ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 19.07.2021

15 сафорату созмон дар Кобул аз Толибон хостанд ҷангро бас кунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Беш аз 15 намояндагии дипломатии мустақар дар Афғонистон аз Толибон даъват кардаанд, ки фавран ба амалиёти низомӣ хотима бахшад, зеро ин амал мухолифи иддаои ин ҷунбиши исломӣ аст, ки мегӯяд, ҷонибдори хатми низоъ дар ин кишвари ҷангзада аст.

Иди Қурбон нархи чорворо дар Тоҷикистон қимат кардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фарорасии иди Қурбон нархи чорворо дар кишвар якбора боло бурдааст. Сокинон мегӯянд, нархи як гӯсфанди қурбонӣ то 3 ҳазор ва нархи буз то 1600 сомонӣ расидааст, ки барои онҳо гарон аст. Аммо фурӯшандаҳо далели якбора болоравии нархро ба гаронии ғизои чорво рабт медиҳанд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар  намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо - Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) – бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳафт нафари дигар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарсе дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг)... Читать дальше...

Моҷарои дипломатии Кобулу Исломобод зимни рабуда шудани духтари сафири Афғонистон

Ozodi.org 

Ин шабу руз миёни Афғонистон ва Покистон ҷанҷоли дигаре бархостааст. Ин бор пархош сари ҳимояти Покистон аз Толибон нест, балки ҳоло Кобул Покистонро дар бадрафторӣ бо духтари сафири худ дар Исломобод гунаҳкор мекунад. Дар ҷавоб раиси ҷумҳури Афғонистон сафир ва дигар дипломатҳои баландпояи кишварашро пас хондааст. Ҳоло воқеаи рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон боиси ҷанҷоли дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст. Се руз пеш Силсила Алихел аз сӯи одамони номаълум рабуда ва шиканҷа шудааст. Читать дальше...

Сафари варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио-2020

Ozodi.org 

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 20 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар, барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ субҳи имрӯз, 19-уми июл, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Истамбул - Токио ба Ҷопон сафар кард. Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарчор дар риштаи ҷудо... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?






На Московском международном кинофестивале запланировано свыше 30 мировых премьер

Экономист Олейникова: жилье в новостройках будет в среднем 45 кв.м к концу года

Рифат Сабитов принял участие в совете экспертов по проблемам реабилитации участников СВО

Убийство мотоциклиста в Москве. "Братья" уже вступились за "мальчика": "Дальше будет не лучше"