Хадамоти оташнишонӣ дари 9 боғчаву кӯдакистони Душанберо муҳр зад
Хадамоти давлатии оташнишонӣ мегуянд, ки масъулини ин кудакистонҳо «дидаву дониста мунтазам талаботи меъёру қоидаҳои бехатариро риоя намекарданд». Дар пайи рейдҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ 42 мудир ва масъулони боғчаву кӯдакистонҳои пойтахт ба маблағи наздик ба 37 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Ҳоло дар Душанбе беш аз 30 дарсади атфол ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳудуди пойтахт 125 кӯдакистони давлатӣ ва хусусӣ вуҷуд дорад.
