ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 01.10.2021

Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад?

Ozodi.org 

Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст. Вокуниши коршиносон аз Душанбе ба ин изҳорот.

"Ором бошед". Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе коршиносони тоҷик изҳороти ахири Вазорати корҳои хориҷии Русия барои ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф миёни мақомоти тоҷик ва ҷунбиши Толибонро “иғвоангез” номиданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Русия тавассути чунин изҳорот нақши калидии худ дар минтақаро ба намоиш гузоштааст.

Барандагони ҷоизаҳои Расул Боқиев маълум шуданд

Ozodi.org 

Рӯзҳои 28-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо барои дарёфти ҷоизаҳои барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Панҷ медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар Тошканд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, панҷ медал гирифтанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки боридувум доир гардид, ҳудуди 1000 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон ширкат карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа соҳиби 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ - шуд. Читать дальше...

Давраи боимтиёзи муҳоҷирони тоҷик дар Русия хотима ёфт

Ozodi.org 

Дар Русия дирӯз муҳлати имтиёзе, ки тиқби он муҳоҷирон ҳақ доштанд бидуни ҷарима ва ҷавобгарӣ будубоши худро қонунӣ кунанд ба поён расид. Шурӯъ аз имрӯз кормандони пулис ҳақ доранд муҳоҷирони ғариқонуниро боздошт ва ихроҷ кунанд.

Полиси Эквадор гуфт, ки вазъ дар зиндонро назорат мекунад

Ozodi.org 

Полиси Эквадор назорат ба як зиндони ин кишварро барқарор кард, ки дар чанд рӯзи ошӯбҳо боиси кушта шудани 118 зиндонии аъзои гурӯҳҳои рақиби ҷиноӣ гардид. Сабаби ҷанги онҳо талоши зери назари худ даровардани назорат бар ин муассиса будааст. Мақомот гуфтанд, ин пурқурбонитарин ошӯб дар  таърихи зиндонҳои ин кишвари воқеъ дар Африқои Ҷанубӣ будааст. Ба иловаи кушташудаҳо, 86 зиндонӣ маҷрӯҳ шуда шаш нафарашон дар ҳолати сангин қарор доранд. Дафтари додситонӣ гуфт, ки дастикам шаш зиндониро сар буридаанд. Читать дальше...



Маҳбуси сиёсии қазоқ Алмат Ҷумагулов аз маҳбас озод шуд

Ozodi.org 

Алмат Ҷумагулов, фаъоли маданӣ ва яке аз се маҳкумшуда дар доираи парвандаи баҳсбарангези "ҷиҳодиён" дар Қазоқистон, баъди тақрибан чаҳор соли зиндон аз маҳбаси вилояти Алмаатои ин кишвар озод шуд. "Соати шаши субҳ аз хоб бедор карда, гуфтанд, ки бояд санадеро пур кунед. Сипас ба кӯча бароварда, гуфтанд, ки метавонед ба хонаатон равед. Худам ҳеч чизро нафаҳмидам", - гуфт Ҷумагулов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ. Додгоҳи шаҳри Қапшағайи Қазоқистон 15-уми сентябр дархости Алмат Ҷумагуловро... Читать дальше...

Дар сӯхтори беморхонаи Руминия 9 олудашуда ба COVID-19 ҷон доданд

Ozodi.org 

Сохторҳои масъули ҳолатҳои изтирорӣ дар Руминия гуфтанд, сӯхтори рӯзи 1-уми октябр дар беморхонаи олудашудаҳо ба COVID-19 ҷони нӯҳ нафарро гирифт. Сӯхтор дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Константа сар зад ва  то ҳол хомӯш нашудааст.  Талошҳо барои берун бурдани беморону ходимони бемористон роҳандозӣ шудааст. Вазорати беҳдошт гуфт, ки дар дохили беморхона 113 нафар нигаҳдорӣ  мешуд ва 10 нафари онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доштанд. Ин бори аввал нест, ки дар як беморхонаи... Читать дальше...

Дар Қирғизистон театри миллии "Манас" таъсис ёфт

Ozodi.org 

Бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон, дар ин кишвар театри миллии "Манас" таъсис ёфт. Роҳбари театр манасшинос Азиз Биймирзо уулу ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, низомномаи муассиса 30 сентябр тасдиқ шудааст.  Таъсиси театри нав дар Қирғизистонро 25 сентябр дар ҷараёни ҷашнвораи ҳамосаҳои мардуми ҷаҳон дар шаҳри Бишкек эълом карданд. Азиз Боймирзо ҳамчун раҳбари театр муаррифӣ ва аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ӯ барои харҷҳои муассисаи зери раҳбарияш ба маблағи 500... Читать дальше...

Ҳукми зиндони шоир ва дигарандеши қазоқ баъди 15 соли ҳабс сабуктар шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Павлодари Қазоқистон қарор кард, ки мӯҳлати боқимондаи ҳукми зиндони шоир ва дигарандеш Арон Отабек ба маҳдуд кардани озодӣ иваз шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Павлодар хабар дод. Дар хабар омадааст, ки додгоҳ бо сабуктар кардани мӯҳлати боқимондаи зиндони Отабек ба хотири бад будани саломатиаш розӣ шуд. Додгоҳ гуфт, Арон Отабек ба бемории табобатнашавандаи осеби сутунмӯҳра гирифтор аст ва ин беморӣ ба феҳристи бемориҳое ворид шудааст,  ки бар асоси он озод... Читать дальше...

"Интихобот"-и ҷанҷолии раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф

Ozodi.org 

Интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ҷанҷолбарангез шуд. Муовини вазири маориф мехост, раиси навро "бо мувофиқа" ва дар ҳузури вазири маориф ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ интихоб кунанд, аммо вакилони анҷуман напазируфтанд.

Саакашвили иддао кард, ки дар Гурҷистон аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо вуҷуди таҳдиди полиси Гурҷистон ба ҳабси собиқ президенти Гурҷистон,  Михаил Саакашвили  гуфт, ки ба ватан  баргаштааст. Ӯ рӯзи 1-уми октябр дар Фейсбук як видеое нашр кард, ки дар он мегӯяд, ӯ дар шаҳри соҳилии Батумӣ қарор дорад.   Ин иддаоро феълан тасдиқ кардан имкон надорад, вазорати умури дохилии Гурҷистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.  Саакашвили ҳоло сокини Украина аст ва ӯ чанд рӯз пеш гуфт, ки ният дорад рӯзи 2-юми октябр барои кӯмак дар “наҷоти кишвар” дар интихоботи маҳаллӣ ба Гурҷистон баргардад. Читать дальше...

Самбочиёни тоҷик барои ҷоизаҳои президенти Тотористон мубориза мебаранд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои Ҷоми президенти Тотористон, ки рӯзи якшанбе, 3-юми октябр, дар шаҳри Қазон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми октябр хабар дод. Ба иттилои ӯ, дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А”  “Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тотористон”иштироки ҳудуди 150 варзишгар аз наздики 15 кишвар дар назар аст. “Мусобиқа дар Қасри муҳорибаҳои якҳарбаи «Ак-Барс»... Читать дальше...

Писари молики бозори "Султони Кабир" аз зиндон раҳо шуд

Ozodi.org 

Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров-молики бозори “Султони Кабир” аз зиндон озод шудааст. Ӯро соли 2019 баъди як садамаи нақлиётӣ ба 10 соли зиндон маҳкум карда буданд.  Дар он садама ду нафар ба ҳалокат расида буданд. Яке аз наздикони Кабиров Кабиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писари молики бозори «Султони Кабир»-ро миёнаҳои моҳи сентябр бар асоси қонуни афв озод карданд. Ӯ дар маҳбаси ноҳияи Ёвон давраи ҷазоро паси сар мекард. Ҷузъиёти бештари раҳоии Кабир Кабиров дар даст нест. Адвокат Бахтиёр Салимов... Читать дальше...

Дар зиндони Эквадор 116 зиндонӣ кушта, 80 тани дигар маҷруҳ шуд

Ozodi.org 

Дар зиндони Литорали шаҳри Гуаякили Эквадор дар натиҷаи занозанӣ байни зиндониён 116 кас кушта ва 80 тан маҷруҳ шудааст. Ҳадди ақал сари 5 тани кушташудаҳоро аз тан ҷудо кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад. Бетартибиҳо дар зиндон 28 сентябр шуруъ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷангҷол байни гуруҳҳои Los Lobos ва Los Choneros сар задааст. Ин ду гуруҳ ба қочоқбарони байналхалқии маводи мухаддир марбут ҳастанд. Мақомоти зиндон гуфтанд, зиндониён дар занозанӣ аз силоҳи оташфишон... Читать дальше...

Блогери тоҷикро барои аксҳояш дар назди калисои Маскав боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар Маскав як блогери тоҷикро боздошт карданд, ки аксҳои дорои  мазмуни шаҳвонӣ гирифтаи ӯву як духтар дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар  Майдони Сурх ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Зоҳиран, як мояи аслии боздошти ӯ ин аст, ки духтар дар ин акс  либоси полис дорад.  Руслан Бобиев як шаҳрванди Тоҷикистон буда,  дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Русик 04" маъруф будааст. Матбуоти русӣ менависад, ки яке аз аксҳои ду ҷавон "ғайриахлоқӣ буда, ҳамон замон вокунишҳои манфиро ба бор овард". Бархе... Читать дальше...

