашро ҳал кардааст. Ҳамакнун шаҳрвандони Покистон, ки донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро хатм мекунанд, ба имтиҳонсупорӣ дар Комисияи тиббии Покистон роҳ дода мешаванд. Читать дальше...

Қазоқистон силоҳи "Калашников" харидорӣ кард

Ozodi.org 

Мудири кулли ширкати "Калашников" Дмитрий Тарасов хабар дод, ки Арманистон ва Қазоқистон силоҳҳои нави навъи "АК-12"-ро дастрас карданд. Ба гуфтаи ӯ, Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст. "Теъдоди на он қадар зиёди силоҳи АК-12 ба Арманистон ва Қазоқистон интиқол дода шуд. Ҳоло Белорус низ алоқаманди дарёфти ин навъи силоҳ аст", - Тарасов дар намоишгоҳи низомии IDEX дар АМА. Расонаҳо 20 феврал хабар доданд, ки силоҳҳои "Калашников"-и навъи АК-12 ва АК-15 ба бозори содиротӣ баромаданд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова победила Самсонову в первом круге турнира WTA в Штутгарте






55-летнего маньяка-насильника из Тулы задержали в Москве

G7 введет санкции против всех стран мира, сотрудничающих с Россией

В Долгопрудном доноры сдали около 25 литров крови

МВД опубликовало видео опроса подозреваемого в убийстве байкера в Москве