ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 13.10.2021

Донишманди тоҷик мегӯяд, ки навъи ҷадиди сементро офаридааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як донишманди тоҷик даъво дорад, ки навъи ҷадиди сементро офаридааст, ки "ба обу намак тобовар буда, барои сохтмони обанборҳо муфид аст". Маркази миллии патент ба Абдуҷалил Мирҷамолов санади тасдиқкунандаи "ихтироъ" дод, вале то ҳол коршиносони мустақил натиҷаи кори ӯро арзёбӣ накардаанд.

"Аҳмад Масъуд барои музокирот ба Тоҷикистон омад, вале аз Толибон дарак нашуд"

Ozodi.org 

Манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, "бо як сафари кӯтоҳ ба Душанбе омад, аммо дубора ба Панҷшер бозгашт".

Додгоҳ аъзои Ҳизби демократии Қазоқистонро ҷарима кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 12-уми октябр чаҳор фаъоли Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистонро ҷарима баст. Ҳар кадоми онҳо 34-долларӣ ҷарима шудаанд. Дар ин бора Инга Имонбой, яке аз фаъолон хабар дод. Ин афродро баъди иқдоми эътирозӣ пушти дари Бонки миллии Қазоқистон дар "майдаавбошӣ" айбдор ва ҷарима бастанд. Додгоҳ ду тани дигар аз фаъолонро рӯзи 13-уми октябр муҳокима мекунад. Айгерим Тлеужан ва Аружан Дуйсебоева дар боздошт ҳастанд. Рӯзи 12-уми октябр фаъолони... Читать дальше...

Эътирози мухолифини тоҷик дар Лаҳистон

Ozodi.org 

Гуруҳе аз мухолифини тоҷик рӯзи 13-уми октябр дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Варшава, маркази Лаҳистон, тазоҳурот карданд. Ин эътироз дар замоне баргузор шуд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафар дар Аврупо қарор дорад.

Як "маҳбуси сиёсӣ" дар Қазоқистон пеш аз муҳлат озод шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 13-уми октябр Кенжебек Абишев, "маҳбуси сиёсӣ"-и Қазоқистон аз зиндон озод шуд. Мақомоти зиндон ӯро субҳи барвақт ба манзилаш дар ноҳияи Ҷамбили вилояти Алмато овардаанд. "Зоҳиран мехостанд, ки аз ҷамъшавии одамон ва расонаҳо пешгирӣ кунанд", - гуфт Абишев дар суҳбат бо расонаҳо. Рӯзи 27-уми сентябр додгоҳ дархости озодии пеш аз муҳлати Абишевро қонеъ кард. Абишевро бо айби "тарғиби терроризм" дар соли 2018 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ Абишевро маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд. Читать дальше...

САҲА аз интихоботи президентӣ дар Узбекистон интиқод кард

Ozodi.org 

"Миёни номзадҳо ба мақоми президентии Узбекистон рақобат мавҷуд нест, онҳо рӯ ба рӯи ҳам баҳс намекунанд", - омадааст дар хулосаи пешакии ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки барои назорати интихоботи президентии Узбекистон вориди ин кишвар шудаанд. Дар хулосаи нозирон ҳамчунин омадааст, ки мақомоти Узбекистон чанде аз пешниҳоди САҲА-ро ба инобат гирифта, қонунгузории интихоботро ислоҳ кардааст. Аммо ҳамоно тавсияҳои марбут ба бекор кардани мамнуиятҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо... Читать дальше...



Яке захмӣ, дигаре зиндонӣ шуд. Идомаи баҳси замин миёни хешовандон дар Мастчоҳ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ Юсуф Раҷабзода, ҷавонеро, ки моҳи июни имсол писари аммаашро бо панҷшох захмӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси қонуни авф аз се як ҳиссаи ҷазои ӯро кам мекунанд. Наздиконин ҷабрдида аз ҳукм норозиянд.

Эътирози коргарони бурҷи "Абу Даби Плаза" дар Нурсултон

Ozodi.org 

Рӯзи 13-уми октябр коргарони ширкати "WMG", ки дар сохтмони бурҷи "Абу Дабӣ Плаза" дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон кор мекунанд, эътироз карданд. Сабаби асосии эътироз - пардохт нашудани моҳона аст. "Моҳона пардохт намешавад. Пардохтҳои нафақа ҳам ним сол аст, ки ворид намешаванд. Мо ҷамъ шудем, ки ин эътирозҳоро расонем. 22 дарсади моҳонаро нигаҳ медоранд ва бо ҳамин онҳоро ба суратҳисоб интиқол намедиҳанд", - гуфт Жанарбек Марат, яке аз коргарон. Коргарон гуфтад, онҳо пайваста то рӯзи 10-уми ҳар моҳ маошро дарёфт мекарданд... Читать дальше...

