ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 17.05.2022

Вокунишҳо аз берун ба ҳодисаҳои Хоруғ

Ozodi.org 

Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, эътирозҳои сулҳомезро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саркӯб накунанд.

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе

Ozodi.org 

Шахсони ношинос ба хабарнигорони "Озодӣ" ва ТВ "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дурбин ва телефонҳояшонро кашида гирифтаанд. Ҳодиса 17-уми май, пас аз он рӯй дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш рафтанд.

Хоруғ пас як рӯзи эътироз

Ozodi.org 

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гуруҳе аз занон 17 май хостаанд, дар Хоруғ ҷамъ шаванд, аммо низомиён бо истифода аз гази ашковар пароканда кардаанд. Ба сабаби он ки пас аз эътирози 16 май интернет дар Бадахшон дастнорас шуда, хатти телефон мушкил пайдо кардааст, гирифтани аксу навор муяссар нашуд.

Толибон даҳҳо мошину ронандаро аз Тоҷикистон "доштаанд". Муҷоҳид сабабашро гуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тақрибан 200 мошини борбар ва даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар хоки Афғонистон банд мондаанд. Толибон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки аз Шерхон Бандар тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон шаванд. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд. Сухангӯйи Толибон масъаларо шарҳ дод.

Тоқаев ба Путин гуфт, Нурсултон ҳампаймони Маскав мемонад

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 16-уми май дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Кремл гуфт, “ҳеҷ асосе барои нигаронӣ дар мавриди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мо вуҷуд надорад".



Бозии футболбозони навраси Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 16-уми май бозии дувумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими Афғонистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.  Дар бозии дигари даври сеюми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Эрон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд. Читать дальше...

Убайд Раҷаб. Ҳамсуҳбати ширинзабон

Ozodi.org 

Шоири халқии Тоҷикистон, Убайд Раҷаб, соли 1979 барои чопи "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одина аз вазифаи сардабири "Садои Шарқ" барканор ва мавриди шубҳаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор гирифт.

Як шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад

Ozodi.org 

Мина Гули, шаҳрванди Австралия, тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 марафони дав баргузор кунад, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, муҳлати марафони дав дар Тоҷикистон аз 15-ум май то 10-уми июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез... Читать дальше...

"Хатлон" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пешсафи ягона шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки дар даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона шуд. Дар ин бозӣ, ки 15-уми май дар варзишгоҳи «ТАЛКО - Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 2 ҳазор тамошобин баргузор шуд, голи ягонаро Нуриддин Ҳамроқулов дар охири бозӣ (90+3) аз пеналти ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, футболбозони шаҳри Бохтар бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар чаҳор бозӣ пирӯз шуда... Читать дальше...

"Азия-Плюс" зери фишор аз бозтоби рӯйдодҳои Хоруғ даст кашид

Ozodi.org 

Хабаргузории “Азия-Плюс” эълон кард, ки бино бар фишори мақомот аз бозтоби воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунад. Он рӯзи 17-уми май дар изҳороте гуфт, нашри хабарҳо аз Бадахшон метавонанд, сабаби баста шуданаш гарданд.

Шоира дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Туркия дар чорякфинал шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, баъди ду пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия дар даври чорякниҳоӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ҳалокати Назришоев тасдиқ шуд. ВКД аз се пулиси захмӣ дар Хоруғ гуфт, вале дар бораи маҷруҳони дигар нагуфт

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати Замир Назришоев, сокини шаҳри Хоруғро дар нооромиҳои рӯзи 16-уми май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карданд.

Дар Ереван бештар аз 90 иштирокчии роҳпаймоии мухолифинро боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Еревани Арманистон 91 тан аз иштирокдорони роҳпаймоии мухолифинро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳо иттилоъ медиҳанд. Дар Ереван аз миёнаҳои моҳи апрел гирдиҳамоии мухолифон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян идома дорад. Ин эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки Пашинян гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Арманистон интизор дорад, талабҳояшро дар мавриди мақоми Қарабоғи Куҳӣ коҳиш диҳад. Ба бовари мухолифин, ҳукумати Арманистон тасмим дорад, ба Озарбойҷон гузашт кунад. Роҳпаймонии мухолифон дар чаҳор ноҳияи Ереван шуруъ шуд. Читать дальше...

Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистонро то 15 сол зиндон таҳдид мекунад

Ozodi.org 

Мурод Бектанов, вазири пешини мудофиаи Қазоқистон, ки баъди ҳаводиси моҳи январи соли ҷории он кишвар боздошт шуд, мумкин аст, аз 7 то 15 сол зиндонӣ гардад. Бино ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, нисбати Бектавон бо моддаи "Берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ дар вазъияти ҷангӣ" парванда боз шудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон пештар гуфта буд, ки неруҳои мусаллаҳ ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январ "ба далели нобоварӣ ва беамалии роҳбарон натавонистанд, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо ба дурустӣ анҷом диҳанд". Читать дальше...

Дар Узбекистон бо пешниҳоди президент мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд

Ozodi.org 

Ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократии Узбекисистон дар Палатаи қонунгузории Шӯрои олии он кишвар пешниҳод кард, ки ҷараёни воридсозии тағйирот ба Конститутсия шуруъ шавад. Ин масъала дар ҷаласаи рӯзи 16 майи Шӯро баррасӣ гардид. Дар ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократӣ аз пешниҳоди президенти Узбекистон ёдовар шуданд, ки "дар Рӯзи Конститутсия аз зарурати ислоҳи Конститутсия" гуфта буд. Дар изҳороти расмии ҳизби мазкур омадааст, баъди ислоҳот дар Узбекистон зарурати воридсозии тағйирот ба Қонуни асосӣ пайдо шудааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина отреагировала на высказывания Винер о россиянах






У стихийного мемориала у «Крокуса» началась панихида

«Развлекает гостей»: Московский зоопарк показал «рабочие» дни панды Катюши

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о вовлечении индустриальных компаний в процесс подготовки кадров

Собянин: москвичи выберут лучший строительный проект прошлого года