Добавить новость
ru24.net
World News
Июль
2018

Трамп сафари Британияро бо танқиди сиёсати нахуствазир Мэй оғоз кард

0
Рӯзи панҷшанбе, чанд соат баъди вурудаш ба Британия ва пазироӣ  дар як маросими бошукӯҳ, президенти ИМА Доналд Трамп ба нашриячи The Sun сӯҳбат анҷом дод ва сиёсати нахуствазири ин кишвар Трезе Мэй, оиди шеваи берун шудани Британия аз Иттиҳоди Аврпуоро танқид кард.


Трамп гуфт, ки дар робита ба шеваи музокироти Брекзит, Мэй ба машварати ӯ гӯш надод. 


Ба гуфтаи президенти Амрико роҳе, ки Тереза Мэй интихоб кардааст, ҳифзи робитаҳои густарда бо Иттиҳоди Аврупо аст, ки ба равобити тиҷоратии Амрико бо Британия таъсири манфӣ мегузорад. Манзури Трамп баҳсҳои тиҷоратии ИМА бо Иттиҳоди Аврупо аст, ки Британия наметавонад аз он эмин бимонад, агар ҳузури фаъолонаашро дар Иттиҳоди Аврупо  ҳифз кунад. 


Трамп ҳамчунин ба фаъолияти Содиқ Хон, фарзанди паноҳандаи Покистон, ки ҳоло шарҳдори Лондон аст, баҳои манфӣ дод ва гуфт, ки Хон натавонист ба "таҳдидҳои теророристӣ" муқовимат кунад. "Лондон пештар ба ман писанд, буд аммо ҳоло ангезаи сафарро намебинад"- афзӯд Трамп.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса