Шӯрои амнияти Қазоқистон: "Раҳбарии якумрии Назарбоев конститутсионӣ аст"
Шӯро мегӯяд, лоиҳаи қонунро баъд аз муроҷиати президенти Қазоқистон баррасӣ кард. Назарбоев хостааст, бисанҷанд, ки тағйироти воридкардаи порлумони Қазоқистон ба қонунгузорӣ мутобиқи Конститутсия ҳаст, ё не.
Сенати порлумони Қазоқистон 31 майи соли равон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро қабул карда буд. Бар пояи онҳо, мақоми Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ тағйир ёфт.
Ин қонун ба Назарбоев ҳамчун президенти нахустин ва соҳиби унвони “Пешвои миллат” иҷозат медиҳад, ки раиси якумрии Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон бошад ва ҳамчунин бар пояи он, президенти нави ин кишвар дар назди раиси шӯро ҳисоботдиҳанда хоҳад буд.
