ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 04.10.2021

Мушкил дар кори Facebook, Instagram ва WhatsApp

Ozodi.org 

Рӯзи душанбе, 4-уми октябр, дар кори шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram, инчунин, паёмрасони WhatsApp мушкил пеш омадааст. Дар ин бора пойгоҳи Down Detector иттилоъ дод.

"Толибон" пас аз латукӯби Ҳоҷӣ Бобо паноҳҷӯёнро аз Ишкошим рондаанд

Ozodi.org 

Нерӯҳои "Толибон" садҳо паноҳҷӯйи афғонро аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммараз бо Ишкошими Тоҷикистон, ронда, ба гуруҳи боқимонда як рӯз муҳлат додаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Волии "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон аз ин афрод "беҷошудагони дохилӣ" ном бурдааст.

Аз ҳамсари профессори тоҷик хостаанд, хонаи ӯро холӣ кунад

Ozodi.org 

Мақомот дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, аз хешовандони даҳҳо кормандони собиқи давлат хостаанд, ки хонаҳоро тарк кунанд, зеро дигар ҳаққи зиндагӣ дар онҳоро надоранд. Хонаводаи Абдулҳамид Паҳлавонов, профессор ва корманди шоистаи Тоҷикистон, яке аз онҳост. Тафсилотро дар видео бинед.

Ба Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон чӣ рӯй дод?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки раиси Идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамла ба Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро рад кард, пайвандонаш ба дурустии он шубҳа доранд.

Раиси зиндонҳо ҳамла ба Раҳматуллои Раҷабро рад кард, пайвандонаш шубҳа доранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки раиси Идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамла ба Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро рад кард, пайвандонаш ба дурустии он шубҳа доранд.



"Шариат дар ҳама ҷо яксон нест"? "Нусхаи қабилаӣ"-и қонунҳои исломии "Толибон"

Ozodi.org 

Вақте намояндагони ҳукумати «Толибон» дар бораи татбиқи шариати исломӣ дар Афғонистон мегӯянд, ба қонунҳое ишора мекунанд, ки аз ҷониби ҳамин гурӯҳи муҳофизакори суннимазҳаб эҷод шудааст.

Боздошти як зодаи Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Русия

Ozodi.org 

Дар шаҳри Пушкини Русия як зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Боздошти Фирдавс Сулаймонови 42-сола, ки ба иттилои расонаҳои русӣ, «дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ буд», охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.

OCCRP гуфт, "ҳамсари ғайрирасмии Назарбоев" чӣ гуна соҳиби $30 млн шуд

Ozodi.org 

Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) муайян карда, ки Асел Курманбоева, ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як созиши офшорӣ 30 миллион доллар даромад ба даст овардааст.

Паҳлавони узбек барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи VIII байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 3-юми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо рақобатҳои гуштигирон дар вазни то 66 кило шуруъ шуд. Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум баргузор шудааст, ба ҷуз аз ҷудокорони тоҷик, варзишгарон аз Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Русия ва Беларус ширкат меварзанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардҳо баргузор мешавад. Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазни... Читать дальше...

"Санадҳои Пандора". Ошкор шудани "дороиҳои пинҳон"-и раҳбарони ҷаҳон

Ozodi.org 

Шуморе аз муассисаҳои бузурги расонаӣ 3 октябр санадҳоеро нашр карданд, ки аз сарватҷамъкунии пинҳони раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Малик Абдуллоҳ – подшоҳи Урдун, Андрей Бабиш – нахуствазири Чехия ва наздикони Владимир Путин – президенти Русия нақл мекунад.

Португалия дар финал Аргентинаро мағлуб кард ва қаҳрамони футзали ҷаҳон шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Португалия, ки рӯзи 3-юми октябр дар бозии ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021 дар Литва тими миллии Аргентинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ҳарду голи португалиҳоро Пани Варела ба самар расонид. Голи аргентиниҳоро Анхел Клаудино зад. Португалия бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд.  Аргентина бошад, дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2016, замоне ки дар финал мунтахаби Русияро бо ҳисоби 5:4 мағлуб карда буд, бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об эффективных решениях в дорожном строительстве   


"Толибон" як паноҳҷӯро дар марзи Тоҷикистон ба қатл расонданд

Ozodi.org 

Манбаъҳои Озодӣ аз Ишкошими Афғонистон хабар доданд, ки "Толибон" як паноҳҷӯро, ки мехост ба ҳудуди Тоҷикистон гузарад, ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо бо худ бурдаанд. Намояндаи "Толибон" ё мақомоти дигари вилояти Бадахшони Афғонистон барои шарҳи ин хабар дастрас нашудаанд.

Ҳукумати Қирғизистон бо "Сентерра" дар бораи "Қумтор" гуфтугӯ мекунад

Ozodi.org 

Ширкати "Сентерра" ташаббуси гуфтугӯҳо оид ба кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон рӯи даст гирифтааст. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи "Фейсбук" хабар дод. Президент навишт, "дар ҳайати мо чаҳор кас ширкат дошт". Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин ҳайат аз муовини раиси девони вазирон, ки ҳамзамони вазири энержӣ ва молия аст, раиси КДАМ, додситони кул ва раиси идораи берунии ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" ва мутахассисони дигар аз бахши ҳуқуқи ширкат иборат аст. Содир Ҷабборов хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт... Читать дальше...

Блинкен гуфт, ИМА рӯзноманигоронро дар саросари дунё ҳимоят мекунад

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бахшида ба солгарди қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ, ки эҳтимол меравад, се сол пеш бо фармоиши мақомоти Арабистони Саудӣ кушта шудааст, изҳоротеро нашр кард. "ИМА ҳамеша аз усуле ҷонибдорӣ мекунад, ки бар асоси он, инсон дар саросари олам ҳақ дорад, бидуни ҳарос аз муҷозот ё пайомади нохуш ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро истифода кунад", - омадааст дар изҳорот. Вашингтон баъди он ки натиҷаҳои таҳқиқи куштори Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ба Конгресс пешниҳод шуд... Читать дальше...

Пандемия бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз кор маҳрум кард, вале...

Ozodi.org 

Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд.

30 нафар дар Тоҷикистон ҳам соҳиби кор шуданд ва ҳам кордиҳанда. Чӣ гуна? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?






Специалисты МОПЦ провели более 3 тыс успешных процедур ЭКО

Захарова назвала «кровавым преступлением» убийство военкора Ерёмина

Более тысячи дошкольников сдадут нормы ГТО в Люберцах

Врач МОНИКИ развеяла основные мифы о донорстве крови