Қамчибек Тошиев ширкаташ дар як туйи баҳсбарангезро шарҳ дод

Ozodi.org 

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар ҷаласаи порлумони кишвараш рӯзи 13-уми октябр ҳузураш дар як туйро шарҳ дод, ки онҷо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов низ ширкат дошт. Тошиев дар туйи раиси пешини шаҳри Ӯши кишвараш Таалайбек Сарибашев рӯзи 9-evb октябр ҳузур дошт, ки дар он туй Матраимов низ даъват шуда буд. Тошиев дар шарҳи ҳузури худ дар он туй гуфт, дар як соли охир КДАМ наздики 7,5 млрд сомро дар натиҷаи мубориза бо фасод ҷамъоварӣ кардааст. Читать дальше...

Масъули ҷанҷол дар Мастчоҳ ҳабс шуд, вале ҷабрдида қонеъ нест

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ Юсуф Раҷабзода, ҷавонеро, ки писари аммаашро бо панҷшох захмӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси қонуни авф аз се як ҳиссаи ҷазои ӯро кам мекунанд. Наздиконин ҷабрдида аз ҳукм норозиянд.

Машқҳои низомии СПАД дар Тоҷикистон 22-23-юми октябр барпо мешаванд

Ozodi.org 

Кремлин рӯзи 13 октябр хабар дод, ки дар таърихи 22-23-юми октябр дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои муштараки низомии нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барпо мешавад. Дар қатори Тоҷикистон, ки бо Афғонистон  беш аз 1300 км марзи муштарак дорад, ба узвияти ин созмон Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Русия ва Беларус шомил ҳастанд. Моҳи гузашта машқҳои серӯзаи нирӯҳои СПАД дар хоки Қирғизистон барпо шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки тамринҳои низомӣ дар шароити... Читать дальше...

​​​​​​​Хуни Нигор ба гардани кист? "Толибон" намепазирад, кормандони собиқ нигаронанд

Ozodi.org 

Осори тири ҳамлаварон ва хуни Нигор ҳамоно дар дару девори хонаи ӯ дар вилояти Ғури Афғонистон истодааст. Нигор дар ҳукумати пешинаи Афғонистон полис буд ва як моҳ баъди ба қудрат расидани "Толибон" кушта шуд.

Таҳдиди иҷрои ҳукми қатли марди эронӣ мояи хашми ҳомиёни ҳуқуқ шуд

Ozodi.org 

Фаъолони ҳуқуқ бо нигарониву хашм ба Эрон дида духтаанд, ки гуфтааст, рӯзи 13-уми октябр санаи иҷрои ҳукми қатли марде мебошад, ки барои куштори як духтар дар синни 17-солагӣ боздошт шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми додгоҳ ва тасмими мақомоти эрониро “комилан ноодилона” меноманд. Афви байнулмилал дар як изҳороташ ҳафтаи ҷорӣ аз мақомоти Теҳрон тақозо кард, ки ҳукми қатли Ормон Абдулолиро бо сабаби ин ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ иҷрои ҳукми қатл нисбати шахсе, ки ҷиноятро то 18-солагӣ содир кардааст, мамнӯъ мебошад, бекор кунад. Читать дальше...

Аврупо гуфт, ба ҳамсояҳо ва худи Афғонистон ёрӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар Давҳаи Қатар  нахустин мулоқоти рӯбарӯи мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва “Толибон” баргузор шуд ва баробар бо ин Аврупо тааҳҳуд кард, ки тахминан 1 миллиард евроро барои кам кардани бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ироа мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки  фишори байналмилалӣ болои  ин гурӯҳи тундрав бо сабаби суқути ҳуқуқи башар афзоиш меёбад. “Толибон” дар талоши эътирофи байналмилалӣ ҳастанд ва айни замон барои пешгирӣ аз фалокати башарӣ дар кишвар ба кӯмакҳо ниёз доранд. Дар остонаи зимистони сард иқтисоди Афғонистон дар ҳоли бӯҳронӣ буда... Читать дальше...

HRW дар остонаи интихоботи Узбекистон аз пастравии ҳуқуқи башар ҳушдор дод

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch (HRW) дар як изҳороташ гуфт, ки ба интихоботи президентии Узбекистон чандин номзади воқеии чолишбарангез роҳ дода нашуданд ва ин аз нақзи ҳуқуқ дарак медиҳад. Изҳороте, ки 13-уми октябр нашр шуд, мегӯяд, ки ин маҳдудиятҳо аз “нопурра будани вусъати ислоҳоте”, ки президент Шавкат Мирзиёев ба он даст задааст, дарак медиҳад. Интизор меравад, ки дар интихоботи президентии рӯзи 24-уми октябр президенти амалкунанда пирӯз мешавад. Дар матбуоти маҳаллӣ таблиғоти... Читать дальше...

