Кудрин раиси Палатаи ҳисоби Русия шуд
Рӯз 14 май Кудрин ба хабарнигорон гуфт, ки пешниҳоди ҳизби “Русияи воҳид”-ро қабул кард. Ӯ гуфт, ки як ҳадафаш дар мақоми нав мубориза бо коррупсия аст. Баъди солҳо дур шудан аз Путин, вазифаи нав Кудринро ба президент аз назари вазифаи давлатӣ наздиктар мекунад.
Дар солҳои аввали президентии Путин дар солҳои 2000 то 2008 Кудрин дар вазифаи вазири молия барои ба эътидол овардани бахши молия ва ҷалби сармояҳои бештар хеле мусоидат кардааст. Соли 2011 ба мақоми нахуствазири Медведев нишаст ва дар ҳамон давра муносибати нахуствазир ва вазири молия бад шуд. Бо ин ки Кудрин ба бисёр чизҳо назари интиқодӣ дорад, ӯро яке аз шахсони наздик ва ҳамфикри Путин меноманд.
