ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 06.07.2021

Фаъолон хостори таҳқиқи "қазияи таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8-сола" шуданд

Ozodi.org 

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пас аз ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8 сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аз Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе хостанд қонунгузории кишвар ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар кунад.

Фаъоли пешини Ҳизби демократ 7 сол зиндонӣ шуд. Гадоев: Инҳо "ошиқ"-и ман нестанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Рустам Мамаҷоновро барои бознашри навори мухолифини тоҷик гунаҳкор донистаанд, вале вакили мудофеъ ноодилона хонд.



Ҳаёт дар деҳоти ноҳияи Исфара баъди низоъ дар марз бо Қирғизистон

Ozodi.org 

Аз муноқишаи хунини мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду моҳ сипарӣ шуд, аммо осори он ҳанӯз боқист. Сокинон мегӯянд, бар замми талафоти моливу ҷонӣ ин муноқиаша рӯи руҳу равони мардум хусусан тифлон осори бад гузоштааст.

Ҳавопаймои мусофирбари Ан-26 дар Камчатка ғайб задааст

Ozodi.org 

Маҳалли эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, дар Камчатка пайдо кардаанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулода ба РИА "Новости" гуфта, ки ҳавопаймо дар баҳр афтодааст.

Вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро дар Кобул баррасӣ кардаанд. АКС

Ozodi.org 

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо мушовири амнияти миллии Афғонистон вазъ дар сарҳади ду кишварро баррасӣ кардааст. Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод, ки мулоқот рӯзи 5-уми июл баргузор шуд. Ҷузъиёти дигар дастрас нест.

Дар Алмато неруҳои вижа ҷонибдорони Ҳизби демократро ба муҳосира гирифтанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон неруҳои вижаи пулис тарафдорони гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳии Ҳизби демократиро ба муҳосира гирифт. Байни тарафдорони ҳизб ва неруҳои пулис занозанӣ рух дод. Имрӯз, 6 июл ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон дар шаҳри Алмато дар назди Қасри варзиш ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Рӯёрӯӣ бо пулис замоне сар зад, ки роҳбари гуруҳ Жанболат Мамай аз ҷамъшудаҳо даъват кард, дар ивази гирдиҳамоӣ роҳпаймоӣ кунанд. Пулис ҷамъшудаҳоро дар муҳосира гирифта, иҷозаи ҳаракат намедиҳад. Читать дальше...

Новости России
Москва

В Гостином дворе прошел форум «Мы вместе. Спорт»


Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавиро маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд шуд. Дар ин бора аз Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар иттилоъ доданд. Ба ин тартиб, баргузории чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо, барномаҳои синамоиву театрӣ маҳдуд шуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ бидуни ширкати мухлисон баргузор мешаванд. Шуруъ аз 1-уми август дар ҳудуди Узбекистон назорати беҳдоштии баргузории туйҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ низ сахттар мешавад. Ҳафтаи гузашта Комисияи махсуси... Читать дальше...

"Мушкили иҷтимоиву иқтисодиро ҳал мекунад." Дар Қирғизистон баҳси чандҳамсарӣ бархост

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон бори дигар пешниҳод кардаанд, ки ба чандҳамсарӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонда шавад. Ин дафъа ин пешниҳод аз тарафи ҳизби "Келечек" садо дод, ки талош дорад вориди Маҷлиси шаҳри Бишкек шавад. Номзади он, Назира Абдуқаюмова, рӯйирост гуфт, ки ​"ҳизб тарафдори қонунӣ кардани чандҳамсарист".


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Александрова проиграла Жабер в первом круге турнира WTA в Штутгарте






Итоги субсидирования сельхозпроизводителей подвели в Подмосковье

Минобороны: техника парада Победы передислоцируется в Москву

День подснежника и День полиграфии: какие праздники отмечают в России и мире 19 апреля

Новый трек Батишты и NAT станет гимном расставания