ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 02.05.2022

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо) ширкат меварзад.

Раҳпаймоии "Полки ҷовидон" дар Душанбе сурат мегирад?

Ozodi.org 

Ташаббускорони баргузории раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Душанбе гуфтаанд, ки мунтазири посухи хаттии мақомоти Душанбе барои баргузории ин раҳпаймоӣ ҳастанд. Қарор аст, ин раҳпаймоӣ рӯзи 9-уми май баргузор шавад. Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия аз Шавкат Мирзоев, раҳбари Иттифоқи сарбозони интернатсионалист дар Тоҷикистон навиштааст, ки онҳо ризоияти шифоҳии мақомоти Душанберо барои баргузории раҳпаймоӣ гирифтаанд ва мунтазири иҷозаи расмии хаттӣ ҳастанд. Ӯ афзудааст: “Мо ҳар рӯз занг мезанем ва мунтазири посухи иҷозаи расмӣ ҳастем... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

Дар ҷашни Иди Фитри имсола масъалаҳои закоту садақа, мушкили нарху наво ва ҳатто идгардаки кӯдакон матраҳ буд, дар муҳоҷирони тоҷик Иди Фитрро дар масҷиди Маскав ҷашн гирифтанд, муҳоукимаи баҳсбарангези Амриддин Аловатшоев ва ахбори дигар дар барномаи имрӯза.

ДОИШ масъулияти ҳамла дар Кобулро бар уҳда гирифт

Ozodi.org 

Гуруҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” масъулияти бомбгузорӣ дар як автобуси мусофирбар дар Кобулро бар уҳда гирифт, ки дар натиҷаи он як нафар кушта ва се тани дигар маҷруҳ шуданд. Ин гуруҳ дар як баёнияе дар рӯзи 1-уми май гуфт, ки бомбгузорӣ дар рӯзи 30-уми апрел кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ будааст. Рӯзе пештар аз ин дар натиҷаи як бомбгузории дигар дар масҷиди Халифа Соҳиб дар шаҳри Кобул 10 нафар кушта ва 30 каси дигар захмӣ шуд. Муфтии масҷид гуфт, теъдоди қурбониён аз 50 нафар ҳам зиёдтар будааст. Читать дальше...

Омӯзгорон дар Эрон бо талаби музди кори беҳтар эътироз карданд

Ozodi.org 

Омӯзгорони эронӣ дар чанде аз шаҳрҳои кишвар бо талаби шароити беҳтари кор ва раҳоии чанде аз ҳамкоронашон эътироз карданд. Тазоҳурот рӯзи 1-уми май, ки дар Эрон Рӯзи омӯзгорон низ ҳаст, сурат гирифт.



Нахустин намози ид бе ниқоб ва омехта бо баҳси фитри рӯза

Ozodi.org 

Намози Ид дар Тоҷикистон имсол бе риояи фосилаи ҷисмонӣ ва бастани ниқоб баргузор гашт. Ин қоидаҳо акнун ба меросу хотираҳои давраи ҳамагирии СОVID-19 табдил меёбанд, вале масъалае, ки мисли солҳои гузашта сари забонҳост, идгардаки кӯдакон аст, ки расман манъ нашудааст, вале тавсия дода намешавад.

Ёде аз вазири Меҳрубон ва саҳми ӯ дар фарҳанги тоҷик. ВИДЕО

Ozodi.org 

"Ман бар ин боварам, ки замоне Меҳрубон Назаров ба дунё омад, шояд аз боло ба гӯши волидайнаш садое расид, ки номи навзодро Меҳрубон монанд. Дар шодиҳо меҳрубонӣ мекарданд, дар лаҳзаҳои ғам ҳам меҳрубон буданд. Ҳеч яке аз мо, фарзандон, на бо маслиҳати падар, балки ҳар яки мо бо хоҳиши худамон касбу роҳи худро интихоб кардем, мо ҳама дар фарҳангу ҳунар фаъолият мекардем.” Назар Назаров, писари вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон дар бораи падараш мегӯяд, ки агар умр вафо мекард, рӯзи 1-уми май 100-сола мешуд. Читать дальше...

Нахустин пирӯзии “Равшан”-и Зафаробод ва аввалин бохти КМВА дар мусобиқаи лигаи олӣ

Ozodi.org 

Дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 30 апрел – 1 май баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тоҷикистон Иди Фитрро таҷлил мекунад. АКС

Ozodi.org 

Рӯзи 2-юми май мусалмонон дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар иди Фитрро таҷлил карданд. Соати 6 дар масҷидҳо намози ид хонда шуд. Баъд аз ду соли пандемияи COVID-19 имсол намозгузорон бидуни ягон маҳдудият намозро адо карданд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳузури садҳо намозгузор, мусалмонони кишварро ба фарорасии иди Фитр табрик кард. Аз субҳи барвақт кӯчаҳо фазои идона дошт. Дар рӯзҳои қабл аз ид бархе аз мақомдорон даъват карданд, то идгардаки кӯдакон маҳдуд шавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Появилось «закулисное» видео Елены Рыбакиной






Восемь народных троп благоустроят в Воскресенске в этом году

Педагоги из Якутии провели мастер-классы на площадке ВДНХ в Москве

«Такое говорят только у гроба». Михалков назвал Евгения Миронова великим

Династия художников: Выставка живописи Николая Иннокентьева, его дочерей и внуков