ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 01.07.2021

Фарида Мансурова, пизишки шинохтаи тоҷик даргузашт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров – раҳбари пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология дар синни 69-солагӣ даргузашт. Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки аз дӯстони хонаводагии ин пизишки собиқадор аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз чанд рӯз ба ин тараф гирифтори КОВИД-19 шуда буд.” Пизишкон расман сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд. Маркази шифобахшии “София” дар саҳифаи Фейсбукиаш марги ӯро “талафоти бесобиқа” барои тиби тоҷик хондааст. Фарида Мансурова солҳои... Читать дальше...

Маъруфтарин ҳаҷвнигори тоҷикро ба хок супурданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи тоҷикро дар қабристони “Лучоб”-и шаҳри Душанбе дар канори дигар бузургони илму адаб ба хок супориданд. Ҳунарманди шинохта нисфирӯзии 1-уми июл дар синни 80-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Маъруфтарин ҳаҷвнигори тоҷик даргузашт

Ozodi.org 

Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик нисфирӯзии 1-уми июл дар синни 80-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ҳунарпешаи шинохта ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале пайвандон ва бархе ҳамкорони ӯ тасдиқ карданд, ки ҳунарманди шинохта ба COVID-19 гирифтор шуд ва 2-3 рӯзи ахир дар хона бистарӣ буд.

Бишкек гуфт, дар кутоҳтарин муҳлат ба осебдидаҳои низои марзӣ ҷуброн пардохт мешавад

Ozodi.org 

Раиси ҳукумати Қирғизистон Улуғбек Марипов ҷаласаи Комиссияи давлатии он кишвар оид ба барқарор кардан ва рушд додани деҳаҳои назди марзии вилояти Бодкандро дар шакли онлайнӣ баргузор кард. Ӯ гуфт, корҳои барқарорсозии деҳаҳое, ки дар натиҷаи низои ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон осеб дидаанд, бояд натиҷа дошта бошанд. "Бинои муассисаҳои таълимии осебдида то 1 сентябри имсол бидуни ҳеч баҳонае бояд барқарор шаванд", - афзуд Марипов. Ҳамчунин дастур шудааст, ки дар кутоҳтарин муҳлат ба... Читать дальше...

Кӣ ва кай кӯдакистони деҳаи "Офтоблиқо"-ро обод мекунад

Ozodi.org 

Кӯдакони деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ба боғча намераванд. Ин деҳа ба фарқ аз дигар рустоҳои Тоҷикистон боғчаи бачагон дорад, аммо бинояш пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми вайрон шудаву аз кор мондааст.

Дар ноҳияи Айнӣ як мошин ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар километри 138-уми роҳи роҳи Душанбе Хуҷанд, дар ноҳияи Айнӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳ бо як мошини боркаш ба коми оташ рафтааст. Ҳодиса нисфирӯзии 1-уми июл дар наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рух додааст. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҳоло сӯхтор пурра бартараф шуд, талафоти ҷонӣ нест”. Видеоро ин ҷо тамошо кунед: Ба гуфтаи мақомоти милиса, дар ин оташсӯзӣ ягон нафар ҷароҳати вазнин набардоштааст ва кормандони оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш намуданд. Читать дальше...



Қонуни нави афв. Хона ва дороиҳои ғайриқонуниро қонунӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон қонуни афви амвол қабул шуд, ки бар асоси он шаҳрвандон метавонанд хонаҳои беиҷозат бунёдшуда ва дороиҳои дар хориҷа доштаашонро ба Тоҷикистон оварда қонунӣ кунанд. Афви амвол яке аз ваъдаҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Порлумон буд. Мақомот умед доранд, ки бо афви амвол ба иқтисоди кишвар маблағи изофӣ ворид мешавад, аммо бархеҳо ба ин шубҳа доранд.

Вазири мудофиаи Туркия бо мақомоти тоҷик масъалаи "мубориза бо терроризм"-ро баррасӣ кардааст

Ozodi.org 

Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия ба Тоҷикистон омада, масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Туркия, мубориза бо созмони ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Хулуси Акар бо мақомоти тоҷик будааст. Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Туркия -- "Анадолу", Хулуси Акар дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, кишвараш омода аст, ки дар бахши мудофиа ва амният бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи Акар, Туркия ҳамчунин мехоҳад, таҷрибаи... Читать дальше...

Пайомади дигари КОВИД-19 дар Ҳинд. Рӯди Ганг ҷасадҳоро берун меорад ва хатари олудагӣ зиёд мешавад

Ozodi.org 

Теъдоди қурбониёни бемории СOVID-19 дар Ҳинд ба марзи 400 ҳазор нафар наздик шуд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки танҳо дар рӯзи 30-уми июн 900 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва дар умум коронавирус ба 30 миллион нафар аз аҳолии кишвар сироят кардааст. Яъне се баробар зиёдтар аз аҳолии Тоҷикистон дар Ҳинд гирифтори СOVID шудаанд. Ҳоло бо расидани фасли боронгарӣ дар ин кишвар, мушкили дигаре аз беморӣ дар Ҳинд зуҳур кардааст ва он ҳам рӯи об омадани ҷасади мурдагон. Ҷасадҳо бо кафанҳои заъфаронӣ ва қурбониёни бемории СOVID-19... Читать дальше...

Путин гуфт, ваксинаи "Спутник V" гирифтааст

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ваксинаи истеҳсоли русии зидди коронавирус "Спутник V" гирифтааст. Ба гуфтаи вай, баъди ваксинзанӣ ҳарорати баданаш боло рафта, аммо баъди чанде ба эътидол расидааст. Дар ин бора Путин дар "Гуфтугӯи мустақим" хабар дод. Президенти Русия афзуд, ба хотири он "Спутник V"-ро интихоб кардааст, ки таъсири он бештар аст ва неруҳои мусаллаҳи Русия ҳам онро гирифтаанд. Аз он ҷо ки Путин сарфармондеҳи неруҳо аст, ба ин далел воксини "Спутник V"-ро интихоб кардааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон сокинонро иҷборан бо ваксинаи чинӣ эм мекунанд

Ozodi.org 

Бахши узбекии Радиои Озодӣ шикоятҳоеро дарёфт менамояд, ки дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон сокинонро бо ваксинаи чинӣ зидди коронавирус иҷборан эм мекунанд. Яке аз кормандони корхона металлургии Навоӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ба кормандони корхона имкон дода намешавад, то ваксинаро худашон интихоб кунанд. Онҳоро иҷборан бо ваксинаи чинӣ эм мекунанд. "Моро гуфтанд, ки дар давоми як моҳ бояд ҳама эм карда шавад. Касонеро, ки эм нашудаанд, ба ҳудуди корхона роҳ намедиҳанд. Мо зидди эмшавӣ нестем... Читать дальше...

Дар Жанаозен 600 корманди "КЕЗБИ" коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Ҳудуди 600 корманди ширкати "КЕЗБИ" дар Жанаозени Қазоқистон бо талаби шароити беҳтари корӣ ва баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд. Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳамин тариқ имрӯз, 30 июн мо корро пурра қатъ кардем. Аз соати 6 касе ба кор набаромад". Кормандони "КЕЗБИ", аз ҷумла талаб доранд, ки маошашон баланд ва барои кор дар рӯзҳои ид пули иловагӣ пардохт шавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Вторая ракетка Казахстана опустилась в чемпионской гонке WTA






Вильфанд: апрель в Москве будет заканчиваться июньской погодой

На месте будущей школы в подмосковном ЖК «Люберцы» заложили капсулу времени

У водителей изымают не снятые с базы розыска автомобили: как решать проблему

26 апреля, 2 и 5 мая в Москве перекроют часть улиц из-за репетиций парада Победы