Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 20.07.2021

Дар Хатлон барои паноҳандагон аз Афғонистон урдугоҳ бунёд мешавад

Ozodi.org 

Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳи махсус барои паноҳандагонро бунёд кунанд.

Тоҷикистон барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон дар марз паноҳгоҳ месозад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳ ё урдугоҳи махсус барои паноҳандаҳоро бунёд кунанд.

Ё ҷарима, ё зиндон. Боздошт ва муҳокимаи як сокини Исфара дар Қирғизистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрел, рӯзи якуми май як сокини шаҳри Исфара аз ҷониби Қирғизистон бо гумони убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуда, дар боздоштгоҳи кишвари ҳамсоя ба сар мебарад.

Як иди дигар гузашт, аммо баҳси "идгардак" дар Тоҷикистон монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомот ба фарқ аз соли гузашта ба хондани намоз иҷозат доданд, аммо ба баргузор нашудани идгардаки кӯдакон пойфишорӣ доштанд. Баъзе аз сокинон мепурсанд, ки "идгардак" сабаби паҳншавии бемории ҳамагир мешавад, "маршировка" не?

Ҳалокати 18 сарбозу афсари Туркманистон. Дар садама ҷон бохтанд ё дар марз кушта шуданд?

Ozodi.org 

Дар як шароити номаълум дар Туркманистон 18 низомӣ, аз ҷумла ду афсар кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро, ки аз вилояти Лебап (Лаби Об) буданд, шаби 18-уми июл ба наздиконашон супурданд.

Муаллимон ба бачаҳои муҳоҷирон дар мактабҳои Русия чӣ назар доранд?

Ozodi.org 

Охири ҳафтаи гузашта дастурҳои раиси ҷумҳури Русия дар сомонаи расмии ӯ нашр шуданд. Дар яке аз онҳо гуфта шудааст, ки то 1-уми марти соли 2022 "роҳҳои муқаррар намудани таносуби хориҷиён ва шаҳрвандони Федератсияи Русия" ва ҳам "низоми омӯзиши иловагии забон" барои хориҷиён таҳия шаванд.

Навид. Таҷлили Иди Қурбон дар зери сояи коронавирус

Ozodi.org 

Дар зери сояи коронавирус. Намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон хонда шуд; Суол аз мардум: Ба идгардак меравед? Шарҳи раиси Додгоҳи олӣ дар бораи додрасе, ки пас аз содир кардани ҳукми сафед ҷазо гирифт. Ин ва хабару гузоришҳои дигарро дар барномаи Навиди бомдодӣ бинед.

"Хатлон" ғолиби марҳилаи аввали Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон-2021 шуд

Ozodi.org 

Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона ба анҷом расид. Рӯзи 18-уми июл панҷ бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми лигаи занонаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Пешсафи мусобиқа - “Хатлон”-и Бохтар - дар меҳмонӣ бар «Конибодом»-и шаҳри Конибодом бо ҳисоби 6:1 пирӯз гардид. Ғолиби феълии лигаи занона - «Зебонисо»-и Душанбе -  дар майдони худ «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби бузурги 17:0 шикаст дод. Дар ду бозии дигари даври гузашта «Ҳосилот»-и Фархор бар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Хромачёва и Бабош выиграли турнир WTA в Руане в парном разряде






Сарик Андреасян снимет художественный фильм о Романе Костомарове

Смольный выдал градплан для жилого комплекса Верховного Суда 

Центральный парк в округе Пушкинский стал вторым по посещаемости в Подмосковье

Парковка в майские выходные станет бесплатной