ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 19.05.2022

Дар Душанбе монеи "Манқурт" шудаанд

Ozodi.org 

Намоиши "Манқурт" аз рӯйи асари Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов, ки бояд шоми 20-уми майи имсол дар Душанбе рӯйи саҳна меомад, боздошта шудааст.

Улфатхоним Мамадшоева ба даъват ба сарнагунии ҳокимият гумонбар шудааст. Холбаш Холбашов куҷост?

Ozodi.org 

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ба зидди Улфатхонум Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳокимият” парванда боз шудааст.

ВКД гуфт, дар Рӯшон 114 кас дастгир шуданд

Ozodi.org 

Сокинони Бадахшон мегӯянд, амалиёт дар Рӯшон барои саркӯби тазоҳуроти мардуми оддӣ буд, ки ба нишони эътироз аз амалкардҳои мақомот дар шаҳри Хоруғ шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро бастанд. Ин роҳ Тоҷикистонро ба Чин васл мекунад.

Қазоқистону Чин ба зидди қочоқи маводи ҳастаӣ якҷоя мубориза мебаранд

Ozodi.org 

Сенати порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 19-уми май созишнома байни ҳукумати ин кишвар ва ҳукумати Чинро дар бораи пешгирӣ аз интиқоли маводи ҳастаӣ ва партовҳои радиоактивӣ ба тасвиб расонд.

Баъди эътирозҳои маргбор, вазъи Бадахшон "нисбатан ором" будааст

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 19 май гуфт, дар ҷараёни амалиёти ба қавли мақомот "зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рӯшон 114 нафарро дастгир кардаанд. Сокинони Бадахшон мегӯянд, амалиёт дар Рӯшон барои саркӯби тазоҳуроти мардуми оддӣ буд.



Пирӯзии панҷуми "Хатлон" ва аввалин ғалабаи "Истиқлол" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022

Ozodi.org 

Рӯзи 18-уми май чаҳор бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар - дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 57-ум ба бохтариҳо се имтиёз овард. «Хатлон» аз ҳама бештар – дар 5 бозӣ пирӯз шудааст. “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов... Читать дальше...

Оқохон гуфт, аз такрори нооромиҳо дар Бадахшон "сахт нигарон аст"

Ozodi.org 

Оқохон (Оғохон)-и чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гуфтааст, аз такрори нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "сахт нигарон аст". Ӯ рӯзи 18-уми май дар паёме аз пайравонаш дар вилоят хост, "ихтилофҳоро бо муколама ва дар рӯҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд."

Нома аз Фаронса: "Магар талаби адолат дар Помир гуноҳ аст?"

Ozodi.org 

Фикр мекунам, на танҳо дар инҷо, балки дар ҳар кишвари демократию ҳуқуқбунёд ва ҳар ҷое, ки озодии андешаву баён аз тарафи қонуни асосии он кишвар кафолат дода шудааст, баргузории тазоҳурот амре маъмулист.

Медали нуқраи муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Алмато

Ozodi.org 

Муҳаммад Аброриддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.  Муштзани тоҷик, ки дар рақобатҳо дар вазни беш аз 92 кило ба финал роҳ ёфт, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари қазоқ Дамир Тойбай мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.   Ба иттилои сомонаи sports.kz дар ин мусобиқа беш аз 180 варзишгар аз ҳамаи манотиқи Қазоқистон... Читать дальше...

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи Узбекистон шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 18-уми май дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри    ушанбе ҷараён дорад, аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дар бозии дигари даври чаҳоруми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Эрон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд. Читать дальше...

Human Rights Watch ба эҳтироми ҳуқуқи сокинони ВМКБ даъват кард

Ozodi.org 

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри як баёния аз воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ибрози нигаронӣ карда, аз мақомот хостааст, иллати хушунат дар эътирозҳои ахирро баррасӣ кунад ва масъулони онро мавриди бозхост қарор диҳад.

Дар мактабҳои Узбекистон пулҷамъкунӣ барои "Занги охир"-ро манъ карданд

Ozodi.org 

Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб - "Занги охир"-ро таҳия кардааст. Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд. "Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад. "Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст"... Читать дальше...

Дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебанданд

Ozodi.org 

Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 111 муассисаи хусусии тиббӣ дар ин кишвар баста мешавад. "Ин муассисаҳо ба талаботи тиббӣ ҷавобгӯ нестанд", -мегӯянд мақомот. Моҳи апрели соли ҷорӣ комисияи вижаи вазорати тандурустӣ фаъолияти 730 муассисаи хусусии тиббиро санҷид. Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки фаъолияти 111 муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба илова, ба 148 муассисаи дигар, ки ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуданд, барои ислоҳ муҳлат дода шуд. Ҳамзамон вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод... Читать дальше...

Барои надодани алимент Нозия шавҳарашро ҷазо дод

Ozodi.org 

Нозияи 32-сола, сокини вилояти Хатлон пас аз талоқ бо ҳамсараш бо се фарзанди ноболиғ дар хонаи иҷора дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки додгоҳ ба пардохти алименти фарзандонаш ҳукм содир кардааст, аз соли 2018 ба ин сӯ ҳамсари собиқаш ин қарорро иҷро намекунад. Ниҳоят додгоҳ қарор кард, ки шавҳари собиқи Нозия барои ин қонуншиканӣ ба шаш моҳи зиндон маҳкум шавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Россиянка Хромачёва вышла в финал турнира WTA в Руане в парном разряде






Вторая река Москвы – обзор новостроек вдоль Яузы

Межрегиональный творческий фестиваль «Русское поле» пройдёт 30–31 августа в Коломенском

Президент Раиси пригрозил уничтожением Израиля в ответ на атаку Ирана

ФСИН начала проверку после жалоб осужденных на пытки в ИК №6 "Черный дельфин"