ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2022

Новости за 04.10.2022

Падари сарбози кушташуда: "Ҳар рӯз дард зиёд мешавад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Абдурақиб Раҳмонов, имомхатиби ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, дар муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон писарашро аз даст дод. Абдулвафои 23-сола марзбон буд. Ба гуфтаи падар, ӯ ва даҳҳо ҳамроҳаш бар асари ҳамлаи бесарнишини “Байрақдор” (Байрактар) кушта ва захмӣ шудаанд.

"Ҳар рӯз дардам зиёдтар мешавад"

Ozodi.org 

Дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Радиои Озодӣ омори талафот дар Тоҷикистонро ҷамъ овард, ки нишон медиҳад, бештар аз 70 нафар дар ин низоъ ҷон додаанд.

Хоманаӣ хориҷиёнро ба ташкили тазоҳурот дар Эрон муттаҳам кард

Ozodi.org 

Тазоҳурот дар Эрон моҳи гузашта ва баъди он сар зад, ки маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминии 22-соларо барои, ба гуфтаи онҳо, бадҳиҷобӣ дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд.

Абдуллоҳ Ғурбатиро 7.5 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситон ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад.



Green Card. Шарҳи консули Амрико дар бораи чанд тағйирот. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кӣ ва чӣ гуна соҳиби корти сабз (Green Card)-и Амрико хоҳад шуд? Доштани шиносномаи хориҷӣ зарур нест, пас, чӣ санад муҳим аст? Оё аризаро худи шаҳрвандон пур кунанд ё ширкатҳои миёнрав? Консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Тодд Ҳюз, ба ин ва суолҳои дигар посух гуфт.

Шарҳи консули Амрико дар бораи "Green Card"

Ozodi.org 

Кӣ ва чӣ гуна соҳиби корти сабз (Green Card)-и Амрико хоҳад шуд? Доштани шиносномаи хориҷӣ зарур нест, пас, чӣ санад муҳим аст? Оё аризаро худи шаҳрвандон пур кунанд ё ширкатҳои миёнрав? Консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Тодд Ҳюз, ба ин ва суолҳои дигар посух дод.

Дар Қирғизистон қонуни басеҷ ва додани аслиҳа ба сокинони наздимарзӣ баҳс шуд

Ozodi.org 

Аъзои Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, “дар ҳолатҳои фавқулода” ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

"Онҳоро шиканҷа ва мурофиаро дар даҳ дақиқа ҷамъбаст мекунанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава аз фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон дар Тоҷикистон гуфтанд. Баъзе аз рӯзноманигорон аз мушкилу фишорҳое қисса карданд, ки ба сари онҳо ва хонаводаашон омадааст. Намояндагони мақомот дар нишаст набуданд.

Дар Варшава аз мушкили хабарнигорони тоҷик гуфтанд

Ozodi.org 

Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава аз фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон дар Тоҷикистон гуфтанд. Баъзе аз рӯзноманигорон аз мушкилу фишорҳое қисса карданд, ки ба сари онҳо ва хонаводаашон омадааст. Намояндагони мақомот дар нишаст набуданд.

Идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси бистрӯза, ки ба иштироки тими миллии кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд бастагӣ дошт, бо бозиҳои даври шонздаҳум аз сар гирифта шуд. Дар ду бозии даври шонздаҳум мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд, ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Аввалин бозии даври шонздаҳум, ки 30-юми сентябр миёни дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Читать дальше...

Дар эътирозҳои Эрон на камтар аз 133 кас кушта шудааст

Ozodi.org 

Дар эътирозҳои давомдори Эрон дасти кам 133 кас кушта шудааст. Бештар аз 40 тани онҳо дар шаҳри Зоҳидон кушта шудаанд. Пулиси Зоҳидон сӯи эътирозгароне оташ кушод, ки баъди "таҷовузи духтари 15-сола аз сӯи сардори пулис" ба кӯча баромада буданд. Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи Iran Human Rights хабар медиҳад. Бино ба хабари Би-би-сӣ, Баҳора Ҳидоят, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсонро рӯзи 3-юми октябр дар Эрон боздошт кардаанд. Ӯ зиндонии пешини сиёсист. То кунун чанд дафъа дастгир ва ҳабс шудааст. Читать дальше...

Боздошти як корманди пулиси Узбекистон баъди таҳқири модарони узбекистониҳо

Ozodi.org 

Аббос Сулаймонов, як корманди пешини пулиси Узбекистон рӯзи 2-юми октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Вай дар "Майдаавбошӣ" айбдор мешавад. Пештар аз ин садои гуфтугӯи Сулаймонов бо зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Сулаймонов "модарони ҳамаи узбекистониҳо, аз ҷумла модарони сокинони Оққурғон"-и он кишварро дашном медиҳад. Баъди нашри ин садо ҳудуди 50 тан аз сокинони ноҳияи Оққурғони ноҳия Узбекистон ба идораи пулис омада, муҷозоти Сулаймоновро талаб карданд. Мақомоти пулиси Узбекистон хабар доданд... Читать дальше...

Як сокини Бишкек барои навиштае дар "Твиттер" зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сокини маҳаллӣ В.Е.-ро барои нашри матлабе дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" як сол зиндонӣ кардааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳ хабар додааст, ки маҳкумшуда моҳи апрели имсол дар ҳолати мастӣ навиштаеро нашр кардааст, ки дар он "мардуми қирғиз" таҳқир мешаванд. Зани гумонбар дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додрас дархост кардааст, ки ӯро аз озодӣ маҳрум накунад. Вале додрас сарфи назар аз изҳори пушаймонии айбдоршаванда вайро аз озодӣ маҳрум кардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде






Солнечная энергия Орловщины все еще в «стадии реализации»

Один из учредителей компании «Олимпситистрой» дал показания против Иванова

«В России игр нет»: вышел иностранный документальный фильм о Валиевой и «Самбо-70»

В Красноярске спустя 20 лет раскрыли убийство беременной женщины