ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 03.10.2022

Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ноҳияи наздик ба Тоҷикистонро аз Толибон гирифтааст

Ozodi.org 

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ рӯзи 3-юми октябр дар Твиттер навишт, "шаҳристони Шикайи вилояти Бадахшон фатҳ шуд. Вулусвол ва даҳ тани дигар аз муздурони Толибони ишғолгар ба асорати нерӯҳои Ҷабҳа даромаданд."

"Худаш афсурда, нохунҳояш сиёҳ шудаанд." Пирмуҳаммадзода иттиҳоми ифротгароиро "пазируфтааст"

Ozodi.org 

Як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, "сахт шиканҷа шуда", зери фишори равонӣ иттиҳоми ифротгароиро пазируфтааст. Манбаъ "афсурдагӣ ва дасту нохунҳои сиёҳшуда"-и ӯро намуна овард.

Вакили мудофеъ хостааст, Абдуллоҳ Ғурбатиро озод кунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе эълони ҳукми журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки бояд рӯзи 3-юми октябр содир мекард, ба таъхир гузошт. Мақомот хабарнигорро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ айбдор мекунанд, вале худи ӯ гумонҳоро беасос медонад.

Вакили мудофеъ озодии Абдуллоҳ Ғурбатиро хостааст

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе эълони ҳукми журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки бояд рӯзи 3-юми октябр содир мекард, ба таъхир гузошт. Мақомот хабарнигорро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ айбдор мекунанд, вале худи ӯ гумонҳоро беасос медонад.



Баҳора Ҳидоятро дар Эрон дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Бино ба хабари Би-би-сӣ, Баҳора Ҳидоят, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсонро рӯзи 3-юми октябр дар Эрон боздошт кардаанд. Ӯ собиқ зиндонии сиёсист. То кунун чанд дафъа дастгир ва ҳабс шудааст.

Барандагони ҷоизаҳои Мавзуна Чориева маълум шуданд

Ozodi.org 

Аз 27-уми сентябр то 2-юми октябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаҳои Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, баргузор шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола, ки аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 12 вазн миёни занон сурат гирифт, варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, инчунин аз Узбекистон ширкат карданд. Дар рақобатҳо миёни мардон дар шаш вазн варзишгарони дастаи Хатлон-2, дар чор вазн муштзанҳои Душанбе... Читать дальше...

Қирғизистон 160 хонаи зарардидаро дар марз бо Тоҷикистон вайрон кардааст

Ozodi.org 

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар додааст, ки дар вилояти Бодканди ин кишвар барқарорсозии хонаҳои осебдидаи сокинон дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон идома дорад.

Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола баргузор мешавад

Ozodi.org 

Аз 5-ум то 9-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Афғонистон, Муғулистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо тими наврасони Муғулистон (U-17) рӯзи чоршанбе, 5-уми октябр, баргузор мекунад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи наврасони Ҷоми Осиё-2023, ки аз... Читать дальше...

Ду имтиёзи дигар ба "Мармарӣ". Сирри саховати ҳукумат ба ин ширкат дар чист?

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азими чорво ва парандапарвариро дар ҷануби Тоҷикистон, барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Қарор таҳти рақами 442 содир шудааст.

Ҳамаи дастаҳои иштироккунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт, ки бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ доир гардид, ҳамаи ҳашт тими иштироккунандаи даври чорякниҳоӣ муайян шуданд. Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба чорякфинал роҳ ёфтанд: Тайланд, Кувайт (гурӯҳи “А”), Узбекистон, Тоҷикистон (гурӯҳи “В”), Эрон, Индонезия (гурӯҳи “С”), Ҷопон, Ветнам (гурӯҳи “D”). Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “В” мақоми дувумро касб кард, дар... Читать дальше...

