ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 16.10.2021

ИМА ба қурбониёни ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Кобул ҷуброн мепардозад

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ба наздикони 10 қурбонии ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Кобул ҷуброн пардохт мекунад. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Амрико гуфт, ки барои берун кардани наздикони қурбониёни ҳамла аз Афғонистон ба ИМА низ  талош доранд. Охири моҳи август мақомоти ИМА эълон карданд, ки дар Кобул ба як мошини аъзои созмони тундрави ДОИШ ҳамла карданд ва чанд увзи ин гуруҳро куштанд. Баъдан, рӯзноманигорон маълум карданд, ки дар ин ҳамла на аъзои ДОИШ... Читать дальше...

Дар Русия дар як рӯз беш аз 1000 нафар аз КОВИД-19 фавтидааст

Ozodi.org 

Мақомоти Русия рӯзи 16-уми октябр хабар доданд, ки дар як шабонарӯзи охир 1002 нафар аз КОВИД-19 фавтидаанд. Ин баландтарин омори фавти гирифторони КОВИД-19 дар Русия пас аз оғози пандемия аст. Дар 24 соати гузашта низ беш аз 33 ҳазор нафар гирифторони КОВИД-19 сабт шудааст, ки ин ҳам баландтарин омор дар ин кишвар аст. Аз оғози пандемия дар аввали соли 2020 то кунун дар Русия наздики 8 миллион нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд ва беш аз 220 ҳазор нафар бар асари он фавтидаанд.

Apple барномаи "Қуръони Маҷид"-ро бо дархости Чин пок кард

Ozodi.org 

Ширкати "Apple" барномаи китоби "Қуръони Маҷид"-ро дар Чин дастнорас ва пок кард. Ин барнома ба хотири хондан ва шунидани китоби Қуръон пешбинӣ шуда буд. Пок шудани барномаи китоби Қуръонро сомонаи "Apple Censorship" мушоҳида кардааст, ки истифодаи барномаҳои ширкати "Apple"-ро дар кишварҳои гуногун пайгирӣ мекунад. Дар ширкати мазкур ба Би-би-си гуфтаанд, ки барнома бо талаби мақомоти Пекин пок шудааст.  Ба гуфтаи масъулони "Apple", мақомоти Чин дар ин борномаи мӯҳтавои хилофи қонун пайдо кардаанд... Читать дальше...

ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди Қандаҳорро бар дӯш гирифт

Ozodi.org 

Шохаи хуросонии гурӯҳи тундрави ДОИШ масъулияти бомбгузории маргталабона дар масҷиди шиаён дар шаҳри Қандаҳори Афғонистонро бар дӯш гирифт. Рӯзи 15-уми октябр ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди шиаёни Қандаҳор таркиш шуд, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Дар эъломияи худ ДОИШ гуфтааст, ин корро ду узви ин созмон, ки дар бадани худ камарбанди магрталабона доштанд, анҷом додаанд. Мақомот дар Қандаҳор гуфтанд, ки дар ин ҳамла 36 нафар кушта ва 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳафтаи гузашта... Читать дальше...

Солеҳмуҳаммад Регистонӣ: “Ҳафтаҳои оянда шоҳиди натиҷаҳои муқовимат дар Панҷшер хоҳед шуд”

Ozodi.org 

Солеҳмуҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, Панҷшер суқут накардааст ва Толибон аз 23 дара танҳо як дараи ин вилоятро дар ихтиёр доранд. Панҷшер танҳо вилояте дар Афғонистон буд, ки пас аз суқути Кобул ба Толибон таслим нашуд ва дар ин вилоят зери раҳбарии Аҳмад Масъуд Ҷабҳаи муқовимат созмон ёфт. Толибон бо нашри аксу видео иддао доранд, ки вилояти Панҷшерро тасарруф кардаанд. Солеҳмуҳаммад Регистонӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон рӯзи... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Хромачёва и Бабош выиграли турнир WTA в Руане в парном разряде






Москва погасила 72-й выпуск городских облигаций

Источник «360»: в общежитии РГУ имени А. Н. Косыгина в Москве случился пожар

ФОК Артёма в Приморском крае получил престижную награду

300-летний юбилей посёлка Тонкино дал импульс развитию туризма