Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 21.05.2022

Модараш гуфт, Сайфиддинро дар боздоштгоҳ дида наметавонад. Додситонӣ иҷоза дод, ШКД – на. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.

Гулгашти Кӯлоб ба алафзор табдил шудааст

Ozodi.org 

Сокинони Кӯлоб аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбати боғу гулгаштҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷойи гулҳоро алаф гирифтаст. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, то ҳадди имкон гулгаштҳоро нигоҳубин мекунанд.

Рӯшон баъди "амалиёт". "Оромии нисбӣ ҳаст, нигаронӣ ва гаронӣ ҳам"

Ozodi.org 

Аз "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ду рӯз гузашт. Намояндагони мақомот тавассути телевизиони "Бадахшон" аз оромӣ дар ноҳия ва бозгашти мардум ба зиндагии одӣ хабар доданд. Ба сабаби набудани интернет ва тамос бо телефон, тасвири вазъи воқеӣ номумкин аст.

"Сурхакони маймун". Тасдиқи гирифторӣ ба як вируси "нав" дар чанд кишвари ҷаҳон

Ozodi.org 

Табибон дар Аврупо ва Амрико мавридҳои гирифторӣ ба як вируси нодир ба номи "сурхакони маймун"-ро, ки дар Африқо бештар паҳн шудааст, тасдиқ карданд. Таби баланду дард, варами дасту пой ва обилаи рӯйи бадан аз нишонаҳои гирифторӣ ба ин навъи вирус гуфта мешавад.

Эътирозҳо дар Амрикову Берлин бо нигаронӣ аз вазъи ВМКБ

Ozodi.org 

Рӯзи 19-уми май ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз сарнавишти пайвандонашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар ташвишанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоишта ташкил карданд.



CPJ аз Радиои Озодӣ, "Настояшее Время" ва "Азия-Плюс" ҳимоят кард

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время"-ро дар Душанбе одилона таҳқиқ кунанд.

Вакилон ҳукми Чоршанбе Чоршанбиевро "беасос" номиданд, додрас шарҳ надод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта, ҳукми додгоҳро нисбати ӯ "беасос" номида, бозбинияшро хостаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 13 майи имсол Чоршанбиевро бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард.

Қаҳрамонии CAFA-2022: Эрон ғолиб, Тоҷикистон сеюм шуд

Ozodi.org 

Тими мунтахаби наврасони Эрон (U-16), ки дар даври охирини қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола рӯзи 20-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи мизбон - Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқа гардид.

"Аввал санҷиш, баъд намоиш". Вазорат гуфт, чаро монеи "Манқурт" дар Душанбе шуд

Ozodi.org 

Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, вале боздошта шуд.

Узбекистон сармояҳои русиро бо чинӣ иваз карданист

Ozodi.org 

Узбекистон дар ҳоле ки шарики асосии тиҷориаш - Русия таҳти таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст, талош дорад, ҳамкориҳои стратегиро бо Чин ба хотири ҳалли як қатор масъалаҳои иқтисодӣ тақвият бахшад.

Ба зидди се узви ҳукумати пешини Қирғизистон парванда кушодаанд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Қирғизистон дар доираи парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 ба зидди се узви ҳукумати муваққати пешини он кишвар - Кенешбек Дуйшебоев, Исмоил Исҳоқов ва Бектур Асанов айб эълон кардааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Василий Небензя - постпреду США в ООН: Не просветите ли, кто осуществил ядерную бомбардировку Японии

За фиктивную регистрацию 1,5 тысячи мигрантов задержаны 14 человек

Песчаная буря из Китая и КНДР накрыла Владивосток

Вильфанд объяснил, в каких регионах возможен снег на майских праздниках