ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Новости за 24.02.2021

Оё Тоҷикистон як вилояти Чин (Хитой) буд? Бахши 2

Ozodi.org 

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик Дар қисми аввал баъзе аз мушкилоти таърихи қадими Минтақаи ғарбӣ (Шинҷон), нуфузи Кушониёну сулолаи Хон (206-и пеш аз милод ва 220-и милодӣ) дар ин минтақа ва инчунин талошҳои сулолаи Тан барои зери идораи чиниҳо даровардани ҳамаи Осиёи Марказӣ кӯтоҳ баррасӣ шуданд. Ҳоло қисми дуввумро бихонед. СУҒДИҲО ДАР ЧИН Императорони Тан ҳарчанд бо сулолаи пешини Хон робита доштанд, аз нигоҳи этникӣ ва фарҳангӣ ба мардуми Осиёи Марказӣ, бо шумули турку аҷдоди тоҷикон – суғдиҳо наздик буданд. Читать дальше...

Дар нахустин сафари хориҷиаш Ҷабборов дар Маскав бо Путин гуфтугӯ мекунад

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов дар нахустин сафари хориҷии худ дар мақоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Маскав сафар карда рӯзи 24 феврал  бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин мулоқот  ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷорату савдо, ҳамкориҳо дар доираи созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, таъсири падемия ба соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ мешавад. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сафари Ҷабборов ба Маскав то 25-уми феврал идома мекунад ва дар ин чаҳорчӯб... Читать дальше...

Додраси муттаҳам ба ришвахорӣ чӣ гуна нопадид шуд? Ҷузъиёти парвандаро шарҳ доданд.ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъди се моҳи барканор шудани як додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон барои "содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад", мақомот ҷузъиёти парвандаи ӯро расман шарҳ доданд. Қаблан Радиои Озодӣ аз нопадид шудани додрас Акбар Холиқзода ва тафтиши қазияи ӯ хабар дода буд. Намояндагии минтақавии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, Акбар Холиқзода 21-уми октябри соли... Читать дальше...

"Матчество ба ҷои отчество". Як зани қирғиз ба ҷои номи падар ба фарзандон ному насаби худро дод

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон як зан, ки нависандаи кӯдакон мебошад, номи падари фарзандонашро хат зада,  номи худро ба онҳо додааст. Мақомоти хадамоти асноди шаҳрвандӣ аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят кард  ва қарор аст мурофиа 25 феврал барпо шавад. Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ба додгоҳ муроҷиат карда гуфт, ки нависанда Олтин Қапалова ба се фарзандаш матчество ё матроним дод ва ин хилоф бо муқаррарот мебошад. Қапалова дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Давлат бояд муқаррароти байналмилалӣ дар бораи баробарии... Читать дальше...

Як раҳбари гурӯҳи ДОИШ дар Олмон ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Олмон як рӯҳонии ироқиро барои раҳбарии амалӣ  ба гурӯҳи ҷангии ДОИШ  ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард. Аҳмад Абдулазиз Абдуллоҳ, ки инчунин бо лақаби Абу Вала маъруф будааст, барои раҳбарии гурӯҳи ҷиҳодие гунаҳгор шуд, ки ҷавонҳои аврупоиро ифротгаро  ва барои сафари онҳо аз Ироқ то Сурия мусоидат мекард. Додгоҳе дар шаҳри шимолии Селлеи Олмон Абдуллоҳи 37-соларо узви як созмони террористӣ номид, ки ба маблағгузории терроризм машғул ва дар талоши анҷоми амалҳои хушунатзо буд. То замони... Читать дальше...

Суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон: Иттиҳоми Эрон дар нақзи ҳуқуқи инсон

Ozodi.org 

Гузоришгари вижаи СММ Эронро дар он муттаҳам кард, ки баъди суқут додани ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон январи соли 2020  як тафтишоти номуносиб роҳандозӣ карда, бо рад кардани масъулиятҳои худ дигаронро гумроҳ кард. Агнес Калламард, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳукмҳои ноодилона ва худсарона дар гузориши 45-саҳифаии худ дар поёни тафтишоти шашмоҳааш  рӯзи 23 феврал гуфт,  Эрон «бо суқут додани ҳавопаймои Ширкати байналмилалии ҳавоии Украина ва ҳамлаи маргбори баъди... Читать дальше...



