ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 18.10.2021

Карзай барои ба расмият шинохтани "Толибон" интихоботро пешниҳод кард, вале...

Ozodi.org 

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, гуфтааст, "Толибон" барои ба расмият шинохта шудан аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аввал бояд дар дохил қонунӣ эътироф шаванд. Вай дар ин маврид баргузории интихобот ё Лоя Ҷиргаро пешниҳод кардааст.

Қирғизистон нархи доруҳои муҳим барои сокинонро поин бурданист

Ozodi.org 

Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии вазъ дар соҳаи таъминоти доруворӣ таҳти раҳбарии муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон -- раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев ҷаласаеро баргузор кардааст. Ба огаҳии Девони вазирони Қирғизистон, дар ин ҷаласа, ки соҳибкорон низ иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба таъминоти доруворӣ дар он кишвар баррасӣ гашта, тасмим гирифта шудааст, ки "шеваи таъйини нарх дар бозори доруворӣ тағйир дода шавад ва арзиши доруҳои муҳим барои сокинон поин бурда шавад". Читать дальше...

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо коронавирус 1,3 триллион сӯм ҷудо кард

Ozodi.org 

Порлумони Узбекистон барои мубориза бо вабои коронавирус ва воксинзании сокинон 1,3 триллион сӯм (муодили 120 миллион доллар) ҷудо кард.  Вакилони порлумон ҳамзамон паҳншавии вабои коронавирусро дар он кишвар дар рӯзҳои охир баррасӣ карданд. Дар буҷаи давлатии Узбекистон дар соли 2021 барои мубориза бо коронавирус ва хариди воксин 3 триллион сӯм ҷудо шуда буд, аммо ин маблағ то ин замон харҷ гардидааст. Хадамоти беҳдоштии Узбекистон гуфт, дар он кишвар беш аз 2 миллион сокини аз 18-сола боло бояд воксин бигиранд. Читать дальше...

Дидори як ҳайати Қазоқистон бо намояндагони Толибон дар Кобул

Ozodi.org 

Ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии Ержан Қозихон, намояндаи махсуси президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Кобул рафт. Қозихон бо намояндагони ҳукумати феълии Афғонистон Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот кард. "Дар ин мулоқот масоили расонидани кӯмаки башарӣ ба мардуми Афғонистон ва барқарории равобити тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари расмии мақомоти Қазоқистон. Қазоқистон ваъдаи кӯмаки панҷ ҳазор тона ордро ба Афғонистон додааст. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст... Читать дальше...

Дороӣ ва тиҷорати ҷиянҳои Бердимуҳаммадов дар Туркманистон

Ozodi.org 

Ду расонаи туркманӣ бо Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) бар асоси маводи "Бойгонии Пандора" нақши ҷияни Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистонро дар содироти карбамиде муайян кардаанд, ки корхонаи давлатии ин кишвар истеҳсол мекунад. Ин таҳқиқоти расонаҳои мустақили туркмании "Turkmen.news" ва "Gundogar" бо OCCRP рӯзи 14-уми октябр нашр шудааст. "Карбамиде, ки корхонаи "Гарабогазкарбмид"-и Туркманистон истеҳсол мекунад, тавассути ширкати шубҳанок ва сабтиномшуда дар Шотландия содирот мешавад. Читать дальше...

Дар Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро фурӯшанд

Ozodi.org 

Дар бархе аз ноҳияҳои Қарақалпоқистони Узбекистон ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки ҳосили шолиашонро аз киштзор берун баранд. Чанд деҳқон аз Қарақалпоқистон гуфтанд, ки дар роҳ ба сӯи шаҳри Нуқус постгоҳҳои назоратӣ гузошта шудааст ва пулис монеи интиқоли шолӣ мешавад. "Ба деҳқонон иҷозат намедиҳанд, ки мустақилона биринҷашонро фурӯшанд. Ба ҳамин хотир постгоҳ гузошта шуда ва аз тиҷорати деҳқонон пешгирӣ мекунанд", - гуфт як деҳқон аз Қарақалпоқистон. Мақомоти Қарақалпоқистон ин хабарҳоро рад мекунанд. Читать дальше...

Озмоиши нави мушакии Чин ва бехабар мондани иктишофҳои ИМА

Ozodi.org 

Чин моҳи августи соли равон мушаки мофавқи садоиеро озмудааст, ки метавонад силоҳи ҳастаиро интиқол диҳад. Манбаи "Financial Times (FT)" хабар дод, ки ин озмоиши Пекин иктишофҳои амрикоиро дар ғафлат гузоштааст. Нашрия менависад, ки мушак дар вақти озмоиш ба ҳадафи шартӣ нарасидааст, вале "пешрафти шигифтангезро дар сохтани мушаки мофавқи садоӣ ба намоиш гузоштааст". "Мо тасаввур намекунем, ки онҳо ин корро чи гуна анҷом додаанд", - гуфтааст ҳамсуҳбати FT. Манбаи нашрия афзудааст, мушаки мазкур... Читать дальше...



Маҳмурод Одинаев пешниҳоди се сол афвро напазируфта, озодияшро хостааст

Ozodi.org 

Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳоди афвро напазируфта, озодияшро талаб кардааст. Мақомот мегӯянд, бино бар қонуни нави афв, ки моҳи сентябр ба иҷро даромад, се сол аз ҳабси ӯ кам карда хоҳад шуд.

Мулоқоти Остин ва Бурчуладзе

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин, ки дар доираи як сафари минтақавиаш ба кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ вориди Гурҷистон шуд, гуфт, дар пешорӯи “фаъолиятҳои харобкоронаи” Русия мехоҳад пуштибониашро аз Тифлис намоиш диҳад. Баъди дар фурудгоҳи байналмилалии Тифлис поин шуданаш субҳи 18-уми октябр Остин дар саҳифаи Твиттераш навишт: “ИМА ӯҳдадор шудааст, ки дар тақвияти тавонмандиҳои дифоии Гурҷистон ва ҳаракати он ба сӯи ҳамгироии авруатлантикӣ мусоидат кунад ва ман аз мулоқотҳо дар он ҷо интизороти зиёд дорам”. Читать дальше...

"Нома ба Панҷшер" дар Душанбе муаррифӣ шуд

Ozodi.org 

Ишғоли Афғонистон аз тарафи "Толибон" ва бахусус ҳамлаи ин гуруҳ ба дараи аксаран тоҷикнишини Панҷшер дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо барои ҳимоя аз Афғонистон садо баланд кардаанд.

Қимати газу бензин дар Тоҷикистон дигарбора боло рафт

Ozodi.org 

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора гарон шуда, нигаронии сокинонро ба бор овардааст. Намояндагони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, ин нуқтаи охирин нест, чун афзоиши нархи маводи нафтӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон идома дорад.

Шикояти муҳоҷирон аз рейдҳои саросарӣ дар ду шаҳри бузурги Русия

Ozodi.org 

Тӯли ду рӯзи ахир, ба дасти Радиои Озодӣ чандин навори баргузории рейдҳои густурда дар пойтахти Русия, вилояти Маскав ва шаҳри Санкт Петербург расид. Муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошту ҳатто то ду шабонарӯз дар шӯъбаҳои пулис нигоҳ дошта шуданд. Ба қавли мусоҳибон, ҳамаи онҳоро 5 300 рубл русӣ ҷарима кардаанд. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои русӣ аз боздошти беш аз 100 муҳоҷири корӣ дар сохтмони Истра навиштаанд. Читать дальше...

Оҷонсӣ аз боздошти як корманди комиссариат хабар дод

Ozodi.org 

Дар шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии давъат ба артиш ҷараён дорад, Оҷонсии зидди фасод аз аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбӣ хабар дод. Ба навиштаи Оҷонсӣ, Раҷабалӣ Дӯстов, сардори мухобироти махфии яке аз комиссаритяҳои ҳарбӣ барои озод кардан аз хидмати ҳарбӣ ришва хостааст. Оҷонсӣ мегӯяд, гумонбар зимни гирифтани 22 ҳазор сомонӣ аз бародари ҷавони даъватшаванда ба даст афтодааст.  Назари Раҷабалӣ Дӯстов ва вакили дифои ӯ дар ин бора дастрас нест. Дақиқ нест, ки ӯ то куҷо иттиҳомро қабул кардааст. Читать дальше...

САҲА гуфт, ҷудоиталабони украинӣ ҳаракати онҳоро маҳдуд кардаанд

Ozodi.org 

Ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина намегузоранд, ки аъзои гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар шарқи Украина аз оташбаси ҳассос дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон назорат мекунанд, қароргоҳи худро тарк кунанд. Онҳо шарт гузоштаанд, ки як узви боздоштшудаи ҷудоиталабон аз дасти украиниҳо озод шавад. Ҳайати вижаи нозирони САҲА аз соли 2014 дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, вазъи амниятӣ дар вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанскро назорат мекунанд ва ҳам барои ташкили музокироти миёни нирӯҳои... Читать дальше...

