Добавить новость
ru24.net
World News
Февраль
2018

Русия аз бомбаборони пурқурбонӣ дар Сурия пуштибонӣ кард

0
Маскав аз бомбаборони ҳавопаймоҳои Сурия ва Русия дар канораҳои Димишқ, ки ба гуфтаи нозирони мустақил дар ду рӯз дастикам 250 сокини мулкиро кушта ба ҷой гузошт, пуштибонӣ кард.


Рӯзи 20 феврал дар пасманзари нороҳатӣ ва нигаронии шадиди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои Ғарбӣ аз ҳамлаи ахир, ки даҳҳо кӯдакро қурбон кард, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла тавҷеҳ дорад. "Ҳеҷ монеа наметавонад ҷанг бо террооризмро маҳдуд кунад",- гуфт Лавров дар Маскав.


Созмони Милали Муттаҳид, Ийолоти Муттаҳида, кишварҳои Аврупо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамлаи густардаи нерӯҳои ҳавоии Русияву Сурия ва хисороти зиёди ҷонии аҳолии мулкӣ дар ду шабонарӯзи гузаштаро маҳкум карданд. 



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса