Ҷанҷоли "Новичок" раҳбари пажуҳишгоҳи Чехияро ба истеъфо фиристод
Вазир барои хизматҳои чандинсолааш ба Шафарж изҳори сипос кард, аммо нагуфт, ки чаро ӯро аз мақом сабукдӯш карданд. Богуслав Шафарж фаъолияташро ҳамчун корманди маъмулии пажуҳишгоҳ идома медиҳад.
Авоили моҳи май президенти Чехия Милош Земан гуфт, ки маводи А-230-и класси "Новичок" дар Чехия истеҳсол мешуд. Ҳукумати Чехия ва хадамоти махсуси ин кишвар баъдан ин хабарро рад карданд.
Заҳри А-230 дар пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии Вазорати дифоъ дар шаҳри Брно ба миқдори хеле кам мавриди озмоиш буд, аммо дафъатан нест карда мешуд. Имкони аз кишвар берун рафтани ин мавод "ба сифр баробар аст", гуфт Вазорати дифои Чехия.
4 март ба ҷони корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия суиқасд сурат гирифт. Лондон мегӯяд, падару духтарро бо "Новичок" заҳролуд карданд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол мешуд. Маскав даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад.
