Добавить новость
ru24.net
World News
Февраль
2018

Маъвизагӯи телевизионӣ дар синни 99-солагӣ даргузашт

0
Билли Грэм маъвизагӯи машҳури телевизионӣ, ки мушовири бисёр сиёсатмадорон ва раисони ҷумҳури Амрико буд, рӯзи 21 феврал дар синни 99-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора намояндаи расмии Грэм хабар дод.


Билли Грэм, ки аз ҷаззобияти хосе бархурдор буд, миллионҳо мухлис дошт ва аз чеҳраҳои бисёр бонуфӯз ба шумор меомад. Ӯ ҳангоми маъвизахонӣ рӯи саҳна ҳаракат мекард, китоби Инҷилро баланд мебардошт ва Исои Масеҳро ҳалли мушкили исноният меномид. Ҳамчун мавизагӯи инҷилӣ, Грэм эҳтимол бузургтарин теъдоди шунавандагонро дар ихтиёр дошт, ки шуморашон ба миллионҳо мерасид. 


Бисёр президентҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико - аз Ҳарри Труман то Барак Обама аз Билли Грэм машварат мегирифтанд.  Дар сериали "Тоҷ" (шарҳи ҳоли малика Елизавета), ки ахиран рӯи пардаи синамо омад, Грэм ҳамчун раҳнамои маънавии шоҳи ҷавони Британия муаррифӣ шудааст.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса