Хадамоти кашф сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои Амрикоро меҷӯяд
Вилям Бернс, раиси Хадамоти иктишофии Амрико (СIA) гуфт, ки ин ниҳод талошҳои худро, ҷиҳати муайян кардани сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои ИМА-ро ба беморие, ки "Синдроми Гавана" гуфта мешавад, афзоиш додааст. Ин беморӣ, ки боиси ранҷуриҳои гуногун, аз ҷумла чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, дарди сар ва аз даст рафтани ҳофиза мешавад "Синдроми Гавана" ном дорад, зеро он бори аввал соли 2016 дар сафорати ИМА дар Гавана пайдо шуда, даҳҳо дипломатҳоро мубтало кард. Аз он замон инҷониб... Читать дальше...