ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 03.07.2021

Зиёда аз 300 низомии Афғонистон аз ҳамлаи "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд

Ozodi.org 

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфт, шоми имрӯз 300 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба ҳамлаи силоҳбадастони “Толибон” тоб новарда ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд

Бо назардошти паҳншавии «Delta» раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба эмгузаронӣ давъат кард  

Ozodi.org 

Раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз мардум даъват кард, ки бо назардошти паҳн шудани навъи «Delta»-и коронавирус ваксинаи зидди COVID-19 гиранд. Навъи «Delta», ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳоло ҳадди аққал дар 85 кишвар мавҷуд аст ва боиси рӯ задани мавҷи нави сироятҳо дар чанде аз кишварҳо шуд. Ин навъи короновирус назар ба ҳамаи навъҳои дигар бо суръати бештар сироят мекунад. Урсула фон дер Лейен раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 2-юми июл дар Литва сӯҳбат мекард, гуфт, ки сатҳи сироят аз ҳисоби ин навъ меафзояд. Читать дальше...

Ваксинаи COVID-19 барои афроди аз 18 сола боло дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Ozodi.org 

Ситоди мубориза бо бемории СOVID-19 қарор кард, ки шаҳрвандони синашон аз 18 сола боло дар Тоҷикистон бояд, ҳатман ваксина зидди бемории COVID-19-ро бигиранд. Хабаргузории давлати «Ховар» рӯзи 3-уюми июл дар такя ба ситоди ҷумҳуриявӣ дар ин бора хабар дод. Ситод ҳамчунон ба шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар меоянд тавсия додааст, ки новобаста аз ташхиси мусбат ва ё манфии беморӣ «давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон дар ҳуҷараи алоҳида» нигоҳ доранд. Мақомот гуфтаанд, ки... Читать дальше...

Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст

Ozodi.org 

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" гирифтор шудааст. Ӯ таи 10 рӯз аст аз ин беморӣ ранҷ мебарад ва рӯзи 1-уми июл аз зери даcтгоҳи нафаси сунъӣ берун омадааст. Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сабаби надоштани салоҳияти суҳбат бо матбуот хост, аз ӯ ном бурда нашавад, рӯзи 3-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Шералӣ Кабир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология маъруф бо номи “Клиникаи Мансуров”(воқеъ дар маҳаллаи 82-ум) бистарӣ аст. Читать дальше...

Ширкати барномасозии Амрико ҳамлаи сайберии гурӯҳе, ки эҳтимол ба Русия иртибот дорад, таҳқиқ мекунад  

Ozodi.org 

Як ширкати барномасозии ИМА мегӯяд, ки ҳамлаи эҳтимолии сайбериро таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи коршиноси амнияти сайберӣ ин ҳамла низ мисли ҳамлаҳои қаблӣ, ки ба ҳакерҳои Русия нисбат дода мешуд, тавассути як барномаи тамаъҷӯи компютерӣ роҳандозӣ шудааст. Ширкати Kaseya, дар як изҳорот рӯзи 2-уми июл аз муштариён даъват кард, фавран серверҳое, ки аз ин барнома сироят ёфтаанд хомӯш намоянд ва худ низ тасдиқ кард, ки чанде аз серверҳоро қатъ кардааст. Ба гуфтаи ширкати Kaseya ҳамла ба доираи маҳдуди муштариёнаш таъсир кардааст ва гуфт... Читать дальше...

Шиканҷа ва ё беэҳтиётӣ? Додгоҳи Ваҳдат муҳокимаи капитани милиса дар робита ба марги Гадозодаро оғоз кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба баррасии парвандаи як корманди собиқи милиса шурӯъ намуд, ки дар робита ба марги Меҳроҷиддин Гадозода, ба хунукназарӣ муттаҳам мешавад. Нафари муттаҳам ба хунукназарӣ худро бегуноҳ меҳисобад.

Дар шаҳри Тошканд марказҳои мубориза бо COVID-19 дубора боз шуданд

Ozodi.org 

Дар робита ба бад шудани вазъи беҳдоштӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон марказҳои СOVID-19  дубора боз мешаванд. Расонаҳои Узбекистон ахиран хабар доданд, ки Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси шаҳри Тошканд ба маркази СOVID-19 дар маҷмааи варзишии "Ёшлик" рафтааст. Чунин марказҳо дар ду маҷмаи варзишии дигари шаҳри Тошканд бунёд хоҳад шуд. Дар ин се марказ барои 2 ҳазор бемор кат гузошта шудааст. Марказҳои СOVID-19 дар Узбекистон дар моҳҳои ноябр-декабри cоли гузашта дар робита ба камшавии теъдоди гирифторони вабои коронавирус баста шуданд. Читать дальше...

Додгоҳи Қирғизистон муҳлати ҳабси фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро дароз кард

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 1-уми июл мӯҳлати ҳабси пешакии фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро тамдид кард. Ба ин тартиб Молдокматов то 6-уми сентябр дар ҳабс боқӣ мемонад. Молдокматовро рӯзи 6-уми май ба гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт карда буданд. Вакилони мудофеъи ӯ аз додгоҳ хостанд, ки Молдокматов дар марҳилаи тафтишот дар ҳабси хонагӣ бошад. Аммо додгоҳ ин дархости вакилони мудофеъро напазируфт. Вакилони мудофеъ боздошти фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд. Читать дальше...

Хонаи 29 сокини Исфара, ки дар муноқиша бо Қирғизистон вайрон шуда буд, барқарор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз ду моҳи даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар пай даҳҳо сокинони ҷамоати Чоркуҳ манзилҳояшон тахриб шуда буд, бо супоридани калиди хонаҳои азнавсозишудаашон ба зиндагӣ шурӯъ карданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Теннис, Саудовская Аравия, премиальный Супертур: проведение тендера, Большой шлем, Мастерсы, глава ATP Андреа Гауденци






Эксперт: в столичном регионе вскоре проснутся клещи

В России определились с пилотными зонами 5G — связь нового поколения протестируют сразу в нескольких регионах

Юрист Дмитриева рассказала, можно ли исключить из завещания безответственных родителей

S7 Airlines переходит на летнее расписание