Вазири боздоштшудаи Қирғизистон $37,5 ҳазори "пора"-ро баргардонидааст

Ozodi.org 

Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти парвандаи вазири маориф ва илми он кишвар Алмосбек Бейшеналиевро шарҳ доданд. Вазир бо гумони порагирӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст. Рӯзи 30-юми сентябр вай бо қарори додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ба иттилои тафтишот, Бейшеналиев барои шомил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои Қирғизистон пора гирифтааст. Вазорати корҳои дохилии он кишвар гуфт, вазир қисми аввали пораро рӯзи 28 август дарёфт кардааст. Бори дувум рӯзи 28 сентябр... Читать дальше...

Ҳизби мухолифи Қазоқистон бо номзади худ дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад

Ozodi.org 

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад, дар анҷумани рӯзи 1-уми октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард. Нурлан Ауесбоев 65 сол дорад. Вай зодаи ҷануби Қазоқистон аст ва маълумоти ҳуқуқшиносиву иқтисодшиносӣ дорад. То ин замон Ауесбоев ба фаъолиятҳои оммавӣ машғул набудааст ва дар мавриди вазъи иқтисодиву сиёсии кишвараш изҳоре ҳам надодааст. Ауесбоев дувумин номзад дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Қазоқистон аст. Читать дальше...

Сафорати Қирғизистон дар Русия басеҷсозии муҳоҷирони қирғизро рад кард

Ozodi.org 

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабарҳо дар бораи басеҷи низомии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия шарҳ дод. Сафорати Қирғизистон санадеро дурӯғин унвон кард, ки дар он омадааст, вазорати корҳои дохилии Русия шуруъ аз 1 октябр бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои басеҷи низомӣ даъват кунад. Дар санаде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, дар сурати саркашӣ ҳаққи кори муҳоҷирон бекор ва онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд. "Ин иттилоъ воқеият надорад. Сафорат дубора аз қирғизистониҳо даъват мекунад... Читать дальше...

Узбекистон ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш кард

Ozodi.org 

Дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 30-юми сентябр ба фирори русиягиҳо аз басиҷи низомӣ вокуниш карданд. "Нисбат ба афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз басиҷи низомӣ фирор ва ба Узбекистон меоянд, хабар медиҳем, ки ҳузури онҳоро дар кишвари мо, аз ҷумла истирдоди эҳтимолиашонро қонунгузорӣ, созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба танзим мекунад", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон. Ин вазорат илова кардааст, шаҳрвандони хориҷӣ, то замоне, ки қонуншиканӣ накардаанд, иҷборан ихроҷ намешаванд. Читать дальше...

Дар Фарғонаи Узбекистон рӯзноманигор Азиз Юсупов боздошт шуд

Ozodi.org 

Эътилоф оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва чаҳор созмони дигар боздошти рӯзноманигори узбекистонӣ Азиз Юсуповро маҳкум карданд. Дар изҳороти созмонҳо омадааст, ки Азиз Юсупов ҳам ҳомии ҳуқуқ, ҳам рӯзноманигори мустақил ва ҳам маҳбуси пешини сиёсист. "Ҳабси Азиз Юсупов ваъдаҳои ҳукумати Узбекистонро барои ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон зери шубҳа мегузорад", - гуфт Бриҷит Дюфур, мудири созмони байналхалқии "Ҳамкории байналхалқӣ барои ҳуқуқи инсон". Юсуповро рӯзи 25 сентябр боздошт шуд. Читать дальше...

"Чистона биёвен", "Роиш кн"... Блогерони тоҷик дар Инстаграму ТикТок ба чӣ машғуланд?

Ozodi.org 

Бидуни шак, блогерӣ имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ривоҷ ёфта, соҳаи ба қавле “машҳур” аст. Ба он бештар ҷавонон мегароянд. Фазои Инстаграм, ТикТок ва Ютуби “тоҷикӣ” пур аз саҳифаҳои блогеру пранкер ва вайнерҳо аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Медведев остался лучшим среди россиян в обновлённом рейтинге ATP, Рублёв — восьмой






Собутыльник пытался убить знакомого в магазине на юге Москвы

Единороссы Воскресенска организовали для учеников Гимназии № 1 эковикторину

Кто навредил торговым отношениям России и Китая

Почти 130 новых локомотивов закупили РЖД в I квартале 2024 года