Раҳбари собиқи Марий Эл ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Нижний Новгород раҳбари пешини ҷумҳурии Марий Эли Русия Леонид Маркеловро  ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро дар гирифтани ҳаҷми калони пора, сӯиистифода аз мақом ва ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ айбдор карданд. Дар ин бора  "Интерфакс" хабар дод. Маркелов инчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 235 миллиону 280 ҳазор рубл муваззаф шуд. Додситонӣ талаб мекард, ки Маркеловро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кунанд, аз  мукофотҳои давлатӣ маҳрум ва дар се соли баъди зиндон аз ҳақи гирифтани мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Читать дальше...

Мақомот ваъда додаанд, як пули "беобрӯ"-и Восеъро таъмир мекунанд.ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси вилояти Хатлон аз аҳволи бади як пул дар ноҳияи Восеъ аз Фейсбук хабардор шудааст ва баъди он ки навори афтодани як дучархасаворро дар ин шабакаи иҷтимоӣ дидааст. Дар ду сол аз болои пули дешаи Шоҳбика дар Восеъ ду нафар афтода ва дасту пояшонро шикастаанд.

Ҳамла ба Конгресс "заъфҳои кори сохторҳои амниятӣ"-ро ба намоиш гузошт

Ozodi.org 

Мақомоти масъули таъмини амният дар Конгресси ИМА гуфтанд, ҳамлаи хушунатбор ба бинои Капитол дар таърихи 6 январи имсол заъфи кори сохторҳои иттилоотиро ба намоиш гузошт. Яке аз заъфҳои бисёр ҷиддие, ки дар ҷаласаи Конгресс оид ба ҳамла ба Конгресс ба он таъкид шуд, ҳушдори Бюрои федеролии тафтишот пеш аз беназмиҳо буд, ки гуфт, гурӯҳҳои ифротӣ ба Вашингтон “ба ҷанг омода шуда” меоянд, вале ин санад то ба самъи раҳбарони полиси Капитол нарасид. Инчунин гуфта шуд, ки мақомоти низомӣ ҳатто вақте кор аз кор гузашт... Читать дальше...

Додситонии Фаронса Жерар Депардйеро барои таҷовуз ба номус ба ҷавобгарӣ кашид

Ozodi.org 

Додситонии Фаронса ҳунарпешаи маъруфи синамо Жерар Депардйеро бар асоси иттиҳоми таҷовуз ба номус ба ҷавобгарӣ кашид. Тафтишот гуфтааст, ки Депардйе соли 2018 дар ду ҳолат ҳунарпешаи 20-соларо, ки дар хонааш меҳмон шуда буд, таҷовуз кардааст. Худи ҳунарпеша ин иттиҳомро рад мекунад. Дар бораи эълони айб ба ҳунарпешаи маъруф оҷонсии Франс Пресс ва телевизиони маҳаллии BFM TV  бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд. Ин ҳодисаҳо дар хонаи ҳунарпеша дар Париж 7 ва 13 августи соли 2018 рух додааст. Ҷабрдидаи... Читать дальше...

Путин ҷаримаҳои ҳангуфти қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ"-ро имзо кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ”-ро муайян мекунад. Қонуне, ки матбуот ва фаълони ҳуқуқро ҳадаф қарор медиҳаду ба ин хотир бо интиқоду эътирозҳои ҷамъиятӣ рӯбарӯ шудааст, барои шахсони инфиродӣ  ҷаримаро дар ҳаҷми 2500 рубл  ($33.5) ва созмонҳо 500 ҳазор рубл ($6,720)   муқаррар мекунад.  Қонунҳои дигари рӯзи 24 феврал имзокардаи Путин марбут ба намоишҳои эътирозӣ аст. Қонуни нав барои маблағгузории ширкат дар эътирозҳо... Читать дальше...

Узбекистон қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонон (U-23)-ро соли 2022 мизбонӣ хоҳад кард

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола соли 2022 дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон (АФУ) хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) розӣ шудааст, ки қаҳрамонии Осиё (U-23)-ро соли оянда дар Узбекистон баргузор кунад. Аммо то ҳоло маълум нест, ки бозиҳо дар кадом шаҳрҳо ва кай доир мегарданд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) соли 2022 дар Чин баргузор мешавад. Читать дальше...

Қонунгузорони ИМА озодии раҳбари ҳизби мухолифони Гурҷистонро тақозо карданд

Ozodi.org 

Як гурӯҳи қонунгузорони  Амрико гуфтанд, рейд дар қароргоҳи ҳизби умдаи мухолифони Гурҷистон ва ҳабси раҳбари ҳизб “мавриди нигаронии амиқ” буда, озод кардани ӯ ва дигар зиндониҳои сиёсиро тақозо карданд. Дар  изҳороти ду сенатор ва ду узви Маҷлиси намояндагони ИМА, ки 23-юми феврал нашр шуд, аз ҳабси Ника Мелиа, раҳбари ҳизби оппозитсионии азиме дар Гурҷистон изҳори нигаронӣ шудааст. Сухангӯи департаменти давлатӣ Нед Прайс ҳам, ки дар Вашингтон дар ин бора сӯҳбат мекард, гуфт, ИМА аз ҳабси раҳбари... Читать дальше...

Дар зӯрозмоии Тошканд 13 паҳлавони тоҷик, аз ҷумла як зан ширкат мекунанд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7 март дар шаҳри Тошканд дар назар аст, 13 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

Ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, аз тамаъҷӯиву ришваситонӣ хабар дод, аз кор ронда шуд

Ozodi.org 

Як ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, ҳамкорияш бо мақомоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар робита ба боздошти афроде, ки аз ӯ пора талаб кардаанд, ба ронда шуданаш аз ҷойи кор анҷомид. Шаҳбоз Саидови 26-сола бештар аз як сол дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Вай тақрибан панҷ моҳ пеш ба Оҷонсии коррупсия хабар додааст, ки дар Донишкадаи санъат барои дохил шудан ба бахши магистратура аз ӯ пул талаб доранд. Ин ҳунарманд рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас ас... Читать дальше...

Толибон манъи ҷалби ҷангҷӯёни хориҷиро талаб карданд

Ozodi.org 

Толибон ба аъзои худ гуфтанд, ки аз ҷалби ҷангҷӯёни хориҷӣ ваё паноҳ додан ба ҷангиёни беруна худдорӣ кунанд, то ки шубҳа ба Толибон дар заминаи иҷрои  ӯҳдадориҳояш бар асоси созишномаи порсолаи сулҳ бо ИМА ва рабт додани онҳо ба созмонҳои мисли Ал-Қоида рафъ шавад. Дар изҳороти гурӯҳи шӯришӣ, ки 23-юми феврал нашр шуд, омадааст, “ба ҳамаи раҳбарон ва муҷоҳидон амр дода мешаванд, ки даст аз ҷалби хориҷиҳо ва ҳам фароҳам кардани сарпаноҳ барои онҳо бардоранд”. Ин гурӯҳ ҷангҷӯёнашро ҳушдор дод ва гуфт... Читать дальше...

Amnesty International Навалнийро дигар "маҳбуси ақидатӣ" наменомад

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии Amnesty International тасдиқ кард, ки ба Алексей Навалний дигар истилоҳи "зиндонии ақидатӣ"-ро мансуб намедонад, чун дар гузашта ин раҳбари мухолифони Русия ба хушунат даъват карда, шарҳҳои таҳқиромез ба забон овардааст. Айни замон, созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки аз талабаш барои озод кардани Навалний намегардад. Денис Кривошеев, муовини раиси дафтари Amnesty International барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар як посухи имейлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Amnesty International... Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)


Порлумони Канада бархӯрди Чин бо мусалмонони ӯйғурро "наслкушӣ" донист

Ozodi.org 

Порлумони Канада рӯзи душанбеи 22-юми феврал бо аксарияти орои вакилон қатъномаеро қабул кард, ки дар он шеваи бархӯрди Чин бо ӯйғурҳо "наслкушӣ" хонда шудааст. Чанд соат пас аз ин қарори порлумони Канада, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфт, ки Пекин ба Оттава номаи эътирозӣ фиристодааст. Эҳтимол меравад бо қабули ин қатънома дар порлумони Канада, танишҳои дипломатӣ миёни Пекин ва Оттава афзоиш ёбад. Порлумони Канада мегӯяд, ӯйғурҳо дар Чин бо саркӯби сахт рӯбарӯ ҳастанд ва агар рафтори Пекин бо онҳо тағйир накунад... Читать дальше...