АП: Баъди талаби ронандаҳои норозӣ арзиши иҷозатнома шаш баробар кам шуд

Ozodi.org 

Баъди таҷаммӯи ронандагони норозӣ дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта, нархи иҷозатномаи боркашонӣ аз 400 доллар то 60 доллар пойин оварда шудааст. Дар ин бора ронандагон ба хабаргузории "Азия-Плюс" иттило додаанд. Вале ҳанӯз ҳам, ба гуфтаи ронандагоне, ки  аз Узбекистон ба Тоҷикистон бор мекашонанд, нархи иҷозатнома  аз арзиши расмӣ 8 баробар баландтар аст.  Боркашонии байнулмилалӣ ба воситаи роҳҳои заминӣ  яке аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад. Дар гузашта нигарониҳо аз  вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрократия... Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об эффективных решениях в дорожном строительстве   


Шурӯи мавсими даъват ба артиши Тоҷикистон

Ozodi.org 

Аз имрӯз дар Тоҷикистон расман мавсими даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз ёфт. Ин навбат ҷавонони соли таваллудашон 1994 то 2003-юм ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мегарданд. Мавсим то 30-юми ноябр идома мекунад ва, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, масъулияти сафарбарии даъватшавандаҳо ба зиммаи раҳбарони шаҳру навоҳӣ вогузор шудааст. Вакилони порлумон ним сол пеш қонун дар бораи хидмати ҳарбиро тағйир доданд. Бар асоси он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда... Читать дальше...

Афғонистониҳои паноҳҷӯ баъди эмшавӣ аз сурхакон вориди ИМА мешаванд

Ozodi.org 

Низомиёни ИМА пешбинӣ мекунанд, ки бо гузаштани муҳлати моякӯбии зидди сурхакон вуруди муҳоҷирон аз Афғонистон ба ИМА оғоз меёбад. Онҳо баъди тарки Афғонистон муддатеро дар Аврупо ва кишварҳои Ховари Миёна сипарӣ карданд. Ба қавли фармондеҳони амрикоӣ шумораи муҳоҷирони афғон тахминан 14 ҳазор нафар буда, вурудашон ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад. Моҳи август ҳамроҳ бо низомиёни амрикоӣ ҳазорҳо нафар Афғонистонро тарк карда буданд. Дар байни онҳо гирифторони бемории сурхакон кашф шуд ва аз ин рӯ, хадамоти... Читать дальше...

Мавзӯи истирдод ва мубориза бо кибер-ҷиноятҳо дар баррасии президенти Тоҷикистону додситони Русия

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо додситони кулли Русия масъалаҳои истирдоду расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Игор Краснов рӯзи 30-юми сентябр бо сафари дурӯза ба Душанбе рафт. Дар хабари расмии вебсайти президенти Тоҷикистон омадааст, ки ду ҷониб "паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ... Читать дальше...

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ихроҷи Валентина Чупикро манъ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо як қарораш рӯзи 30-юми сентябр ҳадди аққал то 17-уми октябр ихроҷи раҳбари созмони ғайридавлатии “Тонг Ҷаҳони”(“Субҳи ҷаҳон”) Валентина Чупик аз боздоштгоҳи Русияро  манъ кард.

ТАҲЛИЛ. Покистон пас аз устувор шудани «Толибон» чӣ ҷойгоҳе дар минтақа хоҳад дошт?

Ozodi.org 

Коршиносон мегӯянд, устувор шудани «Толибон» дар Афғонистон аҳамияти сиёсии Покистонро зиёд мекунад, аммо ҳамзамон барои худи ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа хатари иловагӣ ба вуҷуд меорад.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим таъсис ёфт

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ, воқеъ ҷануби Тоҷикистон, Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим навсозӣ шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рузи 1-уми октябр аз ин муассисаи фарҳангӣ боздид намуд. Ба иттилои манбаъ, ин муассиса "ба ҳадафи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодрамон Одина Ҳошим", дар рушди фарҳангу санъати тоҷик, ба номи ӯ гузошта шуд. Дар гушае аз ин бино осорхона ҳам таъсис дода шудааст, ки дар он маҳсули офаридаҳои Одина Ҳошим... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Названа победительница матча Елена Рыбакина — Ига Швентек






Президент Эквадора Нобоа объявил двухмесячную ЧС из-за энергетического кризиса

Российские байкеры «Ночные волки» посвятят мотопробег Токтогон Алтыбасаровой

Ждёт своего часа. Учёный рассказал, кто может принести «болезнь Х»

Врач МОНИКИ развеяла основные мифы о донорстве крови