ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 08.07.2021

100 ё 300 ҳазор сомонӣ? Баҳси адад ва адолат дар қазияи милисае, ки дар Панҷ кушта шуд

Ozodi.org 

Пайвандони Насим Амирзода, афсаре, ки дар куштани ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаев гунаҳкор дониста шуд, шикоят доранд, ки ҷониби дигари баҳс аз онҳо беасос 300 ҳазор сомонӣ талаб дорад.

Дар тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду кас захмӣ шудааст

Ozodi.org 

Дар як тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони кишвари ҳамсоя захмӣ шудаанд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар эъломияе  гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 8-уми июл рух дод. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст.

Тафтиши парвандаи вазири пешини тандурустӣ ба поён расидааст

Ozodi.org 

Оҷонси назорати молиявии Қазоқистон мегӯяд, тафтиши парвандаи вазири пешини тандурустии ин кишвар Елжан Биртанов ва муовинаш Олжас Абишев, ки ба исрофи пулҳои буҷа ва расонидани зарар ба давлат айбдор мешуданд, ба поён расидааст. Ба иттилои оҷонс, дар ҳоли ҳозир шиносоии ҷонибҳо бо маводи парванда ҷараён дорад. Вазорати тандурустии Қазоқистон соли 2015 барои дастрас кардани низоми иттилоотие бо ширкати "Ericsson Nikola Tesla"-и Хорватия қарордод имзо кардааст. Биртанов гӯиё бо вуҷуди он ки медонист... Читать дальше...



Тоҷикистон ба беш аз 1000 паноҳандаи афғонистонӣ дар Бадахшон ҷой дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи тасарруфи чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳанда шудаанд.

Таркиш дар баландошёнаи зисти Туркманобод: ду ошёна фурӯ рехтааст

Ozodi.org 

Дар яке аз биноҳои баландошёнаи зисти шаҳри Туркманободи Туркманистон 6 июл таркиш ба амал омадааст. Бино ба хабари turkmen.news, таркиш наздикии соатҳои 7-и субҳи 6 июл дар бинои №43, воқеъ дар маҳаллаи Гагарини Туркманобод рух дода, дар натиҷа ду ошёна фурӯ рехтааст. Расонаи "Хроника Туркменистана" видеоеро аз шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, эҳтимол меравад, дар маҳалли таркиш бардошта шудааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи хуруҷи газ ба амал омадааст. "Хроника Туркменистана" бо истинод ба манобеи худ иттилоъ дода... Читать дальше...

Русия аз боздошти чанд фаъоли "Ҳизб-ут-таҳрир" хабар дод

Ozodi.org 

Хадамоти амнияти федеролии Русия дар Пенза, Уфа ва Челябинск чаҳор ҷиноҳи созмони террористии "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро безарар кардааст. Хабаргузории русии ТАСС менависад, дар пайи амалиёти махсус дар охири моҳи июн ва аввали моҳи ҷорӣ дар ин минтақаҳо, 11 узви фаъол ва чаҳор раҳбари ҷиноҳи созмони мазкурро аз ҳисоби шаҳрвандони Русия ва зодагони Осиёи Марказӣ, боздошт кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо дар миёни мусулмонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ "ба тарғиби идеологияи террористӣ" машғул будаанд. Аз боздоштшудаҳо... Читать дальше...

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Намангон дармондаанд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки мехостанд тариқи фурӯдгоҳи Узбекистон ба Русия сафар кунанд, аз он шикоят доранд, ки 3 рӯз боз дар фурӯдгоҳи Намангон дармондаанд. Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор аз назди фурӯдгоҳ мегӯянд, онҳо бояд 3 рӯз пеш аз ин фурӯдгоҳ парвоз мекарданд. Аммо ҳар рӯз парвозашон ба таъхир гузошта мешавад. Муроҷиатҳояшон ба фурудгоҳ барои таъмин кардани онҳо бо меҳмонхона ҳам натиҷа надодааст. Маълум нест, ки ин муҳоҷирон аз кадом ширкат билет харидаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд... Читать дальше...

Мушкили сабзӣ танҳо гиребонгири Тоҷикистон набудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст.

Мушкили сабзӣ дар Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст.

Тоҷикистон қазияи як шаҳрвандашро дар Русия дорои "ангезаи сиёсӣ" донист

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро, ки бо дархости ҷониби Қирғизистон дар Русия дастгир шуда, дертар раҳо гардид, дорои "ангезаи сиёсӣ" донист.

Шумори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон ба 97 кас расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ду нафари дигар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб, шумори расмии қурбониёни бемории ҳамагир дар кишвар ба 97 кас расид, аммо манобеи ғайрирасмӣ омори ҷонбохтагонро бештар аз ин медонанд.

Коршикании кормандони ширкати "Glovo" дар Алмато

Ozodi.org 

Даҳҳо корманди ширкати дастраскунандаи "Glovo" 7 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо талаби шароити беҳтари корӣ корпартоӣ карданд. Кормандони норозӣ дар нимаи дувуми рӯз баъди роҳ наёфтан ба қабули раҳбарияти худ талош карданд, ки роҳи Желтоксанро дар ноҳияи Бостандик банданд. Эътирозгарон ба корфармо 23 талаб пешниҳод карданд. Аз ҷумла, аз раҳбарияти "Glovo" хоста шудааст, ки ҳаҷми маоши кормандонро баланд бардорад ва низоми пардохти иловапулию ба қайдгирии фармоишҳоро тағйир диҳад. ​Ҳамчунин... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Финалисты «Мастерса» в Монте‑Карло опередили Рублева в рейтинге ATP






В Москве состоялось заседание оргкомитета по подготовке и проведению XV Международного экономического форума «Россия – Исламский мир: KazanForum»

Суд запретил дочке австрийской OMV вести спор с Газпромом за рубежом

Глава ЦИК вручила Путину удостоверение президента на новый срок полномочий

Писательница Юлия Брыкова проведет творческую встречу с читателями в Звенигороде