ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 14.10.2021

Путин: "Вазъ дар Афғонистон содда нест." Ятимов: "15 000 паноҳҷӯ ба Тоҷикистон ворид шуд"

Ozodi.org 

Ҳоло мақомоти расмӣ мегӯянд, рӯзона садҳо нафар мехоҳанд, аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд. Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, дар муддати ду моҳи гузашта 15 000 паноҳҷӯи афғон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сарсон кардаанд

Ozodi.org 

Беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дода ва ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон ба гуфтаи худашон се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс, қарздор шуданд.

"Саги кӯча соҳиб дорад, мо не." Додхоҳии як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Беш аз сад  муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дода, ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон ба гуфтаи худашон се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон омаданд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс қарздор шудаанд.

Баъди қариб 1,5 сол рӯзноманигорон дубора ба порлумони Қазоқистон роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Рӯзи 14-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон нахустин ҷаласаи сенати он кишвар дар шакли офлайн баргузор шуд, ки дар он рӯзноманигорон ҳам ҳузур доштанд. Ин бори аввал буд, ки дар як солу 7 моҳи охир намояндагони расонаҳо дубора ба бинои сенат роҳ дода шуданд. Вуруд ба палатаи болоии порлумони Қазоқистон, ба далели пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус, барои расонаҳо маҳдуд шуда буд. Бо ин вуҷуд, ба сенати Қазоқистон аз миёни намояндагони расонаҳо танҳо афродеро иҷозаи вуруд доданд, ки воксини зидди коронавирус гирифтаанд. Читать дальше...

Комисияи ИМА бештар аз 2 ҳазор зиндонии мазҳабиро дар Узбекистон "пайдо" кард

Ozodi.org 

Комисияи ИМА дар умури озодиҳои мазҳабӣ рӯзи 13-уми октябр гузоришеро дар мавриди Узбекистон нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, ки дар зиндонҳои Узбекистон бештар аз 2 ҳазор маҳбуси мазҳабӣ нигаҳ дошта мешавад. Стив Свердлов, муаллифи гузориш мегӯяд, аз ин теъдод танҳо шахсияти 81 кас мушаххас шуда ва аксари онҳо дар зиндон шиканҷаву таҳқир шудаанд. Гузориши Комисияи ИМА таҳти номи "Маҳбусони сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Узбекистон: бартарафсозии таҷрибаи таъқиб" нашр шудааст. Дар гузориш омадааст... Читать дальше...

Русия 158 ҳазор муҳоҷири узбекистониро авф мекунад

Ozodi.org 

Русия 158 ҳазор муҳоҷири узбекистониеро авф кард, ки вурудашон ба он кишвар манъ буд. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирони мазкур метавонанд, дубора ба Русия раванд. Авф шомили ҳоли шаҳрвандоне намешавад, ки бо қарори додгоҳ аз Русия депорт шудаанд. Пештар аз ин мақомоти Русия аз камбуди неруи кории хориҷӣ хабар дода буданд. Ноиб-раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов гуфт, пойтахти Русия ба 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатии иловагӣ ниёз дорад. Сергей Собянин, раиси шаҳри Москва дар навбати худ афзуд, камбуди... Читать дальше...



Размкори UFC баъди баҳс бо муфтӣ, Қирғизистонро тарк мекунад

Ozodi.org 

Рафаэл Физиев, размкори қирғизистонӣ тасмим дорад, аз ин ба баъд зери парчами кишвараш дар мусоҳибқаҳо ширкат наварзад. Вай ҳамчунин мехоҳад, ҳамроҳ бо хонаводааш тарки Қирғизистон кунад. Дар ин бора варзишкор дар саҳифаи Инстаграм хабар дод. Физиев гуфт, ин тасмим дар натиҷаи фишоре гирифта шудааст, ки ба вай аз сӯи муфтиёти Қирғизистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мерасад. Варзишкор гуфт, ба далели дидгоҳҳои мазҳабиаш ба вай фишор меоранд. "Ман чи гуфтан мехоҳам? Ман ҳаргиз мулло набудам. Читать дальше...

