ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 12.10.2021

Муфаттиш таҷовузи наврас дар Вахшро тасдиқ накард. Модар бовар надорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як зани 32-сола дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иддао дорад, ки писари 10-солааш аз сӯи ҷавоне озори ҷинсӣ дидааст, аммо додситонӣ бидуни огоҳии онҳо парвандаро нисбати ҷавон қатъ намуда, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардааст.

Додгоҳи Аврупо баргардонии иҷбории Ҷумадурдиевро ба Туркманистон манъ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи аврупоӣ дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 11-уми октябр мақомоти Русияро огоҳ кард, ки Аҳмад Ҷумадурдиев, шаҳрванди 26-солаи Туркманистон набояд, то анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ иҷборан ба Туркманистон фиристода шавад. Дар ин бора рӯзи 11-уми октябр Маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" хабар дод. Ҷумадурдиев ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Русия боздошт шуд. Вай мехост, аз Русия ба Эстония фирор кунад. Мақомоти Русия вуруд ва ҳузури ӯро то соли 2055 манъ карданд. Ҷумадурдиевро дар Туркманистон бо айби "тундгароӣ" дар пайгард қарор додаанд. Читать дальше...

Гутерреш: "Толибон" ба сари худ, мардуми Афғонистон набояд ҷазо бинад

Ozodi.org 

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар робита бо Афғонистон “босуръат” амал кунад ва “пули нақд ворид” намояд, то “иқтисодаш нафас” кашад.

Бунёди байналмилалии асъор $12,6 млн қарзи Қирғизистонро мебахшад

Ozodi.org 

Қарзи Қирғизистон аз Бунёди байналхалқии асъор 12,6 млн доллар кам шуд. Дар ин бора вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон иттилоъ дод. Вазорат гуфт, Бунёд қарзи 24 кишвари узвро, ки даромади камтар доранд, коҳиш дод. Миёни 24 кишвар Қирғизистон низ ҳаст. Пештар аз ин Қирғизистон ҳамчунин хабар дода буд, ки барои тамдиди муҳлати баргардонии қарзи Чин бо Бонки воридоту содироти он кишвар гуфтугӯ дорад. Қирғизистон мехоҳад, 51,1 млн доллари қарзи Чинро 6 сол баъд пардозад. Ин қарз солона 2% меафзояд. Читать дальше...

Муфаттишон иттиҳоми таҷовузи наврасро тасдиқ накард, Модар бовар надорад

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Вахшро, ки қатъи парвандаи озори ҷинсии писари хурдсолаш нигарон кардааст,ба Душанбе омодааст ва мехоҳад ин қазияро бо ниҳодҳои марбута дар пойтахт дар миён гузорад.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои пиёдагардонро сахттар мекунанд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон аз порлумони кишвар хостааст, ҷазо барои қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон дар роҳҳои мошингузар пурзӯр карда шавад. Бар асоси тағйироти нав ба қонун, барои гузаштан аз болои гулзорҳои канори роҳ ҳам акнун муҷозот пешбинӣ мешавад. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр Шӯрои ин Маҷлис масъалаи сахттар кардани ҷазо барои пиёдагардонро баррасӣ кардааст. Аксаран ронандагон шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд... Читать дальше...

Туркия ба Узбекистон 200 ҳазор вояи воксини чинӣ мефиристад

Ozodi.org 

Туркия ба Узбекистон 200 ҳазор вояи воксини истеҳсоли Чин ирсол мекунад. Хабаргузории Dunyo иттилоъ дод, ки созишнома дар бораи ирсоли воксин аз сӯи сафири Узбекистон дар Туркия Алишер Азамҳоҷиев ва муовини вазири тандурустии Туркия Халил Элдемир имзо шудааст. "Ин миқдор воксин ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳусни ният аз ҷониби Туркия ба Узбекистон ирсол мешавад",-омадааст дар созишнома. Воксинҳои "Sinovac" истеҳсоли Чин ҳастанд.



Рекорди нави рӯзонаи марг бар асари COVID-19 дар Русия

Ozodi.org 

Дар Русия, ки мизони худдории сокинон аз эмшавӣ бар зидди COVID-19 ҳамоно баланд боқӣ мемонад, шумори қурбониҳои коронавирус рӯзи 11 октябр дубора рекордӣ шуд. Ба иттилои ситоди зидди коронавируси Русия, дар 24 соати гузашта 973 нафар аз коронавирус ҷон доданд. Рӯзи шашум аст, ки дар ин кишвар омори марг аз COVID-19 аз марзи 900 нафар дар рӯз убур кардааст. Дар маҷмӯъ, аз замони шурӯи пандемия дар Русия дар ин кишвар 218,345 нафар қурбони коронавирус шуданд. Дар як шабонарӯзи гузашта дар Русия 28,190... Читать дальше...

Коргарони ширкати "Кезбӣ" дар Қазоқистон боз корпартоӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон коргарони ширкати "Кезбӣ", ки ба таъмири чоҳҳои ширкати нафткаши "ОзенМунайГаз" машғул ҳастанд, корпартоӣ карданд. Рӯзи 11-уми октябр онҳо бо нашри изҳороте корпартоии худро эълом карданд. Яке аз коргарон матни изҳоротро қироат кард: "Моҳи июли соли ҷорӣ ширкат ваъдаи бештар кардани моҳонаро дод. Аммо моҳи сентябр моҳона афзоиш наёфт. Онҳо ба ваъдаи худ вафо накарданд". Мудири ширкати "Кезбӣ" Битим Кезбоев корпартоии коргаронро тасдиқ кард. Дар ин кишвар бештар аз ҳазор кас кор мекунад. Читать дальше...

СБП ба Кристалина Георгиева "эътимод ва боварӣ" баён кард

Ozodi.org 

Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул (СБП) баъди баррасии иддаои фишороварӣ ба кормандони Бонки ҷаҳонӣ ба манфиати Чин гуфт, ки  аз раиси иҷроияи ин ниҳод Кристалина Георгиева пурра ҳимоят мекунад. Шӯрои мудирони СБП дар изҳороте рӯзи 11 октябр гуфт, ки ба ӯҳдадориҳои Георгиева дар фароҳам кардани меъёрҳои баланди мудирияту боинсофӣ  дар робита бо ин ниҳоди байналмилалии ҷаҳонӣ эътимод дорад. Дар изҳороти шӯро изҳори боварӣ шудааст, ки Георгиева ҳеҷ “нақши нодурусте иҷро накардааст”. Қабл аз... Читать дальше...

Тарҷумони афғон, ки Байденро наҷот дода буд, Афғонистонро тарк кард

Ozodi.org 

Амон Халилӣ, мутарҷими афғон, ки бо артиши амрикоӣ ҳамкорӣ дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш аз Афғонистон берун бурда шуд. Онҳо ба Покистон ва аз он ҷо ба кишвари дигари амне интиқол меёбанд, хабар дод ABC News. Дар соли 2008 Халилӣ президенти кунунии ИМА Ҷо Байденро наҷот дода буд. Байден он замон сенатор буд. Байден ва ду ҳамроҳи дигараш ба Афғонистон омада буданд. Чархболи онҳо нишасти изтирорӣ анҷом дод. Чанд кас, аз ҷумла Халилӣ ба наҷоти Байдену ҳамроҳонаш рафтанд. Бо талоши Халилӣ ва дигар наҷотдиҳандагон... Читать дальше...

Узбекистон воридоти газро аз боҷи гумрукӣ озод кард

Ozodi.org 

Шуруъ аз 1-уми октябр шахсони ҳуқуқӣ, ки ба воридсозии газ ба Узбекистон машғул ҳастанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуданд. Дар ин бора дар фармони президенти он кишвар аз 6-уми октябр зикр шудааст. То ин замон Узбекистон ба хориҷи кишвар газ содир мекард. Анвар Ҳусайнов, вазири пешини таъминоти гази Узбекистон ба ин бовар аст, ки кишвараш солҳо пеш мебоист, аз содиркунандаи газ ба воридкунандаи он табдил шавад. Узбекистон солона, ба ҳисоби миёна 60 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад. Читать дальше...

"Барои ман омаданду падарамро куштанд"

Ozodi.org 

Наққоши ҷавони афғон Умар Хомӯш аввали соли 2021 аз тарсу таҳдиди Толибон ба Тоҷикистон гурехт, ки падарашро куштанд. Ӯ дар паноҳгоҳи наваш дар ноҳияи Ваҳдат мактаби наққошие боз кард ва ба хоҳишмандон дарси наққошӣ меомӯзад. Ҳарчанд пули зиёде ба даст намеорад, вале онро ҷое барои ҷамоаи хурди афғонҳо мешуморад, ки дур аз ватан метавонанд, ҳунаре ёд бигиранд.

Боздиди консули тоҷик аз боздоштгоҳи муҳоҷирон

Ozodi.org 

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар ин шаҳр дидан кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, диполомати тоҷик бо шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бояд ба ватан ихроҷ шаванд, шинос шудааст. Зафар Сайдзода бо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи суръат бахшидани раванди интиқоли ин муҳоҷиронро низ баррасӣ намудааст. Аммо дар ин хабарнома шумораи муҳоҷирони тоҷике... Читать дальше...

Муҳоҷирон дар ним сол ба Тоҷикистон 752 млн. доллар фиристодаанд

Ozodi.org 

Бонки Марказии Русия ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар нимсоли ҷориро нашр кардааст. Тибқи омори бонк, дар ин муддат зодагони Тоҷикистон аз Русия ба ватан беш аз 752 миллион доллар фиристоданд. Ҳаҷми миёнаи пули интиқолёфта аз ҷониби зодагони Тоҷикистон аз 139 то 154 доллар будааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона миллионҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар низ фавқуллода муҳим аст. Сатҳи некӯаҳволии... Читать дальше...

