ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 15.10.2021

Вазирони Амрикову Исроил ва Иморот дар бораи Эрон чӣ гуфтанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, фурсати Эрон барои бозгашт ба музокироти атомӣ ҷиҳати эҳёи созиши атомӣ камтар мешавад. Ӯ рӯзи 14-уми октябр гуфт, агар Эрон аз бозгашт ба музокирот сарпечӣ кунад, Иёлоти Муттаҳида дигар гузинаҳоро барои монеъ шудан ба сохти бомби атомӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ пеш мегирад.  Гузориш: Эрон рӯзи чаҳоршанбе мавзуи асосии гуфтугуи Энтонӣ Блинкен вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтоёнаш аз Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд. Блинкен гуфт, ҳукумати Амрико дар 9 моҳи гузашта возеҳ кард... Читать дальше...

Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Ozodi.org 

Дар як минтақаи дурдаст, наздик ба Долони Вахон, начандон дур аз марзи кӯҳистони Тоҷикистон ва минтақаҳои шимолу шарқи Афғонистон, ҷоҳталабиҳои Чин дар ҳоли мутобиқ шудан бо воқеиятҳои нав аст.

Амрикову Исроилу Иморот масъалаи Эронро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, фурсати Эрон барои бозгашт ба музокироти атомӣ камтар мешавад. Ӯ рӯзи 14-уми октябр гуфт, агар Эрон аз бозгашт ба музокирот сарпечӣ кунад, Иёлоти Муттаҳида дигар гузинаҳоро барои монеъ шудан ба сохти бомби атомӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ пеш мегирад.

Қирғизистон: боздоштҳо дар доираи парвандаи "мафияи фармасевтӣ" идома доранд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр хабар дод, ки дар доираи парвандаи "мафияи фармасевтӣ" фасодкории як қатор мансабдорони дигари Вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои доруфурӯширо ошкор кардааст. Ба огаҳии кумита, С.Ж.К., хеши вазири пешини тандурустии Қирғизистон манфиати ширкатҳои доруфурӯширо ҳимоят карда, бо "харидан"-и мансабдорони давлатӣ раванди бақайдгирии доруҳоро дар Департаменти таъминоти доруи он кишвар "суръат мебахшидааст". С.Ж.К. бо қарори Додгоҳи ноҳияи... Читать дальше...

Қазоқистон бо вуҷуди танқидҳо узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуд

Ozodi.org 

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 14-уми октябр 18 узви Шӯрои ҳуқуқи инсони ин созмонро интихоб кард. Дар миёни аъзои нав Қазоқистон, Сомалӣ ва Қатар низ, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон пайваста танқид мешаванд, ҳастанд. Барои ба узвияти ин шӯро шомил шудан 97 овоз даркор аст. Ба ҷонибдорӣ аз Қазоқистон 184 ҳайати Маҷмаи умумии СММ раъй додаанд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз 15 октябр омадааст, "ба узвияти ин ниҳоди ҷаҳонии ҳуқуқи инсон шомил шудани кишвари мо маънои онро дорад, ки нақши... Читать дальше...



"Politico": Имиҷи Тошканд дар назди Вашингтон боло рафтааст

Ozodi.org 

Нашрияи маъруфи "Politico" менависад, Узбекистон ба хотири тақвияти робитаҳои Тошканду Вашингтон маъракаи хашини иттилоотиеро роҳандозӣ кардааст. Ба навиштаи "Politico", ба ҳайатҳое, ки аз Узбекистон боздид мекунанд, намояндагони Пентагон низ ҳастанд. Онҳо дар Тошканд тавсеаи ҳамкориҳоро дар бахши таъмини амният ва субот баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Манбаъҳои нашрия дар Конгресс ва Пентагон гуфтаанд, ба мавзуъҳои баррасишаванда дар ин гуфтугӯҳо масъалаи... Читать дальше...

"Орзуям боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст"

Ozodi.org 

15-уми октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот аст. Дар Тоҷикистон кам касон аз ин рӯз ёдоварӣ мекунанд, ҳарчанд беш аз 70 дарсади сокинон дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзи занони деҳот ба меҳмонии Мория Нурова, сокини 56-сола рафт, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад.

Муҳоҷирони дармондаи узбекро бо қатораҳои махсус аз Русия меоранд

Ozodi.org 

Ширкати "Роҳи оҳани Узбекистон" барои баргардонидани муҳоҷирони дармонда аз Русия ба ватан ҳаракати махсуси 4 қатораро ба роҳ мемонад. Ба огаҳии хадамоти матбуотии ширкат, ин қатораҳо тавассути масири "Волжский-Ташкент" рӯзҳои 22, 25, 29-уми октябр ва 1-уми ноябри соли равон аз Русия ба Узбекистон ҳаракат хоҳанд кард. Билети қатораҳо ба як самт - ба Узбекистон дар шакли электронӣ фурӯхта мешаванд. Мақомоти Узбекистон барои баргардонидани муҳоҷирони дармондаи худ аз Русия ба ватан соли 2020 низ қатораҳои махсусро ташкил карда буданд. Читать дальше...

