ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 02.02.2023

Ахбори Озодӣ аз 2-юми феврали соли 2023

Ozodi.org 

Ваколатдор мегӯяд, аз ҳоли журналистони зиндонӣ огаҳ хоҳад шуд; додситони минтақаи Кӯлоб таҳқиқи марги Абдуқаҳҳор Розиқовро шарҳ дод; вазири маориф аз додани посух ба суолҳои хабарнигорон худдорӣ кард ва матолиби дигар.

Русия ба 342 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиноснома ва санади иқомат додааст

Ozodi.org 

Русия дар соли гузашта ба беш аз 173 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиноснома; ба 121 ҳазор нафар иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ва ба 48 ҳазор кас иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) додааст. Ин шумора ба зиёда аз се дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст.



Дар Тоҷикистон дар якуним сол 200 миллион долларро қонунӣ кардаанд

Ozodi.org 

Сокинони Тоҷикистон дар тӯли камтар аз якуним сол бештар аз 200 миллион долларро қонунӣ кардаанд. Ин кор пас аз қабули як санади пурсарусадо дар бораи қонунӣ кардани пулу сарвати пинҳонӣ сурат гирифт.

Вазири маориф ба суоли хабарнигорон посух надод

Ozodi.org 

Вазири маорифи Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон посухи мушаххас надод. Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 2-юми феврал гузашт, аз Раҳим Саидзода дар бораи тағйири китобҳои дарсӣ, рафтани омӯзгорон, таъсири қонуни артиш ба мактабҳои олӣ ва мушкилоти дигар пурсиданд.

"Хешу табор даромаданд, ҷасадро диданду тарсиданд"

Ozodi.org 

Додситони минтақаи Кӯлоб марги пурсарусадои Абдуқаҳҳор Розиқовро баъди боздошт шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шарҳ дод. Баҳодур Ҷӯрахон 1-уми феврал гуфт, дар пайванд ба ҳодиса, дар ки аввали моҳи январи имсол боис ба эътирози даҳҳо нафар шуд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” муттаҳаманд.

Шайх Салмон дигарбора президенти AFC интихоб шуд

Ozodi.org 

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 57-сола аз Баҳрайн дигарбора президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) интихоб шуд ва ба муддати чаҳор сол дар ин мақоми худ боқӣ хоҳад монд. Ӯ дар Конгресси 33-юми Конфедератсиони футболи Осиё, ки 1-уми феврал дар пойтахти Баҳрайн - шаҳри Манама баргузор шуд, дигарбора раҳбари AFC интихоб гардид. Инчунин ӯ ноиби президенти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз қораи Осиё шуд. "Мехоҳам аз ҳамаи шумо, ки барои чаҳор соли дигар ба ман бовар кардед, ташаккур гӯям. Читать дальше...

Қазоқистон интиқоли нафт ба Олмонро оғоз мекунад

Ozodi.org 

Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков гуфт, кишвараш дар нимаи аввали моҳи феврал ба Олмон бори нахуст дар ҳаҷми 20 ҳазор тонна нафт интиқол хоҳад дод. Ӯ пештар гуфта буд, ки интиқоли нафти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон ба Олмон оғоз мешавад. "Мо мехостем, ки то охири моҳи январи имсол интиқол диҳем, аммо мутаассифона, камбудиҳои техникӣ вуҷуд доштанд", - изҳор дошт вазири энержии Қазоқистон. Вай афзуд, ки "ҳамаи мушкилот рафъ шудааст" ва нафти Қазоқистон нимаи аввали моҳи феврали имсол ба Олмон интиқол дода хоҳад шуд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Виктория Азаренко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Майами






Девятого фигуранта дела о «Крокусе» привезли в суд

Красивый бизнес: как выйти на премиум аудиторию fashion-индустрии

Суд закрыл заседание по вопросу ареста 9-го фигуранта дела о теракте в "Крокусе"

Промоутер Гаджиев считает, что МОК не может запретить участие в Играх дружбы