Президенти Украина бо мақомоти ИА таҳдидҳо аз Русияро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рӯзи 12-уми октябр бо Владимир Зеленский, президенти Украина амнияти Аврупо ва мушкилот бо Русияро баррасӣ мекунанд. Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо ва Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо бо президенти Украина таҳдидҳои амниятӣ ва ҷанг дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунанд. Ин 23-умин нишасти Иттиҳоди Аврупо бо Украина пас аз оғози ҷанг дар шарқи ин кишвар бо пуштобонии Русия аз ҷудоиталабон аст, ки ҳашт сол боз давом дорад. Хосеп Боррелл... Читать дальше...

Новости России
Москва

Питерским генералам сидеть в столице // Экс-начальника ГУ МВД по Санкт-Петербургу и его подчиненных хотят судить за взятки в Москве


Мулоқоти ҳайати аврупоӣ бо "Толибон" дар Қатар

Ozodi.org 

Рӯзи 12 октябр дар шаҳри Давҳаи Қатар ҳайатҳои “Толибон” ва Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунанд ва баробар бо ин, раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи 20  кишвари пешрафтаи иқтисодӣ барои баррасии кӯмак, амният ва дигар масоили марбут ба Афғонистон ҷамъ мешаванд. Дар бораи гуфтугӯҳо бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ хабар дод. Ҳафтаи гузашта “Толибон”  бо намояндагони ҳукумати ИМА аввалин бор баъди дар моҳи август ишғол шудани Афғонистон дидору гуфтугӯ карданд. Читать дальше...

Ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон "аз нав баррасӣ мекунанд"

Ozodi.org 

Як мансабдори баландпоя гуфт, ки додгоҳе дар Қирғизистон рӯзи 19-уми октябр шикоятҳоро дар бораи ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард. Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, онҳо дар ду нома бозбинии ҳукмро хостаанд.

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам дар Дубай мусовӣ шуд

Ozodi.org 

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо дастаи олимпии Ветнам бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дидори Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баррасии вазъи Афғонистон

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафараш ба Брюселл бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардааст. Ба гуфтаи мақомот, равобити Душанбе бо ин созмон ва вазъи Афғонистон мавзӯъҳои асосии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо буд. Дафтари матбуоти президент рӯзи 11-уми октябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Шарл Мишел, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардааст. Ба қавли манбаъ, дар ин дидор масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, гидроэнергетика... Читать дальше...

Расонаҳо: ҷосуси рус маълумот дар бораи "AstraZeneca"-ро дуздидааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Бритониё гуфтааст, ба ҳамагуна хабар дар бораи ҳамлаҳои киберӣ ва дуздии моликияти зеҳнӣ "вокуниши ҷиддӣ" нишон хоҳад дод. Намояндаи сарвазири Бритониё ба суол дар бораи дуздида шудани формулаи ваксинаи сохтаи ширкати "AstraZeneca" зидди коронавирус аз сӯи хадамоти махсуси Русия посух гуфт. Ӯ афзуд, ки наметавонад хабари марбут ба кори хадамоти махсусро шарҳ диҳад ва зидди Русия низ айб эълом накардааст. Бино ба навиштаи нашрияи The Sun ва як қатор расонаҳои маҳаллии дигар, хадамоти... Читать дальше...

Додгоҳи ҳакамӣ даъвои "Penwell"-ро зидди ҳукумати Қирғизистон рад кард

Ozodi.org 

Маркази намояндагии додгоҳии Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки додгоҳи ҳакамӣ 8-уми октябр даъвои ширкати "Penwell Business Limited"-ро дар бораи пардохти ҷуброн ба маблағи 298 миллион доллар рад кард. Додгоҳ қарор кардааст, ки "даъвогар ҳангоми сармоягузорӣ дар Қирғизистон борҳо ба воситаи шарикони маҳаллӣ ва бевосита даст ба лоиҳаҳои коррупсионӣ задааст". Ба огаҳии марказ, ин бори нахуст аст, ки дар таърихи истиқлоли Қирғизистон даъвои сармоягузори хориҷӣ бар асоси таҷрибаҳои коррупсионӣ рад карда мешавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Кудерметова выиграла турнир WTA в Штутгарте в парном разряде






На выставке в Ташкенте «Швабе» поделился опытом внедрения интеллектуальных транспортных систем

В Москве пройдёт цикл открытых лекций с психологами и учёными для поддержки выпускников

В Красноярске владелица алабая привязала собаку к машине и протащила по дороге

Сергей Собянин рассказал об обсуждении благоустройства еще восьми общественных пространств