ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 09.07.2021

Талаби нави Русия аз муҳоҷирон. Тоҷикистон мегӯяд, барои иҷрояш пурра омода нест. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Русия талаб кардаанд, муҳоҷирон аз 10-уми июл ҳангоми сафар ба ин кишвар санҷиши коронавирусро тавассути барномаи мобилии "Сафар бидуни COVID-19" супоранд, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ба иҷрои он пурра омода нест.

Ҷасади наврасони ғарқшударо гӯронданд, аммо баҳси "кӣ гунаҳкор?" монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони чаҳор наврас аз Истаравшан, ки ду рӯз пеш дар дарёи Сир ғарқ шуданд, ҷузъиёти ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон якҷо бо зиёда аз 20 хонандаи дигар ба тамошои Хуҷанд рафта, ҳангоми оббозӣ ба умқи дарё фурӯ рафтаанд.

Бо чаҳор наврас дар Хуҷанд чӣ рӯй дод?

Ozodi.org 

Пайвандони чаҳор наврас аз Истаравшан, ки ду рӯз пеш дар дарёи Сир ғарқ шуданд, ҷузъиёти ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон якҷо бо зиёда аз 20 хонандаи дигар ба тамошои Хуҷанд рафта, ҳангоми оббозӣ ба умқи дарё фурӯ рафтаанд.

Ду нафар қариб ба ним миллион сомонӣ билети парвози Русия фурӯхтаанд

Ozodi.org 

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро бо гумони қаллобӣ ва фурӯши билети ҳавопаймо бо нархҳои баланд боздошт кардааст. Гуфта мешавад, як фурӯшандаи чиптаҳои парвоз ҳамроҳ бо ҳуқуқшиноси нуқтаи дидбонгоҳи фурудгоҳи Душанбе чиптаҳои парвоз ба Русияро аз 9,5 то 12,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд. Ин дар ҳолест, ки нархи расмӣ на бештар аз 5,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ба гуфтаи Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтишот маълум кардааст, ки гумонбаршудагон танҳо дар моҳи... Читать дальше...

Гуфтугӯи намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар робита ба тирпаронии ахир

Ozodi.org 

Гуфтугӯи ниҳодҳои қудратии Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба тирпаронии ахир дар марзи ду кишвар, ки дар натиҷаи он як сарбози қирғиз ҷон бохтааст, идома дорад. Раиси ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон Алмос Раҳмонқулов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта, ки ҷузъиёти гуфтугӯ баъди ба поён расидани он расонаӣ хоҳад шуд. Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 8 июл рӯй дод. Ҳарду тараф сабабҳои сар задани онро ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд... Читать дальше...

Вазорати маорифи Узбекистон: "Бо ҳиҷоб ба мактаб роҳ намедиҳем"

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Узбекистон шарҳ додааст, ки ба пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои он кишвар иҷозат дода нахоҳад шуд. Ин ниҳод мавқеи худро ба талаботи ҷоришавии либоси замонавӣ барои хонандагони мактабҳои давлатӣ асоснок кардааст. Ҳамчунин дар банди 17-и муқаррарот омадааст, ки хонандагон ба бинои мактаб бояд бидуни руймол ворид шаванд. Ин изҳороти вазорат дар ҳолест, ки ахиран дар Узбекистон ба пӯшидани ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат дода шуд. Ин кор пас аз он имконпазир шуд... Читать дальше...



Қирғизистон қонунмандии шиносномаҳои қирғизии хориҷиҳоро месанҷанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар доираи таҳқиқи қонунӣ будани шиносномаи қирғизии президенти мактаби байналмилалии "Сабад" Урҳон Инондӣ додани шиносномаи ин кишвар ба шаҳрвандони дигари хориҷиро низ тафтиш хоҳад кард. Ба гуфтаи вазорат, аз ҷумла таҳқиқ карда мешавад, ки онҳо дар баробари шиносномаи қирғизӣ шиносномаи кишвари дигарро низ доранд, ё не. "Вазорати умури дохилӣ борҳо фасодкорӣ, хунукназарӣ ва сӯистифодаи хидматчиёни давлатиро ҳангоми додани шиносномаи қирғизӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ... Читать дальше...

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси Кӯлоб боздошт шуд

Ozodi.org 

Ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" – парванда кушодаанд, вале тафсилоташ дастрас нест.

Дар Русия пешниҳод доранд, иҷозатномаи зисти муваққат барои муҳоҷирон бекор шавад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонуни ворид кардани тағйирот ба қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар он кишвар таҳия кардааст. Ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки додани иҷозатномаи зисти муваққат дар Русия манъ шавад.

Новости России
Москва

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)


Нахустин тасвирҳо аз маҳалли паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи ишғол шудани чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави кишвар паноҳанда шудаанд.

Норозиён дар Қазоқистон пас аз иҷро шудани талабҳояшон корпартоиро бас карданд

Ozodi.org 

Коргарони ширкати нафткаши "КЕЗБИ" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди як ҳафта ба корпартоияшон хотима бахшиданд. Онҳо гуфтанд, талабҳояшон қисман қонеъ карда шудааст. Корпартоии коргарон рӯзи 30 июн шуруъ ва 6 июл хатм шуд. Шоми 30 июн гуфтугӯи онҳо бо ҷониби корфармо бенатиҷа анҷом ёфта буд. Дар ин корпартоӣ ҳудуди 600 корманди "КЕЗБИ" ширкат доштанд. Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Читать дальше...

Ширкати канадагии Centerra Gold ҳамкори қирғизистонияшро ба додгоҳ кашид

Ozodi.org 

Ширкати Centerra Gold Inc. рӯзи 7 июл хабар дод, ки нисбати ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ шикояти иловагӣ бурдааст. Дар изҳороти ширкати канадагии Centerra Gold Inc. омадааст, ки ин бор шикоят нисбати ҷамъияти саҳҳомии "Қирғизолтин", бузургтарин саҳҳоми "Сентерра" ба додгоҳ бурда шудааст. Дар изҳороти ширкати омадааст, ки "Қирғизолтин" дар якҷоягӣ бо ҳукумати Қирғизистон талоши ғасби кони тилои Қумторро кардааст. Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод... Читать дальше...

Аввалин бохти "Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон-2021

Ozodi.org 

Рӯзи 7-уми июл бозии мавқуфмондаи даври 3-юми мусобиқаи  қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд.

Қирғизистон аз кушта шудани як сарбозаш дар марз хабар дод, Тоҷикистон аз захмиён гуфт

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 9-уми июл гуфтанд, ки дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев, кушта шудааст. Пештар Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани ду сарбози қирғиз хабар дода буд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Вторая ракетка Казахстана опустилась в чемпионской гонке WTA






Бывшего первого зампреда правительства Московской области Светлану Стригункову задержали в Москве

«Попросил тренера вернуть меня в состав с недолеченной травмой»

Путешествовать по России в майские праздники будут 2,8 миллиона туристов

Семейный отдых 2024: популярные направления для туристов с детьми