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Талдикӯли Хурдро ҳифз мекунанд

Ozodi.org 

Серикқулӣ Брекешев, вазири муҳитзистӣ, геологӣ ва захоири табиии Қазоқистон гуфт, ки кӯли Талдикӯли Хурд ҳамчун обанбор дар майдони 20 га ҳифз мешавад. "Мо ба чунин хулоса расидем, ки Талдикӯли Хурдро ҳифз кунем. Ҳоло резиши об ба он қатъ шудааст. Мо тавассути роҳҳои сунъӣ ба кӯл об меорем ва онро ҳамчун иншооти обӣ ҳифз мекунем", - гуфт вазир. Баҳсҳо атрофи кӯли мазкур дар шаҳри Нурсултон чанд моҳ аст, ки идома дорад. Мақомоти маҳаллии шаҳри Нурсултон дар наздикии кӯл ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ шуруъ кардаанд. Читать дальше...

Як шаҳрванди Дания дар Норвегия панҷ касро кушт

Ozodi.org 

Дар шаҳри Конгсберги Норвегия шоми чаҳоршанбе як шаҳрванди Дания бо камон панҷ касро кушт. Пулис гуфт, ду тани дигар дар ин ҳодиса захмӣ шудааст. Ҳамлагарро боздошт карданд. Вай шаҳрванди 37-солаи Дания аст. Пулис мушаххасоти дигари ӯро эълом накардааст. Боздоштшуда гуфтааст, бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад. Дар бораи ангезаи ин амали вай то кунун хабаре нашр нашудааст. Ҳамла дар маркази шаҳр рух дод. Шаҳри Конгсберг наздики 30 ҳазор сокин дорад. Расонаҳо ин ҳамларо бо ҳодисаи 10 соли пеш шабоҳат доданд. Читать дальше...

"Лимит" ҷорӣ нашудааст, вале нерӯи барқ ҳам нест

Ozodi.org 

Рӯзҳои охир бо сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон, мавзӯъи барқкӯшӣ низ доғ мешавад. Ба ҷузъ аз пойтахт тақрибан аз тамоми гӯшаҳои рустонишини кишвар шикоятҳо дар бораи камбуди барқ ҷой дорад.

Амрико дар Узбекистон беш аз 2000 зиндонии мазҳабиро "пайдо кард"

Ozodi.org 

Кумисюни Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ рӯзи 13-уми октябр гузоришеро дар мавриди Узбекистон нашр кард. Дар гузориш омадааст, дар зиндонҳои Узбекистон бештар аз 2 ҳазор маҳбуси мазҳабӣ нигаҳ дошта мешаванд.

"Мансабдорон, Шуморо барои зеби утоқ таъин накардаанд." Баҳси фақр ва бехонагӣ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи бехонагӣ ва сарнавишти бесарпаноҳон суҳбат мекунем, ки ҳафтае пеш Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дошт. Аз ҷумла, дар бораи сарнавишти Бахтиёр Тоҳиров, ки дар Хуҷанд ҳоли зоре дошт ва ин гузориш баҳси дарозеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук барангехт.

Новости России
Москва

Рост предложения в Москве и Петербурге привел к снижению цен аренды жилья


Ятимов гуфт, беш аз 15 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд

Ozodi.org 

"Дар ду моҳи охир беш аз 15 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд." Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар нишасте дар Маскав хабар дод.

Дар Белорус обуначиёни каналҳои мамнуъро зиндонӣ мекунанд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Белорус тасмим дорад, шаҳрвандонро барои обуна шудан ба каналҳои телеграмӣ ва паёмакрасонҳое ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад, ки дар он кишвар экстремистӣ эълом шудаанд. Бештари каналҳое, ки аз сӯи додгоҳи Белорус экстремистӣ эълом шудаанд, ба мухолифони он кишвар тааллуқ доранд. Дар изҳороти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Вазорати умури дохилии Белорус иқдоми навро ба қароре рабт додаанд, ки 12-уми октябр ҳукумати ин кишвар содир кардааст. Дар вазорат гуфтанд... Читать дальше...

Бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Индонезия дар Душанбе

Ozodi.org 

Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо дастаи олимпии Индонезия бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ  дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сомон танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки дар Paris Grand Slam 2021 иштирок мекунад

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Paris Grand Slam 2021 дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок хоҳад кард.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Лучшая теннисистка мира сделала заявление перед матчем с Еленой Рыбакиной






На сутки задержали, а теперь сидят на багажной ленте: отдых 200 россиян закончился потерей багажа

Команда Подмосковья на первенстве и чемпионате России по плаванию завоевала 32 медали

WANHAO Duplicator 5S Mini: идеальный 3D принтер для творчества и производства

Mash: массовое отравление произошло в кадетском корпусе московской школы №1566