ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 02.10.2021

Мулоқоти С.Муҳриддин бо раҳбарони СММ

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, раҳбари сиёсати хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раҳбарияти СММ дидору гуфтугӯ кардааст. Ин мулоқот дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи кулли СММ доир шудааст. Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1-уми октябр доираи васеи масоили мавриди ҳамкорӣ, аз ҷумла, "муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19... Читать дальше...

“Толибон” ба марзи Ишкошими Тоҷикистон неру мефиристанд

Ozodi.org 

Гурӯҳи тундгарои “Толибон”, ки дар Кобул ҳукумати худро таъсис додааст, мегӯяд, ба зудӣ дастаҳои маргталаби худро ба қисмати дигаре аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар шимолу шарқи вилояти Бадахшони Афғонистон хоҳад фиристод.

Нархи палав боло рафт 

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканду се вилояти калони Узбекистон моҳи сентябри имсол нархи як табоқ оши палав назар ба моҳи август боло рафтааст.

Як узви собиқи маъмурияти президенти Украина дар хиёнат гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Як собиқ мақомдори дафтари президенти Украина дар хиёнат гумонбар мешавад. Хадамоти амнияти Украина рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки ин шахс ба давлати хориҷӣ иттилои дорои маълумоти махфиро фароҳам кардааст. Ӯро дар ҳамкорӣ бо хадамоти махфии кишвари хориҷӣ гумонбар медонанд. Исми мақомдори собиқ нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ дар гузашта дар маъмурияти президенти Украина кор мекард. Дар изҳороти мақомоти иктишофии украинӣ омадааст, ки далели ҳамкориву иттилоърасонии ӯ ба хадамоти вижаи кишвари хориҷӣ вуҷуд дорад. Читать дальше...

Интихоботи Гурҷистон ва номаи Саакашвилӣ аз дохили боздоштгоҳ

Ozodi.org 

Дар Гурҷистон интихоботи маҳаллии шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ ҷараён дорад  ва ин овоздиҳиро бисёриҳо ҳамчун имтиҳон ё референдуми эътимод ба ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” арзёбӣ мекунанд. Ҷомеаи Гурҷистон дар остонаи интихобот ва баъди интихоботи соли гузашта бисёр аз ҳам пошидааст, мавқеи ягона надорад. Дар остонаи интихобот собиқ президенти ин кишвар Михаил Саакашвили ба Гурҷистон баргашту шоми 1-уми октябр боздошт шуд. Ӯ аз дохили боздоштгоҳе дар канори Тифлис мардумро ба ширкат дар интихобот даъват кард. Читать дальше...

Собиқ раҳбари бозори Черкизов Телман Исмоилов боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар пойтахти Черногория шаҳри Подгоритсе собиқ раиси бозори Черкизови шаҳри Маскав Телман Исмоилов боздошт шуд. Дар ин бора вебсайти  Vijesti хабар медиҳад. Ба иттилои  Danas, Исмаилов бар асоси талаботи мақомоти Русия боздошт шудааст. Соли 2016  соҳибкорро ғоибона дар куштори соҳибкорон  Владимир Савкин ва Юрий Брилёв ва ҳам нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд. Соли 2018 ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ доданд. Бародари ӯ Рафиқ Исмоилов барои куштори ин ду соҳибкор ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст. Читать дальше...

Бонкдори рус ба пардохти $500 миллион ба андози ИМА розӣ шуд

Ozodi.org 

Олег Тинков, як муассиси калонтарин бонки хусусӣ дар Русия, ки дар ИМА барои тақаллуб бо андоз боздошт шудааст, розӣ шуд, ки ба Хадамоти даромадҳои дохилӣ - идораи андози Амрико ним миллион доллар пардохт кунад. Олег Тинков моҳи феврали соли 2020 бо дархости ИМА дар Бритониё боздошт шуд ва бояд рӯзи 29-уми октябр ҳукми ӯ содир шавад. Дар ин бора рӯзи 1-уми октябр вазорати адлияи ИМА хабар дод. Соҳибкори зодаи Русия соли 2013 аз шаҳрвандии ИМА даст кашид. Ин замоне буд, ки бонки TCS-и ӯ дар бозори бурси Лондон ҳузур пайдо кард. Читать дальше...



Шумори қурбониёни коронавирус дар ИМА ба аҳолии шаҳри Вашингтон баробар шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори фавтидаҳо аз коронавирус аз марзи 700 ҳазор нафар гузашт, ки тақрибан наздик ба аҳолии як шаҳри Вашингтон ё Бостон мебошад. Дар рӯзҳои охир дар саросари ин кишвар тахминан 1900 нафар бар асари COVID-19 ҷон медиҳанд ва 112 ҳаор нафар ба ин беморӣ олуда мешаванд. Аҳолии ИМА 330 миллион нафар аст ва омори қурбониҳои коронавирус  дар муқоиса бо дигар нуқоти ҷаҳон рекордӣ мебошад. Дар ИМА ҳоло давраи сеюми эмгузаронӣ ҷараён дорад, ки ҳадафаш қавитар кардани организм дар муқобили коронавирус гуфта мешавад.

Валентина Чупик: Ман дар ҳавопаймо ба Ереван парвоз мекунам. САДО

Ozodi.org 

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки як ҳафта дар боздоштгоҳи Русия буд, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҳавопаймо буда, ба самти Ереван парвоз мекунад. Валентина Чупик раиси 48-солаи созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон “Тонг ҷаҳони” (“Субҳи ҷаҳон”) аз 25-уми сентябр дар як боздоштгоҳи фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево” буд ва Русия корти паноҳандагиаш дар ин кишварро бекор карда, ҳузури ӯро дар ин кишвар барои 30 сол манъ кард. Ӯ гуфт: “Ман дар ҳавопаймо ҳастам. Маҷбурам телефонам қатъ кунам, ҳоло парвоз мекунем”. Читать дальше...

Гузоришҳо: тарҷумонҳои афғон, ки бо ҳолландиҳо кор кардаанд, таҳдид шуданд

Ozodi.org 

Тарҷумонҳои афғонистоние, ки барои Нидерланди кор кардаанд, аз ҷониби “Толибон” амр гирифтанд, ки дар додгоҳ ҳозир шаванд. Телевизиони ҷамъиятии NOS гуфт, ки “Толибон” оилаҳои тарҷумонҳоро ҳам таҳдид карданд, ки дар сурати аз худ дарак надодани онҳо нисбаташон чораҷӯӣ мекунанд. Чандин тарҷумоне, ки дар замони ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон бо ҳолландиҳо кор кардаанд, баъди омадани “Толибон” пинҳон шуданд ва оилаҳои онҳо ҳушдор гирифтанд, ки агар онҳо худро таслим накунанд, “ҳамчун дарс барои хоинҳои дигар шадидан муҷозот мешаванд”. Читать дальше...

Ҳабси Саакашвилӣ дар остонаи интихобот зоҳиран боиси бетартибӣ дар Гурҷистон мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 2-юми октябр дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин кишваре, ки мавқеи сиёсии мардумаш аз ҳам хеле фарқ мекунад, бовар меравад, ки овоздиҳии имрӯза бештар ба манфиати  ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” меанҷомад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина о том, что не играла в Индиан-Уэллс из-за болезни: «К сожалению, восстановление заняло много времени»






За неделю ГИБДД привлекла к ответственности более 180 пьяных водителей

Девятого фигуранта дела о «Крокусе» привезли в суд

Оркестр камерной музыки исполнит классические произведения в в Культурном центре «Интеграция» на Саянской

Промоутер Гаджиев считает, что МОК не может запретить участие в Играх дружбы