"Толибони тоҷик"-ро ба қитъаи ҳассоси марзи Тоҷикистон овардаанд

Ozodi.org 

"Толибон", ки акнун ба Афғонистон ҳукумат мекунад, як гуруҳи 130-нафариро дар вулусволии Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони ин кишвар ҷойгир кардааст, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин)-и Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.

Писарбачаи 12-соларо, ки дар як мактаби Русия тир кушод, боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳраки Сарси минтақаи Урали Русия сохторҳои ҳифзи қонун писарбачаи 12-солаеро боздошт карданд, ки дар дохили як мактаб аз силоҳи оташфишон тир кушодааст. Ин ҳодиса як моҳ баъди ҳамлаи мусаллаҳонае дар донишгоҳи маҳаллӣ рух медиҳад, ки чандин кушта бар ҷой гузошта буд. Полиси минтақавии Перм гуфт, ки субҳи 18-уми октябр наврасе силоҳи шикории падарашро ба мактаб оварда пеш аз шурӯи дарсҳо ду бор ба девори мактаб тир холӣ кард. Дар ин ҳодиса ҳеҷ нафаре осеб надидааст, вале мақомот билофосила беш... Читать дальше...

Новости России
Москва

Порт пяти морей. В Москве стартовал летней сезон речной навигации


Консули тоҷик барои табрики мавлуди Паёмбар ба масҷиди Екатеринбург рафт

Ozodi.org 

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндаи Вазорати меҳнату муҳоҷират 17-уми октябр ба як  масҷиди шаҳри Екатеринбург рафта, намозгузоронро ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом табрик гуфтаанд. Дар масҷиди ҷомеи ба номи "Имоми Аъзам Абӯҳанифа" аксаран тоҷикистониён намоз мегузоранд. Дар хабарномаи Консулгари генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург омадааст, зимни дидор бо намозгузорон, ҳамчунин дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сӯҳбат шудааст. Читать дальше...

Як узви "Гуруҳи 24" дар Душанбе 20 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати "Гурӯҳи 24" дар Русияро ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Масъулони ин ҳаракат мегӯянд, ҳукм моҳи гузашта эълон гардида, ӯ дар ҳамкорӣ бо созмони ифротии мамнӯъ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъватҳои оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон муҷрим дониста шуд. Масъулини Додгоҳи шаҳри Душанбе расман дар ин бора иттилоъ надодаанд. Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳ бо Шобудин Бадалов,... Читать дальше...

Оғози тамрини неруҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Ozodi.org 

Рӯзи 18-уми октябр дар ҷануби Тоҷикистон якбора се размоиши ҳарбии нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ё СПАД оғоз меёбад.  Тамринҳо дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Мумирак” дар наздикии марзи Афғонистон бо ширкати низомиёни Русияву Тоҷикистон, Арманистон, Белорус , Қазоқистон ва Қирғизистон то 23-юми октябр идома хоҳанд кард. Анатолий Сидоров, раҳбари ситоди муштараки СПАД пештар гуфта буд , машқҳо бо назардошти эҳтимоли ҳолатҳои бадтарини ҷанг дар минтақа баргузор... Читать дальше...

Майнае, ки аз Афғонистон рафт

Ozodi.org 

Майнае, ки як хонаводаи афғон аз Кобул ба берун бурдаанд, акнун дар иқоматгоҳи сафири Фаронса дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ин майна Ҷуҷӣ ном дорад. Як духтари хурдсоли афғон, ки бо хонаводааш дар як ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон рафтааст, ин майнаро бо худ бурдааст.

"Толибон" ваъда дод, ки муҳофизат аз масҷиди шиаҳоро тақвият медиҳад. ВИДЕО

Ozodi.org 

"Толибон" ваъда додаанд, ки муҳофизати масҷидҳои шиаҳоро дар Афғонистон тақвият мебахшанд, ҳарчанд худи ин гуруҳ ба қатли намояндагони ин ақаллияти мазҳабӣ дар кишвар муттаҳам мешавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Легенда тенниса рассказал, готов ли он опять стать тренером Джоковича






Крутим лучше всех: туристы признали Петербург столицей шавермы в России

Раскрыты подробности морального и физического состояния экс-замминистра Иванова в СИЗО

Психолог Наумова: субкультура фурри не опасна для детей, пока игра не перерастет

Иванова доставили в карантинную камеру СИЗО «Лефортово»