Новости России
Москва

Предложения АИРР поддержала комиссия Госсовета


Шикоятҳо аз бебарқӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон. Сокинон аз "лимит" мегӯянд, мақомот аз "таъмир"

Ozodi.org 

Баробари сард шудани ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон, мардум аз камбуди барқ шикоят доранд. Чанде аз сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки ин шабу рӯз бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомот пеш омадани чунин вазъро ба таъмири хатҳо рабт медиҳанд.

2,5 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Олмон ба ИМА парвоз карданд

Ozodi.org 

Масъулини пойгоҳи амрикоӣ дар Олмон гуфтанд, ки интиқоли мусофирони афғонистонӣ ба самти ИМА аз сар гирифта шуд ва аз 9 то 12 октябр нӯҳ ҳавопаймо бо паноҳҷӯёни афғонистонӣ  пойгоҳро тарк карданд. Сухангӯи пойгоҳи ҳавоии Рамштейн гуфт, дар маҷмӯъ дар ин нӯҳ парвоз 2500 нафар берун бурда шуд. Чор ҳазор нафари дигар мунтазири парвоз қарор доранд, гуфт ӯ. Сабаби чанд ҳафта боздошта шудани парвози ин паноҳҷӯён ба ИМА эмшавии онҳо бар зидди сурхакон ва дигар бемориҳо буд. Бар асоси муқаррароти тиббии  ИМА... Читать дальше...

ИМА қарори бекор кардани маҳдудияти сафарро эълон хоҳад кард

Ozodi.org 

Интизор меравад  аз моҳи оянда ИМА марзҳояшро барои мусофироне боз хоҳад кард, ки бо сафарҳои ғайрикорӣ вориди ин кишвар мешаванд. Ба ин тартиб, қарори манъи сафарҳои нозарур ба ИМА, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 давоми 19 моҳ амал мекард, бекор мешавад. Як сенатори демократ рӯзи 12 октябр хабар дод, ки ИМА барои нафарони пурра эмшуда ҳақ медиҳад, ки аз ҳар нуқтаи марзии Канадаву Мексика вориди ин кишвар шаванд. Дар бораи нақшаи бозкушоии марзҳо барои сафарҳои нозарур вазири корҳои дохилии ИМА Алеҳандро Майоркас ҳам хабар дод. Читать дальше...

Мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022: Бозии Эрон бо Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои даври чоруми марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи сешанбеи 12-уми октябр баргузор шуданд. Дар ин марҳила 12 дастаи беҳтарини қора, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат карданд.

32 кишвар барои пешгирӣ аз гармшавии замин партови метанро коҳиш медиҳанд

Ozodi.org 

Беш аз 30 кишвари ҷаҳон ба лоиҳаи "Масъулияти ҷаҳонии метанӣ" пайваста, тасмим доранд, то соли 2030 партови метанро то ба 30 дарсад кам кунанд. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, бо гармшавии замин ингуна мубориза барад. Ин лоиҳа дар арафаи конфронси иқлими СММ, ки қарор аст моҳи ноябр дар Шотландия баргузор гардад, омода мешавад. Ҳадафи он пайвастани кишварҳо ба чораҳои умумӣ ва нигаҳдоштани ҳарорати гармии замин то соли 2100 дар 1,5 дараҷа мебошад. ... Читать дальше...

Назарбоев ба мақоми раиси Шӯрои хирадмандон пешниҳод шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷаласаи ҳайати "Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё" баргузор шуд. Дар он вазирони умури хориҷии Баҳрайн, Белорус, Ҳиндустон, Қатар, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон ва вазири сайёҳии Исроил иштирок доштанд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ин ҷаласа суханронии тӯлоние намуда, аз ҷумла пешниҳод кард, ки президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои хирадмандон интихоб шавад. "Барои худ ифтихор медонам... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Сложнее некуда! Прямая трансляция и превью матча Рыбакиной против непобежденной чемпионки






Правительство Эстонии вынуждает Пюхтицкий монастырь отказаться от Московского патриархата

Дочь разведчика Трианон, предавшего СССР за 315 тысяч долларов, ищет родственников в России

Yle: в финском Тампере закроют музей Ленина, работавший с 1946 года

План «Чариотир»: как США готовились бомбить СССР ядерным оружием