Интиқоди Жириновский аз боз кардани роҳи 300 ҳазор муҳоҷир

Ozodi.org 

Авфи 300 ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия ба Владимир Жириновский раҳбари Ҳизби либерал-деморкати ин кишвар хуш наомадааст. Ин сиёсатмадори пархошгар ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои Думаи давлатӣ аз Кумитаи ИДМ талаб кардааст, ки зарурати ин тасмим баррасӣ шавад. Жириновский  гуфтааст, онҳое, ки дар ин ҷо авбошӣ ва таҷовуз мекарданд ихроҷу омаданашон манъ шуда буд. Ҳоло онҳо авф шуданду бармегарданд. Дар пайи танқиди Жириновский раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин... Читать дальше...

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон 7 варзишгар намояндагӣ мекунад

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аз 24-уми октябр то 6-уми ноябри имсол дар Белгради Сербия баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 650 варзишгар аз 105 кишвар ширкат хоҳад кард.

Манбаъ: Дар Туркманистон 25 ҳазор кас аз коронавирус фавтидааст

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам исрор меварзанд, ки дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Як манбаи боварбахш дар низоми тандурустии Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ин кишвар бо вуҷуди радди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус омори рӯзонаи фавт бар асари ин бемориро пинҳонӣ таҳия мекунанд. Тибқи иттилои манбаъ, аз аввали пандемияи коронавирус дар соли 2020 то ҳол дар Туркманистон беш аз 25 ҳазор одам аз ин вирус ҷон додааст. Читать дальше...

СҶТ: Коронавирус мизони маргу мир аз силро ба сатҳи рекордӣ расондааст

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, соли 2020 мизони маргу мир бар асари бемории сил назар ба соли 2019 бештар шуда, харҷҳои умумӣ барои мубориза бо ин навъи беморӣ коҳиш ёфтааст. "Пандемияи коронавирус пешрафти чандинсолаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо бемории силро баръакс гардонда ва мизони маргу мир бар асари онро бори нахуст дар давоми чандин сол афзоиш додааст", - омадааст дар гузориши СҶТ. Ба назари таҳлилгарони СҶТ, сабаби асосии афзоиши фавтҳо аз сил коҳиши харҷҳоест, ки ба мубориза бо беморӣ равона мешаванд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Эксперты КА «Главный Советник» приняли участие в форуме «Тренды и антитренды корпоративного видео сегодня»


Эмомалӣ Раҳмон ба Минск намеравад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ба Белорус намеравад. Дафтари матбуоти президент дар хабарномае гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст “дар шакли видеоконфронс" иштирок мекунад. Дақиқ нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон чаро аз сафар ба Минск худдорӣ кард. Ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил зери роҳбарии Белорус баргузор мешавад. Ин созмони зери нуфузи Русия 30 сол пеш дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад ва феълан 11 узв дорад. Читать дальше...

Баъди шикоят аз шиканҷа, Ваколатдор ба назди роҳбарони зиндонии ҲНИТ рафт

Ozodi.org 

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони ӯ бо Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳор Давлатов ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон вохӯрда, дар бораи шиканҷа шуданашон аз онҳо пурсидаанд. Дар шароите, ки наздикони ин нафарон аз муносибати бераҳмона шикоят карданд, мақомот мегӯянд, касе ба онҳо бадрафторӣ накардааст. Ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯзи 15-уми октябр дар хабарномае гуфт, ду рӯз пеш масъулини ин ниҳод ба маҳбаси 3/1 рафта, аз вазъи зиндониён ва шароити зисти онҳо дидан карданд. Читать дальше...

Кадом даста ғолиби Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон мешавад: «Хатлон» ё «Зебонисо»?

Ozodi.org 

То поёни мавсими чаҳоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ҳамагӣ як давр мондааст. Пас аз натиҷагирии бозиҳои ҳабдаҳ даври мусобиқа дар садри ҷадвал дуҳокимиятӣ ҳукмронӣ мекунад. Дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо» -и Душанбе, ки 48-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафиро бо ҳам мебинанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар Ҷамбил муҳимоти ҷангӣ метаркад

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки ба маҳвсозии боқимондаи муҳимоти ҷангӣ дар анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбил шуруъ кардааст. Бино ба нақшаи вазорат, таркондани муҳимот то 13-уми ноябр идома мекунад. "Барои ин амал майдони 12 километр дуртар аз қисми низомӣ ва маҳалли аҳолинишин ҷудо шудааст", - хабар доданд дар вазорат. Рӯзи 26-уми август дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбил анбори аслиҳа таркид. Дар натиҷа 17 кас кушта ва наздики 100 каси дигар ҷароҳат бардошт. Ҳамчунин 106 манзили зист... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Хачанов: хочу вернуться в топ-10 ATP






Спортивные выходные с «Известиями»

Больше, чем игры: выручку от 22-го тура РПЛ направят семьям пострадавших в «Крокусе»

Бизнесвумен Оксана Самойлова опубликовала фото своей гардеробной

Перенос дат II этапа культурного проекта «Классика: история и современность» в Дмитрове