Добавить новость
ru24.net
World News
Июнь
2018

Остона аз Маскав истирдоди тоҷир Ертаевро талаб дорад

0
Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки ҳаққи истиқомати тоҷири қазоқ Жомарт Ертаев дар Русия бекор шуд.


Қазоқистон талош дорад, Ертаевро ба кишвар истирдод кунанд. Ӯ дар ватанаш Қазоқистон дар дуздии миллионҳо доллари Bank RBK гумонбар мешавад.


Додгоҳи ноҳияи Преснени шаҳри Москва рӯзи 14 июн ҳабси хонагии Ертаевро бо дархости Додситонии кулли Қазоқистон то 8 ноябр тамдид кард. Додситонӣ хабар медиҳад, ки дар Қазоқистон барои истирдоди ӯ "чораҷӯиҳо" идома дорад.


Жомарт Ертаеви 45-сола ибтидои моҳи май аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуд. Қазоқистон Ертаевро расман ба "қаллобӣ" гунаҳкор мекунад. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Ертаев замони фаъолият ҳамчун мушовири раиси шӯрои мудирони Bank RBK, бо роҳи қаллобӣ бештар аз 80 миллион долларро ба яғмо бурдааст.


Аммо Жомарт Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар Bank RBK кор накардааст. Нашрияи "Коммерсант"-и Русия аз қавли Жомарт Ертаев навишт, ки таъқиби вай ангезаи сиёсӣ дорад.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса