ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 05.05.2022

Ёдворае аз корномаи Мирсаид Миршакар

Ozodi.org 

Муаллифи шеърҳои машҳури кӯдакона, Мирсаид Миршакар, рӯзи 5 май 110-сола шуд. Бисёриҳо ӯро марди шӯхтабиату дилсӯз ва ҳомии дигарандешон ба ёд меоранд. Бархеи дигар мегӯянд, ӯ Сотим Улуғзодаро барои фирори писараш аз Иттиҳоди Шӯравӣ зери фишор гирифта буд.

Журналистони тоҷик гуфтанд, шароит "бадтар" шудааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон, ки солҳо боз барои надоштани расонаҳои озоду мустақил ва саркӯби мунтақидон накӯҳиш мешавад, рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ду рӯз дер таҷлил карданд. Нишаст 5-уми май бо пуштибонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор шуд.

Панҷ "гуноҳ"-и Аловатшоев. Наздиконаш шикоят карданд, мақомот хонаашро кӯчондаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, ки ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст, бозбинии ҳукми ӯро хостанд. Бародараш Бахтиёр Аловатшоев рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи шикоятии онҳо ба Додгоҳи вилояти Бадахшон супурда шуд.



Хешовандон бозбинии ҳукми Аловатшоевро хостанд

Ozodi.org 

Наздикони Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, ки ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст, бозбинии ҳукми ӯро хостанд. Бародараш Бахтиёр Аловатшоев гуфт, аризаи шикоятии онҳо ба Додгоҳи Бадахшон супурда шуд. Ҳукми ӯ 29 апрел эълон шуд. Мақомот то ҳол тафсилот надоданд.

"Истиқлол" ва "Хуҷанд" барои Суперҷоми Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода мубориза мебаранд

Ozodi.org 

Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд, барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи якшанбе, 8-уми май, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва Хуҷанд» бори панҷум бо ҳамдигар барои Суперҷом мубориза хоҳанд бурд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) душанбегиҳо пирӯз шудаанд. Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд. Читать дальше...

"Гуфтанд, ихтиёрӣ аст, вале маҷбурӣ имзо гирифтанд, ки ба артиш меравед" ВИДЕО

Ozodi.org 

Донишҷӯёни чанд донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтанд, мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо мегиранд, ки имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба артиш бираванд. Намояндагони Вазорати маориф шикоятҳоро рад мекунанд ва иқдомро “ихтиёрӣ” меноманд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон назари дигар доранд.

"Ливерпул" ва "Реал" ба финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Бошгоҳҳои футболи “Ливерпул”-и Англия ва “Реал»-и Мадриди Испания, ки дар бозиҳои ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2021/2022 пирӯз шуданд, ба финал роҳ ёфтанд.

Харобиҳои селу обхезӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Боронгариҳои як рӯзи ахир боиси омадани сел дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон шуд. Тибқи наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, баъд аз зуҳри 4-уми май бар асари омадани сел як пул дар ноҳияи Панҷ хароб шудааст. Сел ҳамчунин ба роҳи миёни ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун осеб расондааст. Дар як наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки сел роҳро хароб кардааст. Муаллифи ин навор мегӯяд, ин роҳе аст, ки Панҷро бо пойтахт пайваст мекунад. Масъулини бахши ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд... Читать дальше...

Як зан дар Узбекистон мехост, кӯдаки дусолаашро бо $14 ҳазор фурӯшад

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Данғараи Узбекистон занеро барои талоши фурӯши кӯдаки дусолааш дар ивази 14 ҳазор доллари ИМА боздошт карданд. Дар ин бора аз мақомоти пулиси Узбекистон хабар доданд. Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, ин ҳодиса рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ рух додааст. Нисбати зан бо моддаи "одамфурӯшӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Корпартоии коргарони кони тиллои Иштамбердии Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар кони тиллои Иштамбердии Қирғизистон коргарон аз 30-юми апрел то кунун корпартоӣ доранд. Дар ин бора раиси Иттифоқи коргарони куҳиву металлургии Қирғизистон Элдар Тоҷибоев хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки ба истихроҷи тилло дар кони Иштамбердӣ машғул аст, маоши коргаронро наафзуд ва корпартоӣ баъди он шуруъ шуд. Тоҷибоев мегӯяд, коргарон афзоиши 50% маош, беҳтарсозии сифати ғизо ва сари вақт пардохт шудани маошро талаб доранд. "Ширкат афзоиши 10% маошро пешниҳод дорад... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Хачанов: хочу вернуться в топ-10 ATP






Инженерная школа в Дмитрове на 1,1 тысячи мест примет первых учеников в сентябре

Вечерние рейсы из Томска в Москву летом 2024г станут ежедневными

«Неприменение смертной казни – это заблуждение»

Юные хоккеисты из Балашихи посетили мастер-класс профессиональных спортсменов клуба «Витязь»