Кишоварзон дар минтақаи Кӯлоб бахше аз пахта ё пунбаи ҷамъовардаи худро, ки ихтиёрӣ ва ё бо дастури мақомот кошта буданд, ҳанӯз ба фурӯш набаровардаанд. Ин рақам дар ҳоли ҳозир ба беш аз ҳабдаҳ ҳазор тонна мерасад. Деҳқонҳо нархи поини пахтаро далел оварданд.