ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 18.07.2021

Иттифоқи адвокатҳо: "Мирзоев зери фишор набуд!"

Ozodi.org 

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар як вокуниши катбӣ навишт, “вакили мудофеъ Нусратулло Мирзоев узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон таҳти фишори ягон мақомот қарор нагирифтааст ва ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад."

Узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot Русияро тарк кард

Ozodi.org 

Вероника Никулшина, узви дастаи ҳунарии Pussy Riot, пас аз  раҳо шудан боздошти дуввум дар тӯли камтар аз як моҳ, Русияро тарк кард. Никулшина ба телевизиони "Дожд" гуфт, боздошти такрории ӯ барои итоат накардан ба амри кормандони полис буд. Никулшина гуфт, ки пас аз раҳоӣ аз зиндон рӯзи 17-уми июл фавран Русияро тарк кард ва афзуд, ки ба бовари ӯ мошини, ки вай ба фурудгоҳ мерафт зери назорат буд. Вай афзуд, ки  накӯчидааст ва ният дорад эҳтимолан пас аз интихоботи қонунгузории ин кишвар дар моҳи сентябр ба Русия баргардад. Читать дальше...

Амрико ва Австрия бемории мармузи дипломатҳоро дар Вена таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Австрия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳодисаи гирифтории дипломатҳои амрикоӣ ва дигар шахсони расмиро дар Вена ба бемории мармузе, ки бо номи “Синдроми Гавана" маъруф аст, таҳқиқ мекунанд. Ин беморӣ ба он хотир "Синдроми Гавана" номгузорӣ шудааст, зеро дипломатҳо ва ҷосусони амрикоӣ дар сафорати ИМА дар пойтахти Куба бо сабабҳои ҳанӯз номаълум, дар солҳои 2015 ва 2016 ба бемории ношинохтае гирифтор шуданд. Масъулини ИМА мутмаин нестанд, ки пушти басомадҳои радио ё ҳамлаҳои энержӣ, ки боиси беморӣ... Читать дальше...

Ҳайатҳои Афғонистон ва Толибон дар Доҳа мулоқот карданд

Ozodi.org 

Намояндагони ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати силоҳбадасти Толибон дар шаҳри Доҳа мулоқот карда, ба ҳосил шудани "пешрафт" ва "ҳалли мушкилот аз роҳи муколама" изҳори умедворӣ карданд.  Ҳайати ҳукуматиро дар музокироти рӯзи 17-уми июл Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон роҳбарӣ мекард. Гурӯҳи Толибонро раҳбари он Мулло Абдулғанӣ Бародар сарварӣ мекард. Абдуллоҳ зимни суханронӣ дар оғози гуфтугӯҳо гуфт, ки тамоми кӯшишҳо бояд барои хотима додани ҷанг ва ба даст овардани ҳалли сиёсӣ равона карда шаванд... Читать дальше...

41 нафар дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ба COVID-19 гирифтор шуданд

Ozodi.org 

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 78 нафар расид. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар як шабонарӯзи то 17-уми июл, 41 мавриди нави сирояти бемориро сабт кард. Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар кишвар (аз моҳи апрели соли гузашта) 110 кас ҷони худро аз даст дода, беш аз 13 ҳазору 685 нафар шифо ёфтаанд. Баъзе мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, эҳтимол шумораи гирифторони беморӣ ва маргу мир аз он аз омори расмӣ дида бештар бошад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Азаренко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Майами






Как стал возможен крупнейший теракт за десятилетия?

Желудков поделился прогнозом на матч «Крылья Советов» - «Зенит»

Ермаков: мы должны делать все возможное, чтобы наши парни знали как мы им благодарны

Брутальный Tank 400 добрался до России. Он оказался на 500 тыс. рублей дешевле Tank 500 2024