Занозанӣ дар назди идораи президенти Украина. Пулис аз гази ашковар истифода кард

Ozodi.org 

Дар назди идораи президенти Украина шоми дирӯз миёни эътирозгарон ва пулис занозанӣ рух дод. Ҳазорон ҷонибдори ҳизбҳо ва ҳаракатҳои миллӣ баъди боздошти Сергей Стеренко, яке аз роҳбарони "Правий сектор" гирди ҳам омаданд. Ҷамъомадагон бо ҳаво додани сангу чӯб талош карданд, ки сафи пулисро шикананд. Пулис дар посух аз гази ашковар кор гирифт. Чанд нафар боздошт ва чанд каси дигар захм бардошт. Чанде пеш додгоҳе дар шаҳри Одессаи Украина роҳбари бахши маҳаллии "Правий сектор" Сергей Стеренкоро... Читать дальше...

Қирғизистону Тоҷикистон табодули шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рӯзи 22-юми феврал вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ, додситонӣ, пулис ва марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ҷонибҳо дар вохӯрӣ табодули шаҳрвандони боздоштшудаи ду кишварро баррасӣ карданд. "Гуфтугӯҳо баргузор шуданд. Мо натиҷаҳоро мунтазир ҳастем. Ин масъалае нест, ки зуд ҳал шавад. Барои ҳалли баъзе аз масоил дар марз бояд аз дипломатҳо низ истифода шавад", - гуфт ӯ. Читать дальше...

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Аврупо ҳизби Назарбоевро таҳрим кунад

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки бештар зидди "ҳалномаҳои ноодилонаи додгоҳӣ" эътироз мекунанд, 23 феврал гуфтанд, аз порлумони Аврупо эъломи таҳрим алайҳи бархе аз мансабдорон ва Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и ин кишварро дархост карданианд. Яке аз ташаббускорони гуруҳ Санавар Зокирова, ки чанде пеш аз зиндон озод шудааст, гуфт, одамон аз минтақаҳои дигари Қазоқистон низ ба онҳо хоҳанд пайваст. "Дар давоми ду ҳафтаи оянда ҷамъ шуда, изҳороти муштаракеро нашр хоҳем кард", - изҳор дошт ӯ. "Мо... Читать дальше...

Табиат деҳқонони тоҷикро фиреб кард?ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон тӯли як моҳи ахир ба ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ дар фасли зимистон ва шукуфтани бархе аз дарахтони мевадиҳанда одат карданд. Аммо масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки то ду рӯзи дигар сардӣ ба кишвар бармегарданд ва шояд боиси талафоти ҳосили боғдорон ва кишоварзон шавад. Аз охири моҳи гузашта шукуфтани гулҳои дарахтоне ба мисли бодому зардолу ва олуву шафтолу дар минтақаҳои мухталифи кишвар мушоҳида мешуд. То чанд рӯзи пеш ҳарорат дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор то ба 28 дараҷа мерасид. Читать дальше...

Ҳавошиносон мегӯянд, сармо ба Тоҷикистон бармегардад

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон тӯли як моҳи ахир ба ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ дар зимистон ва шукуфтани бархе аз дарахтон одат карданд. Масъулони Маркази ҳавошиносӣ мегӯянд, ки то ду рӯзи дигар сардӣ ба кишвар бармегардад ва мумкин аст, боиси талафоти ҳосили боғдорон шавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах со здоровьем






Замена труб канализации в Москве

Тимура Иванова доставили в суд «при параде» и арестовали на два месяца

Пьяный водитель устроил смертельное ДТП на М-7 в Кстовском округе

Суд частично удовлетворил иск Муцениеце о взыскании алиментов с Прилучного