ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 16.05.2022

Се захмӣ дар эътирози Хоруғ. Мақомот чизе намегӯянд. Маҳмадбоқиров: "Талабҳо бетағйиранд"

Ozodi.org 

Ҳаракати гуруҳе аз ҷавонони эътирозгар дар роҳ аз маҳаллаи Бархоруғ ба самти маркази шаҳри Хоруғ бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ боздошта шудааст. Мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, талаби сокинон ва вокуниши мақомоту мухолифон

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар рӯзи 14-уми майи имсол дар маҳаллаи Хоруғи Боло ҷамъ шуда, дар баробари истеъфои ду мансабдори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро низ тақозо карданд.

"Соро компания" бори дуюм паиҳам барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе, ки тими “Сипар”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, бори дуюм паиҳам барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии футзали Тоҷикистон гардид. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни “Соро компаия” (сармураббии даста Пайрав Воҳидов) ва “Сипар” (сармураббии даста Валиҷон Валиев) рӯзи 14-уми май дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид. Дар ҳайати дастаи ғолиб легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ду гол, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров якголӣ заданд. Читать дальше...



Шоира ба чорякфинали қаҳрамонии бокси ҷаҳон роҳ ёфт

Ozodi.org 

Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар дувумин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард.   Шоира рӯзи 15-уми май дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 63 кило бар Ҳаидун Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба чорякфинал баромад. Аз ин пеш ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ, ки имрӯз... Читать дальше...

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон дар Алмато

Ozodi.org 

Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ба хотираи Бакет Маҳмудов, варзишгари маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, ду медал - як тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Абубакр Шеров, гуштигири тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон медали тилло гирифт. Ӯ дар вазни то 66 кило бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш ба финал роҳ ёфт. Паҳлавони ҷавон дар қувваозмоии ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Гуштигири... Читать дальше...

"Барои худ, оила ва қудрат". Чаро Тоҷикистону ҳамсояҳояш Конститутсияро зуд-зуд дигар мекунанд?

Ozodi.org 

Конститутсияи кишварҳои Осиёи Марказиро вобаста ба синну сол ё ивазшавии президентҳо зуд-зуд ислоҳ карда, аммо чун анъана ба "талаботи ҷомеа" пайванд медиҳанд. Биёед, бубинем, ки дар минтақа конститутсияҳоро чӣ гуна ба вазъи сиёсӣ мутобиқ месозанд.

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар қаҳрамонии CAFA-2022 ба дастаи Қирғизистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 14-уми май дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба самар расониданд. Дар бозии дигари даври дуюми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Узбекистон тими Афғонистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 мағлуб кард. Читать дальше...

Нишасти сарони СПАД дар Маскав баргузор мешавад

Ozodi.org 

Имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Маскав ба муносибати сиюмин солгарди таъсиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нишасти сарони кишварҳои аъзои ин созмони низомии таҳти нуфузи Русия, доир мешавад.

Тазоҳуроти занон дар чаҳор шаҳри Қазоқистон

Ozodi.org 

Сокинони Қазоқистон рӯзи 14-уми май якбора дар чаҳор шаҳри он кишвар - Нурсултон, Алмато, Оқтеппа ва Костанай бо талаби поин бурдани синни нафақа барои занон, тазоҳурот карданд. Тазоҳуротҳоро намояндагони созмони "Ҳаракати бонувони Қазоқистон барои поин бурдани синни нафақаи занон" дар мувофиқа бо мақомот баргузор кардааст. Тазоҳургарон талаб карданд, ки синни баромадан ба нафақа барои занон то ба 58-солагӣ муайян карда шавад. Қарор аст, то соли 2027 синни ба нафақа баромадани занону мардон ба 63-солагӣ баробар карда шавад. Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май бо сафари корӣ ба Маскав рафтааст. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

WTA отреагировала на суперкамбэк Елены Рыбакиной






Расследованием убийства байкера в Москве будет заниматься центральный аппарат СК

Силовики задержали 21-летнего нелегала, подозреваемого в убийстве москвича из-за парковки

Народный артист Куклачев впервые встал на ноги после обширного инфаркта

Названы сроки серийного запуска самолета «Ладога»