ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 16.07.2021

Дандони тило аз мӯд баромад

Ozodi.org 

Дандонпизишкон дар вилоят Хатлон мегӯянд, таваҷҷӯҳи муштариёни онҳо ба дандони тилло тақрибан аз байн рафтааст.

Хабарнигори Ройтерз дар марзи Афғонистон ва Покистон кушта шуд

Ozodi.org 

Дониш Сиддиқӣ, хабарнигори Ройтерз ҳангоми бозтоб додани даргирии нерӯҳои давлатии афғон ва ҷангиёни Толибон дар наздикии гузаргоҳи марзӣ бо Покистон кушта шудааст. Сиддиқӣ ва як афсари баландпояи афғон рӯзи 16-уми июл кушта шуданд. Фармондеҳони афғон гуфтанд, Сиддиқӣ дар пайи оташфишониҳои Толибон, ҳангоми ҷанг барои бозпас гирифтани бозори мавзеи Спин Болдак кушта шуд. Сиддиқӣ ба ҳайси хабарнигор бо нерӯҳои афғон аз аввали ҳафтаи равон дар вилояти ҷанубии Қандаҳор фаъолият дошт. Майкл Фриденберг... Читать дальше...

Вазири маориф аз "маршировка"-и донишҷӯёни тоҷик ҳимоят кард

Ozodi.org 

Ҳамкорони мо,Барот Юсуфӣ ва Муллораҷаб Юсуфӣ мегӯянд, дар нишасти хабарии имрӯза вазири маориф ба мавзуи баҳсбарангези "маршировка" ва ё раҳпаӣмоиҳо ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ишора кард.



Хабарнигорон мегӯянд, рӯзноманигорӣ дар Русия "маҳв" мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Новосибирски Русия ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигороне, ки "агенти хориҷӣ" эътироф шудаанд, ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор карда мешавад. Эътирозгарон аз маҳви воқеии ин касб дар Русия нигаронанд.

Як сокини Суғд ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир "рехтааст"

Ozodi.org 

Ба зидди як сокини вилояти Суғд бо гуноҳи такроран ба дарёи Сир (Сайҳун) партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Фурқат Хоҷазода, додситони Суғд, гуфт, Н. Дӯстматов пештар бо айни иттиҳом ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд. Мавқеи Дӯстматов ба қазия маълум нест.

Сел дар Олмон ҷони 81 нафарро рабуд

Ozodi.org 

Субҳи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону сел дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид.

"Ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир рехтаанд". Парванда ҳаст, ҷузъиёт нест. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба зидди як сокини вилояти Суғд бо гуноҳи такроран ба дарёи Сир (Сайҳун) партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Фурқат Хоҷазода, додситони Суғд, гуфт, Дӯстматов Н. пештар бо айни иттиҳом ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд.

Кумитаи сохтмон талаботи иҷзотномаи корро барои ширкатҳои бинокорӣ сахттар кард

Ozodi.org 

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ки  талабот ба дарёфти иҷозатномаи сохтмонро сахттар карданд. Раҳбарияти ин ниҳод бо нигаронӣ аз набудани мутахассисон дар ширкатҳои сохтмонӣ гуфт, "ҳоло назоратро болои кори ширкатҳо пурзӯр намуданд".

Дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффуси тобистона фаро расид

Ozodi.org 

Бозии мавқуфмондаи даври 4-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки рӯзи чоршанбеи 14-уми июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳои “Истиқлол”-ро Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Соиров (аз пеналти) ба самар расониданд. Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз аз 10 бозӣ ба зинаи дувум барояд. «Хуҷанд» бо 25 имтиёз аз 12 бозӣ мақоми аввалро касб кардааст. Читать дальше...

Вазири маориф баҳси маршировкаро хасакӣ номид

Ozodi.org 

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳои ахир дар бораи маршировкаи донишҷӯён посух дод ва баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасаки” номид. Даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои муқими Душанбе ин шабу рӯз барои таҷлил аз 30-солагии истиқлол дар роҳпаймоиҳо машқ мекунанд ва ин кор интиқодҳои зиёдеро ба миён овардааст. Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи маршировка он қадар баҳсе ба миён омадааст, ки “гӯё дар Тоҷикистон ягон мушкилоти дигар набошад.” “Ин қадар мушкиле... Читать дальше...

Заминларза 4 мактабро дар Тоҷикобод вайрон кардааст

Ozodi.org 

Заминларзаи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Тоҷикобод 4 мактабро пурра хароб кардааст. Дар ин бора Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл хабар дод. Имомзода гуфт, ин 4 мактаб дар ноҳияи Тоҷикобод ҳастанд ва бояд аз нав сохта шаванд. "Мушкил он аст, ки деҳаҳое, ки мактабашон аз байн рафтааст, имкони ба дигар минтақа рафта дарс хондан надоранд. Барои ҳамин моро лозим аст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мактабҳоро созем. 4 мактаби дигар таъмирталаб ҳастанд, ки то 1-уми сентябр онҳоро таъмир мекунем. Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об инициативах по изменению налоговой системы России


Ҷоизадорони Олимпиада дар Токио ба худашон медал меовезанд

Ozodi.org 

Ҷоизадорони Олимпиада дар Токио ба худашон медал меовезанд. Ин навоварӣ бо сабаби пандемияи коронавирус ба амал омадааст, хабар медиҳад Associated Press. Қаблан ҷоизаҳоро аъзои Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ё мансабдорони аршади варзиш тақдим мекарданд. Ҳамакнун медалҳо ба варзишгарон дар лаълӣ пешкаш мешавад, ки пас аз он худи онҳо ҷоизаро гирифта, ба гарданашон меовезанд. - Он тавре анҷом дода мешавад, шахсе, ки медалро ба лаълӣ мегузорад, ин корро танҳо бо дастпӯшакҳои дезинфексияшуда ба ҷо меорад. Читать дальше...

Иттиҳоми зидди Сӯҳроб Раҳимовро "исботшуда" номиданд. Назари наздиконаш дастрас нест

Ozodi.org 

Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки иттиҳоми эълоншуда ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини боздоштшудаи шаҳрдори Кӯлоб, исбот шудаву парвандааш рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.

Радиои Озодӣ ворид кардани рӯзноманигоронро ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" маҳкум мекунад

Ozodi.org 

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қарори Вазорати адлияи Русия дар робита ба шомил кардани рӯзноманигори Бахши русии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" нигарон аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Россиянин Сафиуллин потерял четыре места в рейтинге ATP






Суд оштрафовал Ивлееву на 50 тысяч за дискредитацию ВС РФ

GTC Logistics запустил экспресс-доставку в более чем 200 стран

Чернышенко считает, что санкции являются подарком для российского спорта

Хуснуллин заявил о всеобщей заинтересованности в строительстве ВСМ