Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

Дидори сафири Тоҷикистон бо мақомоти Толибон дар Кунар

0

Толибон хабар доданд, ки сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ба Кунар сафар карда, бо волии ҳукумати Толибон мулоқот кардааст.

Телевизиони “Афғонистон интернешинал” навишт, ки сафир рӯзи 14-уми сентябр кумаки Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаро расондааст.

Рӯзи 15 сентябр ВКХ Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки сафир Саъдӣ Шарифӣ ҳайати дипломатҳои тоҷикро намояндагӣ кардааст.

Ба навиштаи "Афғонистон интернешинал", дипомати тоҷик аз номи президенти Тоҷикистон паёми таслият расонда, гуфтааст, ки кишвараш ба осебдидагони заминларза кумаки изофӣ хоҳад расонд.

Матбуоти расмӣ дар Тоҷикистон ин хабарро нашр накардааст.

Зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, Кунар, Нангарҳор ва Лағмон наздик ба ду ҳазор нафарро кушта ва ҳазорон нафарро маҷрӯҳу бехона кард.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ба осебдидагони ин заминларза дар сад мошини боркаш маводи озуқа фиристодаанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса